Gazprom july 2025
Аввалину охирин бӯса (ҚИСМИ 2)
178

Назокатро аз ташбеҳи кампир хандааш омад, зеро падарашро дар ғайбаш мардум Аслами сурх мегуфтанд, зеро ҳангоми ба ғазаб омаданаш чеҳрааш арғувонӣ мегашт.

Пас аз як ҳафтаи ин суҳбат кампири Нурбибӣ бо хоҳиши ҷиянаш худаш дастархон бардошат хостгорӣ омад, модари Назокат, Заронгул ӯро хуб қабул карда бошад ҳам. «Сурханбус»-и гуфтагияш боз ба издивоҷи ду ҷавон розӣ нашуд, барои Заронгул гапи шавҳар қонун буд, аз ин рӯ кампирро ҷонибдорӣ карда натавонист.

Кампири Нурбибӣ пеш аз рафтанаш ба муаллими Асалам гуфт:

- Кори хуб намекунӣ муаллим, духтарро ҳайф мекунӣ!

Пас аз ин воқеа дигар касе Назокатро хостгорӣ наомад, ба «гуноҳ»-и ӯ хоҳарони ба қадрасидаашро, ки яке омӯзишгоҳи тиббӣ ва дигарӣ омӯзишгоҳи педагогиро хатм намуда кор мекарданд харидор намешуд.

Таънаи янга

Хоҳари калонияш Малоҳат бо ҷавоне аҳди муҳаббат дошт чун аз тарафи ҷавон хостгор омад, падараш боз бо ҳамон «оҳанг»-и қадим ба гап даромада буд, ки ғайричашмодошти ҳама Назокат гуфт:

- Падарҷон, илтимос бахти маро сӯхтед кифоя, бигузор Малоҳат хонадор шавад ба бахти ӯ зомин нашавед!

Падар хашмгин шуда чизе гуфтанӣ буд, ки Назокат гапашро бурид:

- Агар розӣ нашавед, ман аз хона баромада мераваму ба Малоҳат маслиҳат медиҳам, ки бе ризоияти шумо ба хонадор шавад!

Муаллим исёни духтари боодобашро дида чизе нагуфт ва хоҳаронаш пайи хам оила бунёд карда хушбахт шуданд. Назокат бошад ҳамроҳи зани додарашу волидонаш зиндагӣ мекард, синнаш ба чил расида буд. Ӯ тамоми ҳавасҳояшро бо фарзандони хоҳаронаш мекард, барояшон либосу пойафзолҳои қиммат харида зодрӯзҳояшонро ботантана қайд менамуд онҳоро ба тамошои мавзеҳои таърихии кишвар мебард, ғами дили зангорбастаашро танҳо хандаи беғаши ҷиянҳояш зудуда мекард. Падару модараш пир шуда буданду янгааш, ки худро хуҷаини мутлақи хона медонист гоҳ-гоҳ ба ӯ беҳурматӣ мекард. Боре янгааш писарчаашро бераҳмона лату куб кард, Назокат кӯдакро аз зери дасти модари золимаш кашида гирифта келинро, ки шогирди собиқаш буд сарзаниш кард:

- Э садқаи номи модар шав ту беинсоф, кӯдакатро зада мекушӣ?!

- Кори ту чӣ, мекушамаш, мехӯрамаш, бачаи худам, аввал шӯ ёфта якта зой баъд ба ман маслиҳат деҳ! - фарёд зад келин.

Назокат барқ задагӣ барин карахт шуд ва кӯдакро ба бағали очааш гузошта ба замин нишаст…

Вохӯрӣ бо Рустам

Рӯзи дигар Назокат ба падару модараш гуфт, ки бо коре ба пойтахт меравад. Падараш кайҳо ба нафақа баромада бошад ҳам дар мактаб дарс медод, Назокат аз ӯ хоҳиш кард, ки то омаданаш дарсҳои ӯро назорат кунад. Ӯ аз дағалии янгааш лаб накушода мақсади сафарашро низ ба падараш нагуфт, Назокат мехост назди дугонааш Гавҳар, ки муаллимаи донишгоҳ буд рафта ҷойе ёбаду дар пойтахт монад.

Ҳукми тасодуф буд ё хандаи бахт, ки ӯ дар автобуси Рустам, ки акнун марди хушқомату чорпаҳлӯи зебое буд нишаст. Рустам дар маркази ноҳия зиндагӣ кунад ҳам Назокатро дер-дер медид, вале то ҳол ишқи ҷавонӣ вуҷудашро месӯхт.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД