Ҷо Байден, Президенти Амрико, пас аз оне, ки аз Колорадо бармегашт, ҳангоми баромадан аз дари чархбол сарашро сахт зад.
Ҳодиса дар майдончаи Кохи Сафед рух дод, зеро чархболи президент дар он ҷо фуруд омад. «Ӯ ҳангоми баромадан аз чархбол сарашро ба остонаи дар зад. Кохи Сафед вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кард.
Як рӯз пеш аз ин ҳангоми дар минбар буданаш ӯ ба қуттии рег пешпо хӯрда, сахт ба замин афтид. Баъди ин, талоши хестан кард, аммо ин бенатиҷа буд. Дар ин вақт посбонҳои атроф ба наздаш расиданду президентро аз ҷой хезониданд.
Ҷо Байден, ки имсол 81-сола мешавад, куҳансолтарин президент дар таърихи Амрико аст. Ӯ вақтҳои охир чандин бор пешпо хӯрда афтодааст.