Вақтҳои охир сару садоҳо дар бораи кашмакашу моҷароҳои зиндагии сарояндаи шинохта Эркин Одинаев дар байни мардум хеле зиёданд. Яке мегӯяд, ки Эркин духтарбози ашаддӣ аст ва ҷони ҳамсараш аз арӯсбозии ӯ ба лабаш расида, тарки хона намудааст, дигарӣ ҳадс мезанад, ки ҷавонзан дар болояш зани дуюм гирифтани шавҳарашро шунида, қасдан бачаҳояшро парофта рафтааст, то қасос бигирад, саввумӣ мухлисдухтаронро дар вайроншавии оилаи ободи ин ҳунарманди ҷавон гунаҳкор медонад...
Барои фаҳмидани асли гап мо ба ҷустуҷӯи Эркин Одинаев афтодем ва баъди кофтукобҳои зиёд шомгоҳон манзили ӯро пайдо намудем. Дарро ба рӯйи аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ на ҳамсари Эркин, балки модараш кушод.
Овозаҳо дар бораи аз хона баромада рафтани зани Эркин одинаев то куҷо асос доранд? Агар ба ин савол ҷавоб гирифтану аз асрори зиндагии ин сарояндаи хушовоз воқиф шудан хоҳед, пас ба сӯҳбати мо бо Эркин ва аҳли оилааш, ки дар сари дастурхон сурат гирифтааст, мутаваҷҷеҳ бошед! (Видео)