Arzon march 2024
ҶАВОНИ БАНГИ ҲАМСОЯАШРО КУШТУ...
03.12.2020
Р. Азимӣ
4170


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ҷамшед Ҷумъазода, сокини 29-солаи ноҳияи Зафаробод хабар медиҳад, ки ҳамсояааш ҷавони 24-соларо куштаву модарашро лату кӯб кардааст.

Тибқи иттилои Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд, шоми 10 ба 11-уми ноябр аз ҷониби шахси номаълум шаҳрванд Давронбеков Беҳзод Эркиновичи 24-сола, сокини ноҳияи Зафаробод, дар ҳудуди манзили истиқоматиаш, назди иншоотҳои ёрирасони кӯчаи Байналмиллали шаҳраки Зафаробод, маҷбуран аз ҳаёт маҳрум карда шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон модари ӯ Зиёева Малоҳат Ризоевнаи 44-сола, дар дохили ҳуҷраи истиқоматиаш мавриди латукӯби шадид қарор мегирад.

“Аз зарбаи олоти кунду сахт ба қисмати сару рӯй Беҳзод Давронбеков ба ҳалокат расида, бо истифода аз ҳамин гуна олот ба модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин расонида шудааст”,-афзудааст, манбаъ.
Пас аз 10 рӯзи ҳодиса маъмурини пулис Ҷамшед Ҷумъазодаро бо гумони содир намудани ҷинояти махсусан вазнин боздошт карданд, ки дар ҳамсоягӣ бо ҷабрдидаҳо истиқомат дошт.

“Хусумати шахсӣ, бадбинӣ нисбати якдигар, қасду қасосгирӣ ё дигар муносибатҳои моливу пулӣ байни гумонбаршуда ва ҷабрдидаҳо, аз фарзияҳои аввалин то ошкор шудани ҷиноят буд, ки дар доираи чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ тасдиқ наёфт”,-мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, тибқи далелҳои ҷамъоваришуда аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона ва ҳолати мастӣ байни Ҷамшед Ҷумъазода ва Беҳзод Давронбеков муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, баъдан бо гумони он, ки модари охирон кирдори ҷиноятиашро мушоҳида кардааст, қасди аз ҳаёт маҳрум кардани Зиёеваро намуда, зарари вазнин ба саломатияш расонидааст.

Тафтишоти ҳодисаи одамкуширо мақомоти Прокуратураи ноҳияи Зафаробод пеш мебарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД