Кумитаи ҳлатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тамоми сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки аз 15 то 18 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва боришоти зиёд дар назар дошта шуда, аз сел ва дигар офатҳои табиӣ эҳтиёт бошанд.
Ба иттилоъи агентии ҳавошиносии кишвар дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо боронҳои пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд, боридани жола низ дар назар аст. Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳсор борон ба барфи тар мудаббал мегардад.
Дар баъзе новоҳӣ, аз ҷумла ноҳияҳои ғарбии Вилояти Бадахшони кӯҳӣ, минтақаҳои кӯҳдомони Вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Айнию Панҷакенти Вилояти Суғд ва шоҳроҳҳои Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Варзоб, ҳамчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд Чаннок боридани борони сел дар назар дошта шудааст. Ногуфта намонад, ки хавфи фаромадани тарма низ вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, тамоши кӯҳ, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ё дар қитъаҳое, ки хавфи резиши сангу лағзиши тарма вуҷуд дорад, ба қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷиддан риоя намуда эҳтиёт бошад.
КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки хасу хасрӯбаҳоро сари вақт аз ҷӯйборҳо тоза кунанд, то оби зиёди борон ба ҳавлиҳо ворид нашавад.
Волидон бояд ба фарзандони хурдсолашон диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар чунин рӯзҳо беназорат гузоштани кӯдакон хатарнок аст, бинобар ин, ҳаргиз нагузоред, ки фарзанднатон тани танҳо ба лаби наҳру каналҳо раванд.
Дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқуллода бо телефонҳои: 112, 223 -13- 11, 221- 91- 19 ва 93- 880- 28- 19 ба КҲФ муроҷиат намоед!