Sebiston new 2024 october
Ҷайҳун: Се наврас аз заҳри замбуруғ мурдан ё....?
03.05.2020
Р. Азимӣ
2672


Дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) се наврас баъди истеъмоли замбуруғ заҳролуд гашта, хун партофтанд ва то ба дари беморхона нарасида, ба ҳалокат расиданд.

Имрӯзҳо дар бозорҳои кишвар нархи 1 кг замбуруғ (хоч) аз 80 то 120 сомонӣ мебошад. Мардуми маҳалнишин кӯшиш мекунанд, ки барои таъмини сатҳи зиндагӣ аз кӯҳу пушта замбуруғ (хоч), чукриву торон ва сеалаф ҷамъоварӣ намуда, ба бозор бароранд. Тиҷорати замбуруғ ва чукриву сеалаф фурӯшандаҳоро серпул гардонидааст. Ҳамин сабаб шуд, ки се кӯдаки ноболиғ, ки ҳамагӣ 10-12 солаанд, аз ин навъи растанӣ заҳролуд гашта, ҷон ба ҷонофарин супоранд.

 



Акбар Имомназаров як сокини ноҳия Ҷайҳун оиди ҳодисаи мазкур ба хабарнигори сомонаи Оила чунин гуфт: Рӯзи панҷшанбе ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар номусоид буд. Боронӣ зиёд меборид. Усмон, Сангин ва Юсуф, ки ҳамагӣ 11-12 солаанд бо маслиҳати ҳамдигар барои чидани замбуруғ (хоч) ба кӯҳ мебароянд. Дар куҳҳо вақти ҳавои борони ва сар задани раду барқ замбуруғҳо месабзад. Хоч мечинем ва соҳиби пули калон мешавем гуфта, онҳо азм намуда ба кӯҳу пушта баромадаанд. Ин кӯдакони ноболиғ аз вазъи ҳавои номусоид бехабар борҷомаҳояшонро аз замбуруғ пур карда, майли бозгашт мекунанд вале дар ҳамин асно бориши зиёди борон онҳоро аз бозгашт ба деҳа бозмедорад. Худро ба зери дарахти арча аз ҳавои боронӣ панаҳ бурда, ба деҳа бармегарданд ва замбуруғӯҳои овардаашонро дар хонаи яке аз онҳо бирён карда, худи ҳамон лаҳза кафкоба мепартоянд. Онҳо ҳамагӣ як кг хочро истеъмол накарда, ба хунпартоӣ сар мекунанд ва баъди беҳолу беҳуш гаштанашон онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо тақдири номурод ҳарсеи он ноболиғони аз сад гулашон ҳанӯз як гулашон ношукуфтаро мекушад.
Мавзуф ёдовар шуд, ки духтурон баъди муоина дар организми ин кӯдакон замбурӯғ не, балки растании наъли аспакро пайдо карда, аз заҳролуд гаштанашон хабар додааст. Ин се кӯдакони ғӯрамаргро рӯзи ҷумъа дар мазори зодгоҳашон ба хок супурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД