Formula novemver 2024
Аввал ғарқам кардию баъд наҷотам додӣ...
1608

 

Бодҳои фасли зебои баҳор маҳин-маҳин мевазиданду дарахтон аз хоби ноз бедор мешуданд ва ҷисми сардгаштаи карахташон аз шуои офтоб ҷон мегирифтанд.

Садои хониши булбулон аҳён-аҳён ба гӯш мерасид. Чӣ қадар баҳорро дӯст медоштам. Аммо фасли баҳор чунон қалбамро хуншор кард, ки дигар тобу тоқати шунидани номи онро надорам. Ин лаҳзаҳо садои парандагон маро ба худ овард. Рӯи сабзаҳои навхези баҳор бо ҳамсинфам Камол мисли мори печон ба ҳамдигар ҳалқа зада мехобидем.

Сарам чарх мезаду дар баданам сӯзишеро эҳсос мекардам. Худоё, ба ман чӣ шуда бошад? Оҳиста-оҳиста ақлам ба кор медаромаду корҳои онрӯза ба ёдам меомад. Он рӯз занги охир буд. Баъди гирифтани номаи камол бо ҳамсинфонамон ба тамошои кӯҳ баромадем. Рақсидему бозидем ва дигар чизеро дар ёд надорам. Камолро мушт мезадам, фарёд мезадам: “Чаро маро ба ин ҷо овардӣ? Чаро номусамро доғдор кардӣ?” Рӯз бегоҳ шуда буд. Ҳаво оҳиста-оҳиста торик мешуд. “Нобакор, чаро ба ман раҳм накардӣ? Медонистӣ, ки ман яккадухтари модарам будам. Модарам маро бе падар ба воя расондааст.

Бо чӣ қадар орзую ҳавас маро ба шавҳар додан мехост”. Он субҳ ба ман куртаи атлас пӯшонда “духтари ман арӯси таппа тайёр шудааст” гӯён, хурсандӣ мекард. Орзуҳои модарамро барбод додӣ. Акнун ба ӯ чӣ мегӯям?”

Аз ҷой хеста, ба лаби дарё давидам. Мехостам худро ба об партояму аз ин шармандгӣ раҳо ёбам. Аммо ба соҳил нарасида, Камол аз пасам давида омада, маро маҳкам ба оғӯш кашида, зораю тавалло мекард, ки ҳаргиз ин корро накунам. “Ягон илоҷашро меёбем. Қасам мехӯрам, ки туро аз модарат хостгорӣ карда, бо ту хонадор мешавам. Ин сир байни ҳардуямон пинҳон мемонд”,-гуфт. Базӯр худро дошта, аз раъям гаштам. Бо пару боли шикаста ба хона баргаштам. Модарам хеле сарзанишам кард, ки дер кардаму аз фикри зиёд фишораш баланд шудааст.

“Бо ҳамсинфонам шабнишинӣ доштам.” Хобам намебурд. Аз фикри зиёд чунон сарам ба дард даромада буд, ки ягон дорую дармон таскин намедод. То супурдани имтиҳонҳо чанд рӯзи дигар дар мактаб будему халос. Ҳамеша Камолро ёдрас мешудам, ки маро шарманда накунад. Баъди хатми мактаб дигар Камолро намедидам. Танҳо бо телефон суҳбат мекардему халос. Рӯзе сарам чарх зада, дилам беҳузур мешуд. Ба Камол занг зада гуфтам, ки нотоб шудаам, беҷону бемадорам. Ӯ хавотир шуда гуфт, ки “Гулшан, боз ту ҳомила нашуда бошӣ?” “Чӣ, ту девонаӣ?”. Чунинашро ҳатто тасаввур карда наметавонистам, “ман фардо шаб ба хонаатон хостгор мефиристам”,-гуфт Камол.

Шаби дигар волидони Камол ба хостгорӣ омаданд. Модарам аммаю холаҳоямро ба назди меҳмонҳо даъват кард. Он шаб аммаи калониам омада, бо модарам ҷанҷол бардошт, ки акаам васият карда буд, ки Гулшанро худат келин кун. Ман бошам, аз тарс мисли барги бед меларзидам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки модарамро аз ин воқеа огоҳ созам, аммо аз тарси модарам чизе гуфта натавонистам. Он шаб модарам хостгоронро ҷавоби рад дод. Субҳи барвақт Камол занг зад, ки чаро модарат розӣ нашудааст. “Гулшан, боз сари моро дар бало нагузорӣ. Ман ба ваъдаам вафо кардам. Хостгор равон кардам. Он тарафаш кори ту...”. “Дар насибам чизе, ки бошад, розиям, Камол...” гуфта, телефонро хомӯш кардам. Чанд рӯз пас аммаам омада, моро фотиҳа карду дар тараддуди тӯй шудем. Ман ҳамеша ғамгин будам. Модарам шӯхикунон мегуфт, ки боз ҳамон Камолро дӯст надошта бошӣ? Зуд-зуд гиря карда, каме худро сабук ҳис мекардам. Пас аз ду ҳафта писари аммаам аз хизмат баргашту рӯзи тӯйро муайян карданд. Рафтори ман хешу таборонро дар ҳайрат мегузошт. Гӯё маро ба хонаи бахт нею ба хонаи охират гусел мекарда бошанд. Холаҳоям “ягон ҷоят дард мекунад?” гӯён, дар танҳоӣ маро пурсуҷӯ мекарданд. Ниҳоят, шармандагие, ки тӯли чанд муддат пинҳон карда мегаштам, ошкор шуд. Он шаб писари аммаам нодухтар буданамро дид,а чунон лату кӯб кард, ки ҳайвонро чунон намезаданд. Аз садои доду фарёди ман ҳама аз хоб хеста, ба хона зада даромаданд. Ман бошам, аз зарбаи сахти шавҳарам рӯи хона беҷону бемадор мехобидам. Аммаам писарашро ҷанг мекард, ки “Чаро ӯро ба ин ҳол овардӣ. Соқу саломат бурда, ба дасти модараш месупоридӣ. Накушӣ, духтари касро”. Дере нагузашта, ман хунрав шуда, аз ҳуш рафтам. Аммаам тарсида, маро худи ҳамон шаб ба беморхона бурданд. Духтурон гуфтаанд, ки дар батнаш якмоҳа кӯдак доштасту вайрон шудааст. Онҳо маро дар беморхона партофта, худи ҳамон шаб кӯчу бандамро бурда, ба хонаи модарам партофтанд. Модарам қарибиҳои рӯз гирякунон ба беморхона омад. Модонистам, ки оқибаташ чунин мешавад. Дигар мадори гӯш кардани суханони таҳқиромези модарамро надоштам. Он рӯз баъди каме ба худ омадан модарам маҷбур кард, то ҳақиқатро барояш нақл кунам. Модарам саросема аз ҷо хеста, ба хонаи Камолино рафт. Аммо мутаассифона, Камол аз тарс чипта харида, ба Москва рафтааст. Ман бошам, дигар аз шарм ба деҳа баргаштан намехостам. Дар беморхона бо Гуля ном духтари зебое шинос шудам. Ӯ аз модарам бо зораю тавалло хоҳиш мекард, ки моро ҳамроҳи худ ба Москва барад. Он ҷо ҷои кор ва маоши хуб дорад. “Каме кор карда, асабҳоямро ором карда, сонӣ зуд бармегардам, модарҷон” гуфтам. Бо сад ҳилаю найранг модарамро розӣ кунонидем. Рӯзи дигар моро модарам то фурудгоҳ гусел кард. Он шаб аз фурудгоҳ моро як марди тотор пешвоз гирифт, ба хонае бурд. Гуля маро бо он мард шинос кард: “Меҳмон аз Душанбе! Ин ҷо роҳат бош, дугонаҷон. Ин хонаи ман аст”. Шарм доштам, ки пурсам ӯ ба ту чӣ мешавад. Шояд шавҳараш бошад, андеша мекардам. Гуля ба ман сару либосҳои нимбараҳна оварда доду барои оббозӣ ба ҳаммом даромада, сару рӯямро шустам. “Мо кай ба кор мебароем?” пурсидам аз ӯ. Дар ҷавоб ӯ гуфт “Ҳамин ҷо ҷои кор аст. Бегоҳ меҳмонҳо меоянд. Онҳоро зиёфат додан лозим...” Шаб Гуля дастурхони зебое орост. Дере нагузашта, се-чор марди шикамкалони мӯйлабдоре сари миз ҷамъ шуда, суҳбат мекарданд. Ман аз хонаи дарун онҳоро назорат мекардам. “Канӣ, меҳмонатро ҷеғ зан, мо шинос шавем, Гуля",- гуфт яке аз он мардҳо. Гуля омада, маро ба назди онҳо бурд. Бо таъзим ба онҳо салом додам. Маълум шуд, ки ба онҳо писанд омадам. “Имшаб ин чӯҷаи парӣ дар ихтиёри ман аст”,-гуфт марди бадрӯё ва як миқдор пул бароварда, ба Гуля дод. Он замон дарк кардам, ки ин ҷо чӣ ҷое будааст. Ин зан ба корҳои ифлос даст мезадааст. Дигар чорае надоштам. Дар ин шаҳри бегона ба куҷо ҳам мерафтам? Маҷбур будам то ҷамъ кардани роҳкиро дар ин ҷо монам. Он шаб бо дили нохоҳам хоҳиши он мардро иҷро кардам. Субҳ дар сари дастархон наҳорӣ нахӯрда, ғамгин менишастам. “Чӣ шуд?”-пурсид Гуля,-“Кор маъқулат нашуд? Маҳ гир, ин ҳақи хизмат...” гӯён як миқдор пул дароз кард. Не нагуфта, пулро гирифтам. Чунки ба пул муҳтоҷ будам. Шаби дигар боз Гуля чанд марди дигарро даъват кард. Вақте ки баъди хӯрдани хӯрок Гуля маро назди онҳо ҷеғ зад, ба назди онҳо рафта, се чор марди тоҷикро дидам. Яке аз онҳо Камол буд... Маро дидан замон, гӯё ӯро барқ зада бошад, чашмонаш аз косахонаи сараш мебаромаду аммо сир бой намедод. “Апаи Гуля, ин меҳмонат ба ман писанд омад. Ӯ имшаб дар ихтиёри ман аст”,-гуфт Камол. Шаб бо Камол танҳо мондем. Ӯ маро ҷанг мекард, ки чаро ба ин роҳи ифлос даст задӣ. “Аз рӯи кори кардаи ту ба ин ҳол гирифтор шудам”-гӯён аламам дучанд шуду Камолро ба оғӯш гирифта гиристам. “Илтимос, аз ин морхона раҳоям кун. Дигар тоқат надорам”-гӯён, Камолро зора мекардам. Он шаб Камол маро наҷот дод. Баъди хоб рафтани мардум мо аз он ҷо гурехтем. Шабона Камол маро ба фурудгоҳ оварда, гусел кард ва ваъда дод, ки аз ин ҷо баргардад, маро ба занӣ мегирад. Субҳ ба Душанбе расидам. Таксиеро киро карда, ба деҳа, ба хонаи модарам омадам. Аз корҳоям ба модарам чизе нагуфтам. Як миқдор пуле, ки дар даст доштам, ба модарам додам. Овозаю гапу калочаи ман дар деҳа хомӯш гашта буд. Аз Камол миннатдор будам, ки маро наҷот дод. Пас аз ду рӯз дар деҳа садои доду вой баланд шуд. Модарам аз кӯча хабар овард, ки Камолро дар Москва ба қатл расондаанд ва имрӯз ҷасадашро меоранд. Бо шунидани ин сухан гӯё ҷон аз баданам ҳам баромад. Барои ман шуда, ӯро ба қатл расондаанд. Маро бубахш, дӯстам. Маро аввал ғарқ кардию баъд наҷотам додӣ. Худатро бошад, дарё бурд...

Имрӯзҳо зиндагиям маъние надорад. Туро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард... Ҷоят ҷаннат бошад.

Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД