Фазои маҷозӣ, махсусан, шабакаҳои Инстаграму Ютуб барои муаррифӣ намудани малакаву истеъдод макони бисёр хубанд. Тӯли чанд соли охир, ки ин шабакаҳо дар кишвари мо маъмул шуда истодаанд, миёни мардум даҳҳо соҳибистеъдод аз соҳаҳои гуногун аз худ дарак доданд ва то андозае машҳуру шинохта гардиданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ касе муаллим шуд, касе мутахассиси SMM, касе фуд-блогер, касе суҳбатнигор, касе насиҳатгар, касе сайёҳ, касе ҳаҷвнигор...
Дар ин миён, сафи онҳое, ки ба ҳаҷв машғуланд ва кӯшиш мекунанд, ки бо наворҳои гуногуни ҳаҷвӣ табъи мардумро хуш кунанд, хеле зиёданд. Чун ҳаҷв равияҳои гуногун дорад, намояндагони ин соҳа низ дар самтҳои гуногун фаъоланд. Аммо самти кори қаҳрамони имрӯзаи мо бо фарқ аз дигарон хеле самимиву заминӣ аст.
Матеош ва Фред чанд сол пеш бо мақсади инъикос намудани мавзуъҳои роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон гурӯҳи ҳаҷвие бо номи “Zanjabil bro” ташкил карданд. Онҳо тавонистанд, ки бо наворҳои кӯтоҳашон дар мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ дар як муддат миёни мардум, хусусан ҷавонон ҷойгоҳи худро касб намоянд. Ҳаҷви эшон нишонрас буда, бештар дар он ҳолати ҷавонон, муқоисаи фикрҳои кӯҳнаву нав, ҳар гуна трендҳо, муносибати одамон дар синну соли гуногун ва ғайраҳо нишон дода мешавад.
Азам Нарзиев, ки бо тахаллуси Матеош аз гурӯҳи овозадори “Zanjabil bro” миёни мардум шинохта шудааст, миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан, Инстаграму Ютуб ҳамчун ҳаҷвнигори хушзавқу хушсалиқа шинохта шудааст.
Дар умум, дар ин гурӯҳи ҳаҷвӣ ҳоло ба ҷуз Матеош чанд каси дигар ҳам фаъолият мекунанд. Ҳоло саҳифаҳои “Zanjabil bro” дар Инстаграму Ютуб бо роҳбарии Азам Нарзиев хеле фаъоланд. Шумораи обуначиёнаш дар Инстаграм 428 ҳазор нафар буда, дар Ютуб бошад, зиёда аз 275 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Ин адад барои сегменти тоҷикӣ хеле шумораи калон маҳсуб меёбад.
Меоем сари мақсад, Азам Нарзиев пеш аз блогинг ва машҳур шудан ба чӣ корҳо машғул буд?
Тавре ба мо маълум шуд, Азам Нарзиев Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистонро бо ихтисоси фарҳангшинос хатм кардааст ва аз рӯи ихтисос фарҳангшинос аст. Аммо ба рақс таваҷҷуҳи зиёд дошта, пеш аз фаъолияти блогерӣ ба брек-данс машғул будааст. Ӯ ҳамроҳи гурӯҳе, ки тамрину кор мекард, дар мусобиқаҳои гуногун иштирок кардааст. Ҷое дар мавриди оғози фаъолияти блогерӣ ва номгузорӣ кардани гурӯҳи ҳаҷвиашон чунин гуфтааст:
- Мо ҳамроҳи тими брек-дансамон барои чемпионати Осиё ба Хуҷанд рафтем. Ҳамакаса номи командаамонро фикр мекардем. Бисёриҳо номҳои сода ва якранг пешниҳод мекарданд. Вақте ки хӯрок гирифтем ва ман иловатан занҷабил дархост кардам, дарҳол дар фикрам ҳамин калима пайдо шуд. Бо бачаҳо ба мувофиқае расидем, ки номи тимамонро “Zanjabil crew” мемонем. Ҳамин тавр ҳам кардем ва баъдан, вақте ки фаъолияти блогериро бо Фред оғоз кардем, бидуни фикри зиёд номи гурӯҳро “Zanjabil bro” гузоштем.
Ҳамчунин, Азам қайд намуд, ки замони машқ кардани брек-данс тахаллуси Матеошро гирифтааст. Аниқтараш яке аз ҳамсабақон ӯро чунин меномидааст ва билохира, Азам бо тахаллуси Матеош дар фазои блогинг шинохта гардид.