sebiston july new
АВБОШӢ ДАР МАҲАЛЛАИ МОҲИ НАВ
4166

Ҳафтае нест, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ шоҳиди ҳодисаҳои зӯроварӣ, ҷангу ҷанҷол ва ё садамаи автомобилӣ нагардем.

Хусусан вақте акс ва ё видеои моҷарои одамонро дар интернет мепартоянд, зери он шарҳои танқидбор равона мегардад. Мақсад аз ин гуфтаҳо моҷарои як духтари ҷавон ва ошиқаш аст, ки дар маҳаллаи Ҳайёти нав сурат гирифтааст.


Ба гуфтаи шоҳидон ҳодиса тахсинан соатҳои 19-30 дар пеши чашми одамон рух додааст. Ҷавони тануманд бо сабабҳои номаълум ба духтарак таҳдид карда, бо корди дар дасташ буда, мӯйҳои ӯро бурида, чанд ҷойи дасташро захмин кардааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милитсия нафари ҳамлакунандаро, ки ҳамагӣ 19-сол доштааст, дастгир карданд.

Ба гуфтаи онҳо ҷавон сари қаҳру ғазаб ба духтари 18-сола, ки яқин меравад ошиқаш аст дарафтода, чунин ҷинояти азимро дар пеши чашми роҳгузарон анҷом додааст. Ҷабрдидаро дар беморхона бистарӣ карданд. Аз рӯи ин ҳодиса айни ҳол тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД