Sebiston new 2024 october
Аз ИМО шавҳар ёфтам
4261

 

Духтари 29- солаи муҷаррадам. Ду ҳафта пас тӯйи арӯсӣ дорам. Ҳамсинфонам “аллакай 2 - 3 фарзандӣ доранд”, - гуфта, мудом ғам мехӯрдам. Пинҳонӣ ба дари муллою фолбинҳо рафта, аз онҳо тӯмори бахт мегирифтам, қайтарма мекардам. Вале пули бисёре сарф намуда бошам ҳам, дари бахтам ҳеҷ кушода намешуд.

Духтари холаам, ки як сол пеш тариқи интернет бо ҷавоне шинос шуда, баъди тӯй ҳамроҳи шавҳараш ба Амрико кӯчида буд, ба ман маслиҳат дод, ки ба умеди муллою фолбин нашуда, бахтамро худам ҷустуҷӯ намоям. Ҳамин тавр, бо тавсияи ӯ ман тариқи ИМО бо Баҳодур ном ҷавоне шинос шудам, ки дар Русия кор мекард.

Мо шаш моҳ бо ҳам суҳбат кардем. Баъд волидонаш ба хонаамон хостгорӣ омаданд ва моро фотиҳа карданд. Баҳодур чанд рӯз қабл аз Русия баргашт. Худо хоҳад, ду ҳафта пас мо тӯйи зебое ороста, қасри бахтамонро бо ҳамдигар месозем.

Ба духтарони мисли ман дар ҷустуҷӯи бахт маслиҳат медиҳам, ки ба умеди муллову фолбин нашуда, худ дар ҷустуҷӯи бахти хеш бошанд.

Чамангул

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД