arzon replenishment
Аз ошиқи хира чӣ хел халос шавам?
15.05.2025
Оила
723

Салом! Ман донишҷӯ ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим маслиҳати хонандагонро пурсон шавам.

Ҳанӯз замони дар мактаби миёна хонданам ҷавоне маро думболагирӣ карда, ғам медод. Рӯзе набуд, ки бо айби он касофат ашки чашмам ба бари рӯям ҷорӣ нашавад.Бовар кунед, ӯро чунон ӯро бад медидам, ки агар метавонистам, пора-порааш мекардам, вале зӯрам ба он ҷавони мисли дев бузургҷусса намерасид.

Хулоса, рӯзи занги охир агар ҳама ғамгин шаванд, ман аз он ки дигар он ошиқи шилқинро шилқинро намебинам, аз шодӣ гӯё болу пар баровардам, вале...

Ба донишгоҳ дохил шуда, бепарво ба дарс рафта меомадам, аммо рӯзе аз нақлиёт фаромада, боз бо ҳамон ошиқи хира рӯ ба рӯ шудам ва дуд аз димоғам баромад. Шунида будам, ки онҳо аз маҳаллаи мо кӯчида рафтаанд, вале ин ҷавони бекорхӯҷа ҳар рӯз дар назди бинои мо роҳи маро поида мешинаду ҳамин, ки маро дид, дарҳол ба наздам давида, кӯшиши бо ман суҳбат намудан мекунад. Чанд маротиба ба хубӣ гуфтам, ки маро ба ҳолам гузор, лекин ин шилқин то пушти дари хонаамон аз пасам меояд ва маро дар назди ҳаққу ҳамсоя дар ҳоли ногувор мегузорад. Асабам вайрон шуда чӣ кор карданамро намедонам. Чанд бор хостам ба падару бародаронам рафторашро бигӯям, лекин метарсма, ки гумони бад бурда, худи маро зери мушту лагад нагиранд. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Ф. Д

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД