Arzon march 2024
Ғазаби париҳо Қисми 2
27.05.2022
Дилошуб
1717
no-img

Падари хушбахт

Бо гузашти як сол Дилбар барои шавҳари дар ҳасрати писар сӯхтааш писараки нозанине ҳадя карду сари марди аз оламу одам дилгирро ба осмонҳо расонид. Аҳтамшо акнун соҳиби як қатор корхона ва коргоҳҳои зиёде буду зани ҷавонашро рӯ-рӯи дастонаш мебардошт. Ӯ дар ин муддат ҳам барои хоҳари занаш Дилноз хона хариду хонаи хушдоманашро бошад, аз нав сохта ба қасри дилорое монанд кард. Писараш рӯз аз рӯз қад кашида, дили падарро пур аз нишот месохт, Дилбар акнун шоҳдухтаре буд, ки даст ба косаи тар намезад. Шавҳараш дар маркази пойтахт барояш хонаҳои барҳаво харидорӣ намуда, дар зодгоҳаш деҳаи кӯҳистони хушманзара, ки коргоҳҳояш асосан он ҷо буданд, қасри боҳашамате сохт. Мардуми деҳа, ки сарватмандонашон зиёданду хонаҳои зебо низ он ҷо ҳаст, қасри Аҳтамшоро бо шӯхӣ Тоҷмаҳал меномиданд. Дилбар дар хонаҳои дигар, ки хеле зебою олӣ буданд, зиндагӣ карда, ба шавҳараш мегуфт, ки то хонаҳоям ба пуррагӣ тайёр нашаванд, ба он ҷо намекӯчам. Аҳтамшо низ дар муқобили гапи занаш чизе намегуфт.

                       Ғазаби ҷин

Оқибат хонаҳо тайёр шуданду Дилбар як моҳи дароз аз пойтахт тамоми таҷҳизоти онҳоро харидорӣ карда фиристод ва пас аз тамоман тайёр шуданашон бурёкӯбон карда, ба он кӯчид. Пас аз рафтани меҳмонон бойзанак бо хешу табораш вориди хона шуда, “эҳ, монда шудам” гӯён, рӯи нармкурсӣ дароз кашиданӣ буд, ки касе гулӯяшро хафа кардагӣ барин нафасаш гирифту каб-кабуд шуда, яктарафа афтид. Мавҷигул “вой духтарам” гуфта, фиғон кашиду дар як дам болои сари Дилбар пур аз одам шуд. Яке дастонашро мемолид, дигаре шамолаш медод, вале бефоида, чашмони ҷавонзан аз сараш зада баромада буданду аз даҳонаш кафки сафед ҷорӣ буд. Додаршӯяш ӯро болои дастонаш бардошта, ба берун баровард ва пас аз чанде зан ба худ омад ва гуфт, ки махлуқи сиёҳе ӯро хафа кард. Инак, панҷ сол мешавад, ки ҳамин авҳол давом дорад, на фолбин монду на табиб, на мулло монду на каси дигар, вале касе давои қасри ҷинҳоро наёфт. Касони дигар дароянд, ҳеҷ воқеае намешавад, вале ҳамин, ки соҳиби қаср Дилбар вориди он гашт, ҳамроҳаш сад кас ҳам бошад, пеши назараш махлуқи сиёҳи серпашме пайдо шуда, гулӯяшро мефишорад. То ҳол касе сири қасри ҷинҳоро накушодааст, вале мардуми деҳа мегӯянд, ки модари Аҳтамшо Бибӣ Хосият паривара буду ҳамчун табиб ном низ бароварда буд ва шояд париҳои Бибӣ Хосияти марҳум келинашро ба қаср роҳ додан намехоҳанд? Зеро мардум мегуфтанд, ки париҳои Бибӣ Хосият мусулмонанду аз чизҳои ифлос ҳазар мекунанд.

Қасри Дилбар бошад, дар ҷойи хонаҳои кӯҳнаи падарии Аҳтамшоҳ воқеъ гаштаасту он ҷо як умр модараш зиндагӣ карда, ба табобати беморон машѓул буд. Дилбар пас аз Орзубек фарзанди дигаре ба дунё наовард, байни мардум иш-мише ҳаст, ки ҳамин Орзубекро низ Дилбар бо роҳи сунъӣ ҳомиладор шуда, ба дунё овардааст, зеро аз Аҳтамшо фарзанд намешавад.

Сабаби ба қасри орзуҳояш роҳ наёфтани ҷавонзан низ ҳамин амали пинҳонияш аз шавҳар аст. Хонандаи азиз, ин ҳама овозаю дарвозаи мардум аст, аммо мо низ аз ин шумул истисно нестем ва мегӯем: Асрори азалро на ту донию на ман!

                                                                                 Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД