Салом ба аҳли қалами ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» ва ҳаводорони он, беморам, як ҳафта боз бистарӣ, ҳамдаму ҳамрозам танҳо ҳафтавори шумост, саргузаштҳои талху ширини инсонҳоро аз саҳифаҳои он хонда, гоҳе ғамгин мешаваму гоҳи дигар хурсанд. Ва қарор додам, ки санавишти талхамро рӯйи саҳифаҳои ин ҳафтавори дардошно мерезам. Шояд он ба дарди касе малҳам мегардад, бероҳаеро аз роҳ мегардонад, барои нафаре дарси зиндагӣ мегардад…
Духтарони озод
Дар оилаи мо ду духтару ду писар ба воя расидаанд, падарам қирғиз ва модарам тољк буданд. Онҳо дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтанду ҳамон љо шинос шуда, бо кумаки мураббиёни хеш хонадор шуданд. Падару модарам аввал дар хобгоҳ, баъдан дар хонаи чорҳуљрагие, ки ба хотири фарзанддор шуданашон ба эшон доданд, зиндагиро идома доданд. Онҳо як умр дар заводи нонпазӣ кор мекарданд ва пули ёфтаашонро фидои мо фарзандон месохтанд.
Чун худашон дар хонаи бачаҳо ба воя расида буданд, моро хеле эрка мекарданд. Натиљаи ҳамин эрка шуданҳо буд, ки хоҳарам бо хости худаш раққосаи тӯйгард шуд. Ман Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда бошам ҳам, бо бачаҳо кор карда натавонистам, аз ҳисоби волидонам хӯрда пӯшида мегаштам. Додарам ба зани аз худаш бист сол калони бева, ки аз никоҳи пешин ду писар дошт, ошиқ шуда, ба гиряву зории падару модарам нигоҳ накарда, ба хонаи ӯ кӯч баст.
Зеро ин пирарӯс ҳаргиз хизмати хусуру хушдоманро карданиву ба хонаи онҳо омаданӣ набуд. Хулоса, волидонам дар пиронсолии худ дарк карданд, ки дар тарбияи фарзанд хатои вазнин кардаанд, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки мушти баъд аз љанг омадаро ба сари худат зан. Падарам аз дунё гузаштанду азоби фарзандони бероҳаву бетарбия ба сари модарам афтод. Бечора модарам, акнун кӯшиш мекард, ки мо ба ҳамдигар дӯст бошем, хуб бошем, бадро аз нек фарқ кунем, аммо дер шуда буд.
Бечора модар
Ман як милисаи љавонро дӯст доштаму падару модараш аз ҳамсояҳо чӣ гунагии аҳволи хонаводаи моро фаҳмида, қатъиян зидди издивољи мо баромаданд. Султон, ки маро дӯст медошту мо кайҳо мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардем, ба хонаи мо омад. Мо як тӯяки оддӣ ороста, хонадор шудем, дар тӯй аз тарафи домод касе иштирок надошт.
Модари Султон чанд бор омада, ҳамроҳи ману модарам љанг карда, писарашро кашида бурданӣ мешуд, аммо шавҳари зархаридам, ки ҳавличаи хурду серкӯдакашонро аз азал хуш надошт, аз чорхонагии барҳавои маркази шаҳр рафтанӣ набуд. Султон як қисми ками маошашро ба мо медод ва танҳо шабона омада хоб мекарду мерафт, хушнудиҳои модарам, ки акнун домодаш ӯро хӯронда мепӯшонад, бесамар баромаданд.
Ман ҳам ба кор даромадам, дар боғчаи бачаҳо фаррош шудам, зеро бо кӯдакони инљиқи фискашол кор кардан намехостам. Ману модарам якљоя аробаи шалақи зиндагиро мекашидем, модари бечораам равои озори домоди тайёрхӯрашро надошт, зеро метарсид, ки аз ман људо мешаваду ман мисли хоҳарам ҳардаста мешавам. Хоҳарам, тӯй ба тӯй ҳамроҳи ҳофизон гашта, гоҳ-гоҳе хабаргириямон меомад, вале бо модарам љангу љанљол карда мерафт.
Акаам умуман аз мо хабар намегирифт, ҳатто модарамро ба ёдаш намеовард. Бечора модарам як бор дастархон карда, хонаи келинаш, ки қариб ҳамсоли худаш буд, рафта аз он сӯ бо чашми гирён омад. Пирарӯси акаам ӯро ба љодугариву људогарӣ айбдор намуда, дастархонашро аз дар бароварда партофтааст. Бо ҳамин дигар мо дар бори акаам фикре накардему аз пайи ташвишҳои худ гаштем…
Сарқоқ
Бо Султон се сол зиндагӣ кардем, вале фарзанддор намешудем. Меҳри шавҳарам низ ба ман кам шуда буд, акнун дар як ҳафта як бор меомаду бо модараш дӯст шуда буд. Ӯ маро “беваи сарқоқ” гуфта, таъна мезад, як зимистон шавҳарам бемор шуда, як моҳи дароз дар хонаи модараш монд. На занг мезаду на авҳол мепурсид, он вақтҳо телефонҳои мобилӣ набошад ҳам, телефони хонагӣ доштем.
Кофта-кофта хонаи хушдоманамро ёфтам, аз дарвоза даромадан замон хушдоманам мори сиёҳи љодугар, сарқоқи худозада, ту пешакӣ чанд кӯдакатро аборт кардаӣ, ки соҳиби кӯдак намешавӣ гӯён, маро зери мушту лагад гирифт. Се қабурғаам шикаст, ба милиса арз кардам, вале Султон гуфт аризаатро гир, аризаамро гирифтам ва як моҳ пас аз ин воқеа шавҳарам маро талоқ дод. Султон маро талоқ дода, бо духтари холааш хонадор шуд, ҳолати рӯҳиям хеле бад буд.
Мегиристаму менолидаму аз хона берун намерафтам, дар ҳамин рӯзҳо хоҳарам ба хона омад ва эълон дошт, ки ҳомиладор асту исқоти ҳамл мекунад. Модари бечораам мегиристу ба исқоти ҳамли ӯ розӣ буд, аммо ман монеъ шудам, зеро ба нохуни фарзанд зор будам. Хоҳарам рӯирост гуфт, ки намедонад падари фарзандаш кист, аммо ин барои ман муҳим набуд. Хоҳарам то намоён шудани шикамаш тӯй ба тӯй мегашт, ҳамин, ки моҳи ҳафташ даромад, хонагӣ шуд.
Ман намемондам, ки дасташро ба оби хунук занад, ҳар чӣ дилаш мехост, муҳайё мекардам ва оқибат тифлаки деринтизори мо духтарчаи зебое ба дунё омад. Ӯ бехабар аз пастиҳои ин дунёи дун бо чашмакони зебояш ба ман менигаристу дунёямро равшан мекард. Хоҳарам Гулайёз духтарашро ба мо гузошту пушти кораш шуд, ман ӯро бо номи худам ҳуљљат кардам ва тамоми ҳастиямро ба Сабринакам бахшидам.
Мурдоби ифлос
Гулаёз акнун аз раққосагӣ даст кашида, суруд мехонд, бо як навозанда хонадор шуда, як духтари дигар ба дунё оварду дар як хобгоҳи хурд зиндагӣ мекард. Бо гузашти солҳо Сабрин низ фаҳмид, ки ман холааш ҳастам на модараш ва бо модараш дӯст шуда, ба хонаи ӯ рафт. Ман мондаму ғамҳоям, чун ба Гулаёз мегуфтам, ки ин корат нодуруст аст, ӯ чунон љангу љанљоле мебардошт, ки ҳатто ману кампири модарамро мезад. Ман бемору хаста мисли мурдаи берун аз гӯр мегаштам ва боз хоҳарам ба «имдодам» расид.
Ӯ як рӯз як духтараки љавонро оварда гуфт, “ин духтар ҳомиладор аст, як моҳ пас таваллуд мекунад, барояш фарзанд даркор нест, хоҳӣ, кӯдакашро гирифта, калон кун”. Бечора модарам насиҳатам кард, ки ин корро накун, вале дили ташнаи кӯдаки ман розӣ шуд. Духтарак, ки то рӯзи таваллудаш шикамашро баста, ба тӯйҳо мерафт, боз ба хотири афтондани кӯдак ҳар гуна доруҳо низ хӯрда буд, кӯдаки беморе ба дунё овард. Ман худи ҳамон рӯз кӯдакро ба номам гузаронида, ба табобаташ оғоз намудам. Дар дусолагияш кӯдак ба худ омада, духтарчаи сап-сафедаки зебое шуд.
Азизаи ман бисёр меҳрубон ва зебо буд, вале чун синфи ҳашт шуд, сар кард ба қилиқҳои бад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Аз зани ғар-ғар бирӯяд, з-он ки устодаш ғар аст», ман натавонистам пеши Азизаро бигирам ва ӯ дар синфи нӯҳум фарзанди ҳаромӣ таваллуд кард. Акнун кӯдак бо ман асту ӯ як моҳ, ду моҳ гум шуда, боз пайдо мешавад. Сабрин низ шавҳар карду баъди ду моҳ људо шуда баргашт, чун писарча таваллуд кард, модараш ӯро аз хонааш ронд ва ӯ низ бо мост.
Писарони занаш хонадор шуданду акаамро, ки майхора аст, аз хона пеш карданд. Ӯ ҳар шаб арақ нӯшида, кӯчаро ба сараш бардошта, моро ҳақорат мекунад. Дирӯз Азиза маст ба хона омаду бо ханда гуфт:
-Оч, тайёрита бин, боз бибӣ мешавӣ!
Бемор ҳастам, аз зарби бисёр ба оби хунук даст заданам, гурдаҳоям сармо хӯрда, азобам медиҳанд, вале даруни мурдоби ифлосе мисли моҳӣ дасту по мезанам ва гумон мекунам халосӣ аз ин бунбасти ифлос танҳо марг аст…
Гулроз