Қаҳру ғазаб душмани қаттолест, ки натанҳо боиси сар задани моҷаро, ҷангу ҷанҷол ва фалокат гашта,одамони бегуноҳ аз он зарар мебинанд, балки ба сари соҳибаш низ бадбахтиҳои зиёде оварда метавонад. Ҳодисае нохуше, ки ба сари ду ҷавони суғдӣ омад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавони 29-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови Вилояти Суғд бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар хабар додааст.
Тавре манбаъ мегӯяд,тахминан соатҳои дувоздаҳи шаб байни ин ҷавон ва як ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ-АЗС «Газнефть» ҷангу ҷанҷол ба амал омада, дар рафти ин моҷаро ҷавони 29-сола рақибашро корд задааст.
Ҷабрдида бо захми корд ба бемористон интиқол дода шуда, нисбати ҷавони бадқаҳр бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.
Тафтишоти ин қазияи хунин азҷониби мақомот идома дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони бехирад чанд умри азизашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳадкард.