Палав барои мардуми тоҷик ва ӯзбек хӯроки шоҳона ба ҳисоб меравад, аз ҳамин сабаб, вақте ба хона меҳмон меояд, ӯро бо ягон хӯроки дигар нею маҳз бо оши палав зиёфат медиҳанд. Албатта ҳар кас кӯшиш мекунад, ки мувофиқи тавони худ оши палав пазад, аммо барои ошпази ҳақиқӣ шудан, ҳунару истеъдоди асили ошпазӣ лозим аст.
Оши палавро дар манотиқи гуногуни кишварамон ба таври мухталиф тайёр мекунанд, масалан дар ҷануб ба палав сабзии сурх меандозанд, мардуми шимол бошанд, бештар аз сабзии зард истифода мебаранд. Ош намудҳои гуногун дошта, ҳар як инсон палави писандидаи худро дорад.
Яке ошиқи палави самарқандӣ бошад, дигарӣ оши панҷакентиро дӯст медорад, чашмони саввумӣ бошад, бо дидани оши 1х1 барқ мезананд, аммо имрӯз мо ба шумо дар бораи як марди ҳунарманде нақл мекунем, ки аз ӯҳдаи пухтани тамоми намудҳои ош мебарояд. Ин марди панҷ панҷааш ҳунар Аъзамҷон Шарипов ном дошта, дар шаҳри Истаравшан зиндагӣ мекунад ва ҳамчун ошпази моҳир ном баровардааст.
Ҳунари дастони бомазааш Аъзамҷон Шариповро натанҳо дар Истаравшан, балки дар дигар шаҳру навоҳии Вилояти Суғд низ машғур гардонидааст.
Барои чашидани лаззати беназири оши палави акои Аъзамҷон меҳмонон аз дуру наздик тез-тез ба ошхонаи “Дарвозаи боло”-и шаҳри Истаравшан меоянд. Мизоҷони сершумораш акои Аъзамҷонро дар тӯю маъракаҳо низ ба ошпазӣ мебаранд. Ин марди сар то по ҳунар чи тавр ошпази моҳир шуданашро ба мо чунин қисса кард:
-Ман 40 сол боз ба ошпазӣ машғулам. Аслан, инсон аз давраи кӯдакӣ ба ин ё он ҳунар шавқу завқ пайдо мекунад ва ман ҳам аз даврони бачагӣ ба пухтупаз ҳавас доштам. Писарбача бошам ҳам, доим ба модарам дар пухтани хӯрок ёрӣ медодам. Баъди ба воя расидан ҳам завқи ошпазӣ маро тарк накард, ҳарчанд, ки дар ин байн ҳунари нонпазиро ҳам аз худ карда будам. Боре ҳамроҳи рафиқонам ба Янгийери Ӯзбекистон коркунӣ рафтем.
Дар он ҷо ман нони истаравшанӣ мепухтам. Рафиқонам дар як ошхона кор мекарданд ва азбаски ниёз ба кӯмак доштанд, ман ба онҳо дар печондани манту ва тушбера гоҳ-гоҳ ёрӣ мерасондам. Чусту чолокӣ ва гирумонамро дида, раиси ошхона илтимос кард, ки дар ҳамон ошхона ошпаз шуда кор кунам. Ҳамин тавр аввалин маротиба дар ҳамон ҷо ба сифати ошпаз ба кор даромадам ва дар як муддати кӯтоҳ мизоҷони зиёде пайдо карда, ҳамчун ошпази хуб ва моҳир ном баровардам...
Тавре ки гуфтем, ошҳои болаззати Аъзамҷон Шарипов дар озмунҳои гуногуни шаҳрӣ сазовори баҳои баланд гаштаанд. Дар яке аз чунин озмунҳо, ки байни ошпазони моҳири маҳаллҳои мухталиф баргузор гаштаю дар он 22 ошпази номдор ширкат доштанд, оши пухтаи акои Аъзамҷон ҷойи аввалро сазовор гашт.
“Дар он озмун аз 22 маҳал ошпазҳои машҳур иштирок карда, ҳунару маҳорати ошпазии худро нишон доданд, вале оши пухтаи мо ҳам аз ҷиҳати зебоӣ ва ҳам болаззатӣ ҷойи якумро соҳиб гашт" - мегӯяд бо ифтихор акои Аъзамҷон.
Шайх Саъдӣ барҳақ фармудааст: “Ҳунарманд ҳар куҷое биравад, қадр бубинад ва дар садр нишинад! ” Ҳунари дастони болаззаташ замони аскарӣ низ акои Аъзамҷонро азизи дили ҳамхизматонаш гардонида буд.
“Вақте ки дар Ӯзбекистон кор мекардам, раиси ошхона мегуфт, ки ту бо ин ҳунарат ҳаргиз хору зор намешавӣ, агар ба хизмат равӣ ҳам, ошпазӣ карда мегардию кордат мудом болои равған мешавад, вале ростӣ ман ба суханони ӯ бовар намекардам. Вақте ки ба хизмати Модар-Ватан даъват намуда, ба шаҳри Хабаровски Русия бурданд, дарк кардам, ки дар ҳақиқат ҳунар ганҷи бебаҳо будааст. Пас аз чанд вақти хизмат карданамон сарошпаз, ки муддати адои хизматаш ба охир расида буд, ҷавоб шуд ва аз ӯҳдаи пухтупаз баромадани маро фаҳмида ба ҷойи ӯ сарошпаз монданд. Аслан барои аскарон таомҳои аврупоӣ мепазанд, вале ман гоҳ-гоҳ хӯрокҳои миллии тоҷикӣ низ мепухтам.
Рӯзе дар артиш 8 кило биринҷро ош пухтам. Дар он ҷо мисли дегҳои мо деги калон нест, вале илоҷе карда дар як зарфи чаҳоркунҷа палав пухтам. Ҳарчанд душвор буд, аммо бисёр оши болаззат баромад. Аскарон оши палави тоҷикиро чорлунҷа хӯрда, хеле таъриф карданд. Пас аз ин, доим хоҳиш мекарданд, ки боз аз ҳамон оши палав пазам ва бо супориши командирҳо тез-тез дасту остин барзада, оши палав мепухтам. Хурсанд будам, ки тавонистам як хӯроки миллии худамонро ба намояндагони халқу миллатҳои гуногун муаррифӣ намоям”-қисса мекунад акои Аъзамҷон.
Ҳашт сол мешавад, ки Аъзамҷон Шарипов дар чойхонаи “Дарвозаи боло”-и шаҳри Истаравшан ба сифати ошпаз фаъолият дорад. Барои хӯрдани ошҳои бомаззаи ин марди сар то по ҳунар аз тамоми гӯшаву канорҳои Истаравшан мардум ба ин ошхона меоянд. Акои Аъзамҷон ба ҳунармандиаш нигҳ накарда, бисёр марди хоксор аст ва дар тӯю маъракаҳои мардум низ ош мепазад. Ӯ панди машҳури “меҳнати ҳалол-баракати зиндаги”-ро шиори худ намудааст. Мо дар корҳои минбаъдаи ошпази моҳир Азамҷон Шарипов барору комёбиҳо мехоҳем!