Падару модарро бадгӯӣ кардан хуб нест, вале волидони ман пир шуда, бисёр сергап шудаанд. Баҳудаю беҳуда ба ҳар як кору рафтори зану фарзандонам эрод мегиранд ва кӯдаконамро ҷанг карда, дуоҳои бад мекунанд.
Ман тиҷорати шахсии худро дорам ва имконият дорам, ки хонаи алоҳида харида кӯчида равам, вале метарсам, ки дар дами пирӣ падару модарамро танҳо монда ба ғазаби худованд гирифтор нашавам. Донистан мехоҳам, ки агар волидайн пир бошанду бо ғурбати бисёр фарзандро азоб диҳанд ва писар зану кӯдаконашро гирифта, баромада равад, гунаҳкор мешавад ё не?
А. З., сокини ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз! Ҳар амал ё бархӯрде, ки аз ҷониби волидайн ба шумо мерасад, набояд онро азобу шиканҷа ҳисобид, зеро волидайн нисбати ҷигарбанди худ чунин амалро раво намебинанд.
Шумо ҳаққи тарк кардани онҳоро надоред, хусусан дар ҳоле, ки падару модар ба синни пирӣ расида ба хидмати шумо ниёз дошта бошанд. Худованд ба таъкид мефармояд:
«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед, ба падару модар накӯкорӣ бикунед, агар яке аз онҳо ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ!
Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончӣ маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!». (Сураи “Исро”, оятҳои 23-24)