goodwell
Аз хушдомани ғайбатчӣ куҷо гурезам?
10.05.2026
Oila.tj
260

Ман намедонам қиссаи сарнавиштамро аз куҷо сар кунам. Ин номаро бо диле пур аз дард ва чашмони ашкбор менависам. Шояд барои касе қиссаи ман як ҳодисаи оддӣ бошад, аммо барои ман, ин зиндагии ҳаррӯза, ин азоби рӯҳиест, ки оҳиста-оҳиста маро мешиканад.

Ман келини як хонадони деҳотӣ ҳастам. Хонадоне, ки дар деҳа бо бадгӯиву ғайбаташон маъруфанд. Пеш аз ба ин хона қадам гузоштан, бисёриҳо маро огоҳ карда буданд. Аммо ман гӯш надодам. Чаро? Чунки шавҳарамро дӯст медоштам. Фикр мекардам, ки муҳаббат ҳама чизро ислоҳ мекунад.

Имрӯз мефаҳмам, ки муҳаббати ман фақат шириниҳои ҳаёт нест - сабр ҳам ҳаст, дард ҳам ҳаст ва баъзан танҳоӣ ҳам ҳаст.

Аз рӯзи аввал кӯшиш кардам, ки келини хуб бошам. Субҳ барвақт мехезам, кори хонаро анҷом медиҳам, хӯрок мепазам, ба ҳама хизмат мекунам. Яъне ҳама вазнинии хонаро ба дӯш гирифтаам. Ман ҳамшираи шафқат ҳастам, дар деҳа кор мекунам, мардум эҳтиромам мекунанд. Аммо дар хонаи худ ман гӯё бегонаам.

Зеро ҳеҷ дили хушдоманамро ёфта натавонистам.

Хушдоманам аз субҳ то шом дар ба дари ҳамсояҳо гашта, танҳо як кор мекунад - маро ғайбат мекунад. Чӣ мегӯяду чӣ намегӯяд… Ҳар рӯз як сухани нав, як туҳмати нав.

Хусурам бошад, ба ҷойи он ки адолатро нигоҳ дорад, баръакс писарашро таҳрик медиҳад. Ба ӯ мегӯяд: “Занро зан, намурад бо табар зан!”.

Вақте ин суханҳоро мешунавам, дилам меларзад. Магар ман инсон нестам? Магар ман духтари як падару модар нестам?

Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ман келини ноуҳдабаро ё танбал ҳастам. Аммо не. Ман тамоми қувваамро сарф мекунам, то ин хона обод бошад.

Шавҳарам дар байни шаш духтар ягона писар аст. Ду хоҳаршӯям аз шавҳар ҷудо шуда, яке бо ду дигаре бо чор кӯдак дар ҳамин ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд. Хизматашонро низ ман ба ҷо меорам. Ҳеҷ гоҳ шикоят накардаам.

Аммо ба ҷойи сипос, ман танҳо таъна мешунавам: “Ту пирдухтар будӣ, акаи мо туро гирифт”.

Ин суханҳо мисли корд ба дилам мезананд. Оё онҳо фаромӯш кардаанд, ки шавҳарам қаблан оиладор буд ва аз ҳам ҷудо шуд? Ман барои ӯ бахти дуввум ҳастам. Бо муҳаббат омадам, на бо маҷбурӣ.

Дирӯз як ҳодисае шуд, ки тоқати маро ба поён расонд.

Хусурам ногаҳон маро туҳмат кард. Гуфт: “Ту мардҳоро укол мекунӣ, ба писари ман муносиб нестӣ!”.

Ман ҳайрон шудам. Охир ман ҳамшираи шафқат ҳастам, кори ман ҳамин аст - табобати беморон. Ин гуноҳ аст?

Бори аввал натавонистам хомӯш бошам. Гуфтам: “Тавба гӯед!”.

Ин сухани ман ба гӯши онҳо сахт расид. Хусурам ба шавҳарам занг зада, гуфт, ки гӯё ман ба сӯяш чойники оби ҷӯш партофтаам. Ин дурӯғи ошкор буд.

Аммо дар ин хона дурӯғ зудтар аз ҳақиқат бовар карда мешавад.

Хушдоманам низ кам намемонад. Дар тӯйи арӯсии хоҳарам, дар назди мардум гуфтааст: “Келинам танбалу бешарм аст, хӯрокашро ман мепазам”.

Ман дар он лаҳза гӯё дар замин фурӯ рафтам. Чӣ гуна инсон метавонад чунин беинсоф бошад? Аз рӯзи аввал ман дар ин хона хӯрок мепазам, онҳо даст ба дег намезананд.

Бадтар аз ҳама рафторашон нисбати кӯдаки ман аст. Кӯдаки шашмоҳаамро ба назди хушдоманам бурда, зорӣ мекунам: “Лутфан каме нигоҳ кунед, ман кори хонаро анҷом диҳам”.

Ӯ бо асаб мегӯяд: “Худат таваллуд кардӣ, ба ман чӣ!”.

Ин суханҳо маро мешикананд. На ҳамчун келин, балки ҳамчун модар.

Ман аз ин ҳама рафторҳо хаста шудаам. Баъзан ҳис мекунам, ки дигар тоқат надорам. Ҳатто фикрҳои бад ба сарам меоянд - гурехтан, ҳама чизро тарк кардан, ё ҳатто… (худо накунад) ба ҷони худ қасд кардан.

Аммо ҳар дафъа як чиз маро нигоҳ медорад - муҳаббат ба шавҳарам.

Ман ӯро дӯст медорам. Намехоҳам оилаам вайрон шавад. Намехоҳам кӯдакам бе падар калон шавад.

Аммо савол ин аст:

- Оё ман бояд ба ин ҳама таҳқир ва азоб тоқат кунам?

- Ё ҳақ дорам, ки барои оромии худ мубориза барам?

Шавҳарам миёни ману падару модараш мондааст. Ман намехоҳам ӯро дар ҳолати душвор гузорам. Аммо ӯ ҳам наметавонад ҳамеша хомӯш бошад.

Ман мехоҳам зиндагии оддӣ дошта бошам - бе ғайбат, бе туҳмат, бе таҳқир.

Аз шумо, хонандагони азиз, хоҳиш мекунам:

Ба ман маслиҳат диҳед. Чӣ кор кунам, ки оилаам нигоҳ дошта шавад, аммо ман низ худро аз даст надиҳам?

Оё сабр ҳама чизро ҳал мекунад?

Ё баъзан бояд барои ҳаққи худ талош кард? Обрӯ ва эътиборро дар деҳа пушти по зада баромада равам?

Чӣ кор кунам? Бигзор қиссаи ман барои дигар келинҳо низ дарси ибрат бошад. Дарк кунанд, ки зиндагӣ танҳо аз муҳаббат иборат нест, дар зиндагӣ лаҳзаҳое ҳастанд, ки одам ночор мемонад. Мисли ман.

Бо эҳтиром, НАЗОКАТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД