formula
Аз “Шоҳзодаи хурдакак” то “Ҳафтаи мӯд” дар Душанбе
498

Тӯли ҳафта кас аз ташвишҳои кору зиндагӣ хаста шуда, мехоҳад рӯзҳои истироҳатро бо аҳли оилааш хуш гузаронад. Барои истироҳати бофароғати шумо дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе, имрӯз мо дар бораи чанд чорабинии ҷолиби фарҳангӣ маълумот медиҳем, ки рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Дар Театри давлатии “Лӯхтак” рӯзи якшанбе, 28-уми апрел соати 14:00 нахустнамоиши намоишномаи “Шоҳзодаи хурдакак” ба забони русӣ аз рӯи асари маъруфи Антуан де Сент-Экзюпери баргузор мешавад.

Билетҳои ройгонро аз Қасри фарҳангии «Бохтар» ва кассаи театр дастрас кардан мумкин аст.

Телефон барои маълумот: (+992) 987606872.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи 27-уми апрел, соати 17:00 намоиши операи афсонавии Ҷ. Бизе - «Кармен» ба забони фаронсавӣ таҳти роҳбарии саррежиссёри театр Суҳроб Усмонов баргузор мешавад.

Чиптаҳоро аз кассаи театр ва вебсайти echipta.tj дастрас кардан мумкин аст.

Рӯзҳои 4-5-уми май бошад, мавсими 12-уми “Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Намоиши имсола ба “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ бахшида шудааст. Дар чорабинӣ тарроҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ иштирок хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД