Arzon march 2024
ҶАВОНТАРИН МОДАР ДАР ТАЪРИХ
09.09.2021
Оила
1221

 

Лина Медина 27-уми сентябри соли 1933 дар ноҳияи Тикрапои музофоти Кастровиррейнаи Перу ба дунё омадааст.

Вақте ки ӯ ҳамагӣ 5 сол дошт, волидонаш ҳис карданд, ки шиками духтарашон рӯз то рӯз калон мешавад. Онҳо бо гумони он ки фарзандашон ба беморие гирифтор шудааст, ба табиб муроҷиат намуданд. Мутахассисони беморхонаи маҳаллӣ баъди ташхиси дуру дароз муайян карданд, ки духтарак дар моҳи ҳафтуми ҳомиладорӣ қарор дорад. Касе ба ин хабар бовар кардан намехост, ҳатто худи табибон ҳам, ба ҳамин хотир, Линаро ба шаҳри Лима, пойтахти Перу, ба назди табиб Ҳерардо Лосада фиристоданд.

Номбурда низ тасдиқ кард, ки духтарак дар ҳақиқат ҳомиладор аст. Бо гузашти ду моҳ, аниқтараш 14-уми майи соли 1939 Линаро ба таваллудхона бурданд. Азбаски ӯ ниҳоят хурд буду бо роҳи табиӣ таваллуд карда наметавонист, табибон ба хотири саломатии модару кӯдак тифлро бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар ба дунё оварданд. Писарчаро, ки бо вазни 2,7 кг ба дунё омада буд, ба хотири табиб Ҳерардо Лосада, Ҳерардо ном гузоштанд. Ҳерардо то замони 10-солагиаш гумон мекард, ки модараш ба ӯ хоҳарбузург мешавад. Баъдан, ин сирро ба ӯ кушоданд ва маълум нест, ки писарак инро чӣ гуна қабул намуд. Ҳерардо 40 сол умр дида, соли 1979 дар натиҷаи бемории мағзи устухон аз дунё гузашт.

Лина баъди ба балоғат расиданаш издивоҷ кард ва соли 1972 дувумин писари худро ба дунё овард. Ҳоло ӯ ҳамроҳи оилааш дар шаҳри Лима зиндагӣ мекунад. Саволе ба миён меояд, ки падари Ҳерардо кӣ буд? Мутаассифона, ин савол то кунун ба худ ҷавоб пайдо накардааст, зеро Лина дар ин хусус умуман ҳарф задан намехоҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 1939 падари Линаро бо гумони таҷовуз ба номуси духтараш дастгир карда буданд, аммо вақте ин овоза тасдиқи худро наёфт, ӯро раҳо карданд. Дигар ҳеҷ тадқиқоте дар ин самт анҷом дода нашудааст. Ҳамин тавр, Лина Медина дар таърихи сайёраи Замин ҷавонтарин модаре мебошад, ки дар синни 5-солагӣ таваллуд кардааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД