Formula novemver 2024
Аввалину охирин "Қаҳрамонмодар"
876

8 июли соли 1944 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС унвони “Қаҳрамонмодар” таъсис ёфт. Онро ба модароне сазовор медонистанд, ки бештар аз 10 фарзанд ба дунё овардаанд. Ҳамроҳ бо ордени “Қаҳрамонмодар” медали “Модарӣ” ва “Шарафи модарӣ” таъсис ёфт.

Бо ин унвон ҳамчунин онҳоеро қадрдонӣ мекарданд, ки тибқи қонунгузорӣ фарзандхонӣ намудаанд, ё фарзандонашон ҳангоми ҳимояи ИҶШС, ё вақти иҷро намудани қарзи шаҳрвандии СССР ва моликияти он фавтиданд.

Аввалин нафари бо унвони “Қаҳрамонмодар” сарфарозшуда тибқи қарори Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС аз 27 октябри соли 1944 сокини шаҳраки Мамонтовкаи вилояти Москва Анна Савелевна буд, ки 12 фарзандро тарбия мекард. Дар қатори 14 нафари дигар дар Кремл 1 ноябри соли 1944 ба ӯ мукофот супурда шуд.

Охирин мукофотонӣ бо ин унвон дар таърихи СССР 14 ноябри соли 1991 сурат гирифт. Аз рӯи маълумот то 1 январи соли 1995 дар маҷмӯъ ба 431 ҳазор занон унвони “Қаҳрамонмодар” дар СССР мукофотонида шудаанд.

Ин навиштаро Раҷаби Мирзо, журналисти шинохтаи тоҷик дар гурӯҳи фейсбукии худ, ки “Ахбор барои афкор” ном дорад, мавриди баҳс қарор додааст. Дар шарҳи он бисёре аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ фикру назари худро иброз доштаанд ва бисёре аз онҳо ба зарурати эҳёи ин унвон дар Тоҷикистон зид баромадаанд.

Шуҳрат Ҷӯраев, яке аз корбарон навиштааст, ки барои "Қаҳрамонмодар" дар даврони Шӯравӣ имтиёзҳои зиёд дода мешуд ва кӯмакҳо аз ҷониби давлат ҳам пешбинӣ шуда буданд. Ҳоло қариб дар ҳар як оила қаҳрамонмодар аст - аз 6 то 10 нафар кӯдак дорад. Дар Иттифоқи Шӯравӣ ин унвон танҳо ба хотири унвон набуд, модарон кӯмаки хуб мегирифтанд, фарзандон дар мактаб ба таври ройгон таҳсил мекарданду хизматрасонии тиббӣ ҳам ройгон буд. Баъдан, баъди таҳсил бо ҷои кор таъмин мешуданд. Яъне қувваи корӣ барои саноату истеҳсолот, барои пешравии иқтисодиёти кишвар лозим буд, зеро он замон шумораи зиёди заводу фабрикаҳои бузург амал мекарданд, ки барояшон мутахассисон лозим буданд.

Корбари дигар Шарифхон Тиллоев гуфтааст, ки қонуни қабулкарда дар бораи танзими оила чӣ мешавад? Унвони "Қаҳрамонмодар" дар даврони Шӯрави (СССР) аз худ имтиёзҳои бисёр дошт, аз он ҷумла роҳхат ба осоишгоҳҳои мамлакат, хаққи пардохти кӯдакон аз 12 рубл то соли 1991 то 500 рубл расида буд, барои як кӯдаки то синни 12 сола....! Дар ҳозира шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатамон ин унвон ба фикрам лозим нест. Сафи Қаҳрамонмодарон ва Қаҳрамонпадаронро сафашон аз имрӯза дида зиёд хохад шуд. Ин боз як проблемаи дигар ба души буҷҷаи мамлакат гаронтар хоҳад шуд. Мутаассифона, дар ҳозира даврони демократӣ аз модаре, ки таваллуд менамояд, дар таваллудхонаҳо маблағ меситонанд, барои ташхис ва барои синфи 1-ум бурдани кӯдак маблағи муайян мегиранд ва ғ. Агар ин унвони Қаҳрамонмодар барқарор ё аз нав таъсис дода шавад, дар он маврид тақрибан то 40-фоизи модарони тоҷикро ба ин унвони баланд сарфароз гардонанд. Хулоса, хамаи МОДАРОНи тоҷик арзандаи ин унвони баланд мебошанд, аммо шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатамонро низ ба инобат гирифтан лозим.

Хонандагони азиз, оё шумо тарафдори аз нав таъсис додани унвони “Қаҳрамонмодар” дар Тоҷикистон ҳастед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД