Arzon march 2024
Айнӣ: Марги нобаҳангоми полковник Арбобқодир Ҷамҳуров
2643

Дар пайи фавти прокурори ноҳияи Файзобод Карим Каримов зӯҳри 10 май хабари даргузашти Арбобқодир Ҷумҳуров, сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати созмондиҳӣ ва сафарбаркунии фаврии Ситоди генералии вазорати дифоъи Тоҷикистон низ расид. Ориф Низомиён, сухангӯи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум беш аз як ҳафта дар шифохонаи низомӣ (госпитал) – и вазорат бо табобати дил машғул буда, ду рӯз пеш аз маргаш фориғ шудааст.

 

 

“Ду рӯз он кас дар манзили худ буданд ва имрӯз хабар расид, ки аз сактаи дил вафот кардаанд. Полковник Арбобқодир Ҷумҳуров ҳудуди 55 сол доштанд ва як инсони меҳрубону низомии ҳирфаии шоиста буданд, ки хизматҳои он кас пеши ватану миллат фаромӯш намешавад”, - гуфт Ориф Нозимиён.

Арбобқодир Ҷумҳуров зодаи ноҳияи Айнӣ буда, тамоми умр дар ҷузву томҳои низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон кор кардааст ва як муддат комиссари низомии ноҳияи мазкур низ будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД