Arzon march 2024
Ҳайфи ҷони ширини Умия...
1684

Умия аз назди духтур баромаду оҳиста-оҳиста қадам зада, ба тарафи дарёи Душанбе раҳсипор гашт...

Худ ба худ гап зада, зери лаб мегуфт:

- ... Дард... дарди бедаво... тамоми табибони номиро кофтаву ёфта, худро табобат кардам. Вале бефоида будааст. Инак, имрӯз табиб рӯирост мегӯяд, ки аз умрат рӯзҳои башумор мондааст. Ҳамагӣ нав ба 34 даромадаам. Духтарчаам дусола аст. Баъди сари ман аҳволи ӯ дар хонадони ҷанҷолии хусуру хушдоманам чӣ мешуда бошад? Ба замми ин, шавҳарам як шаробхор аст. Эҳ дунё... модарам ҳам дар синни 29 гузашта буд. Акнун навбати ман аст. Имрӯз чаро зиқ нашудам аз ин гапи духтур? Марг бароям ҳеч мушкилӣ надорад. Ҳама мемиранд. Аммо орзуҳоям гул накарданд. Ин дарди бедавои саратон аз куҷо ба ман ёр шуд? Оҳ... дарди қаттол...

Умия ҳанӯз давраи наврасӣ ҳис мекард, ки сараш дард мекунаду беист аз биниаш хун меравад. Борҳо дар беморхона табобат гирифта буд. Модараш ҷавон аз дунё гузашта, падараш зани дигар гирифта, ба хона овард. Моиндараш аз соати аввал бо ӯ чун модар муносибат карда, бо ҳам хеле тифоқу меҳрубон буданд. Касе пайхас намекард, ки ӯ моиндар аст.

Умияро падар ба писари як ҳамсинфаш тӯй карда дод. Ҷавон аз шаби тӯй зӯриашро нишон дода, гуфт:

- Аз ҳамин шаб сар карда ту хоҳару модари маро эҳтиром мекунӣ, агар ҳаминҳо аз ту хафа шаванд, ман туро сар медиҳам.

Умия чизе нагуфта, сарашро хам кард. Зиндагиаш бо ин ҷавони майхора бо азобу машаққат паси сар мешуд. Ҷавон ба замми баддаҳон будан, боз шароб менӯшид. Бо модару падараш ҷангу ҷанҷол мебардошт.

Умия соҳиби духтарчаи дӯстрӯяке шуд. Аммо зиндагиаш ширин намегузашт. Боз сардардаш авҷ гирифту ба беморхона бурданд.

Ташхиси тиббӣ ин навбат нишон дод, ки ӯ саратон дорад дар мағзи сараш.

Падараш ӯро ба назди тамоми табибони босавод бурд. Ҳатто заминашро фурӯхта, сарфи табобати бемории духтараш кард. Вале табобат натиҷае надод. Умия баъди ҳафтумин амалиёти кимиёвӣ гузаронидан бисёр хаста шуд. Дигар ба тақдир тан дод. Имрӯз бошад, духтур гуфт, ки “апа, умрат башумор мондааст”.

Умия шири говро, ки ҷурғот хобонида буд, ба косаҳо гирифта ба хонаи чор ҳамсоя бурд. Гуфт, ки дар ҳақи ман дуои нек кунед. Сипас барои хусуру хушдоманаш хӯроки шом тайёр карда, худ аз пайи намоз гузоштан шуд. Ҳамин вақт аз дами дарвозаи ҳавлӣ шавҳараш чун ҳарвақта масти шароб ворид гардид.

- Ҳе занак, куҷоӣ? Ман омадам. Туфлиҳоямро каш!

Умия аз сари ҷойнамоз нахест. Шавҳараш болои сараш омада, аз кокулони дарозаш кашида, “ту чаро гапи маро намегирӣ?” гӯён чунон ҳақорат кардаву муште ба сараш зад, ки Умия аз дарди шиддатнок “оҳ” гуфту ба замин афтод. Сарашро дигар бардошта натавонист. Хушдоманаш садои баланди ӯро шунида давида омада, писарашро аз утоқи хоб берун кард. Ба келинаш об нӯшонида, пурсид, ки “аҳволат чӣ хел аст?”.

- Холаҷон, мемураме...

- Ин хел гапро ба забон наор. Ҳоло ту ҷавонӣ. Зиндагиат дар пеш аст. Бубахш бачаи маро. Мабодо боз ҷое шикоят набарӣ?

- Не, шикоят намекунам. Холаҷон, дишаб модари раҳматиамро хоб дидам. Дар як боғи сабз ҳарду сайр дорем. Фикр дорам, ки ин шаб шаби охирини зиндагиам дар ин дунёи фонӣ аст. Имрӯз духтур гуфт, ки аз умрат рӯзҳои башумор мондааст. Холаҷон, духтаракам ба худат амонат. Набераатро ҳифз кун. Ман шуморо ба Худо месупорам.

- Диламро об кардӣ, келин, ман аз ту бадие надидаам. Худованд шифои комил диҳад туро. Писари гумроҳи маро ҳидоят кунад. Ҳозир, келинҷон, бароят як коса шӯрбо биёрам...

- Не холаҷон, дилам чизе намекашад. Сарам сахт дард дорад. Камтар дам мегирам.

Умия чашмонашро пӯшид. Хушдоманаш болояшро бо курпа пӯшонида, ба берун баромад ва писарашро ҷанг кард, ки боз шароб нӯшидааст. Писараш дод зада, гуфт, ки “арақ нанӯшидаам, туҳмат накунед!”.

Нимашабӣ Умия дарк кард, ки нафасгириаш сахт душвор шуд. Хаёл кард, ки дилаш аз қафаси синааш тапида ҷудо мешавад. Хост хушдоманашро фареё кунад, аммо овозаш набаромад. Аз биниаш хун фаввора зада, дар як сония ҷонаш баромад.

Ҳоло духтарчаи Умия 12-сола аст. Солҳои зиёд сипарӣ шуд. Падараш аз шаробхорӣ даст кашида, зани солеҳаеро ба занӣ гирифт.

Зиндагӣ идома дорад, аммо ҳайфи ҷони ширини Умия, ки бо сад армони ногуфта аз дунё рафту орзуҳояш ҳам гул накарда, таги хок хазон шуданд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД