Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як корманди қалбакии ҳифзи ҳуқуқро хабар медиҳад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ як марди 27-сола боздошт шудааст.
Боздоштшуда сокини ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат мебошад ва худро ҳамчун корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, аз як сокини ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри мазкур бо баҳонаи оне, ки гӯё бо як рафиқаш дар Федератсияи Россия доду гирифт намудаст, 6 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ин корманди сохтаи мақомот ҳангоми гирифтани 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба чанг афтида,нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.
Ин нахустин ҳолати сохтакорӣ набуда, қаблан низ чандин кормандони сохтаи комиссариати ҳарбӣ ва майору капитанҳои бе пагон дар сари ҷиноят ба даст афтида буданд.