Мардро сутуни хонадон мегӯянд, агар ин сутун мустаҳкаму қавӣ бошад, оила то ба охир по барҷо мемонад.
На ҳар як мард метавонад, ҳамсарашро омӯзаду ҳамчун омӯзгор барояш раҳнамо гардад, вале Саттор Турсун тавонист дар тӯли 24 соли ҳамзистӣ бо ҳамсараш барояш ҳам омӯзгор, ҳам устод ва ҳамзамон ҳамнафасу ҳамсар бошад.
Дар бораи ҳаёти эҷодии ин нависандаи нотакрор дар рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр навиштаанду менависанд, зеро Саттор Турсун дар адабиёти тоҷик мавқеи хоси худро дорад, аммо имрӯз мо дар бораи асарҳои нотакрори ин абармарди сухан чизе намегӯем. Имрӯз мо паҳлӯиҳои дигари зиндагии ӯро бозгӯ карданием, зеро барои ин марди асил имрӯз рӯзи хос буда, устоди гиромиқадр Саттор Турсун зодрӯз доранд. Роздону роздори ҳар як мард пеш аз ҳама ҳамсари ӯст, аз ҳамин хотир мо дар боби хислатҳои ин марди бузург ҳамрҳои ҳамсарашон Ҷавҳари Саидназар, ки бо тахаллуси Лолаи Саидназар шеър мегӯяд, як сӯҳбати басо ширин оростем, ки фишурдааш манзури хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ мегардад.
-Ҷавҳар, қабл аз ҳама зодрӯзи марди хонадонатонро муборакбод мегӯем! Агар зид набошед, мехостем атрофи ҳаёти шахсии шумо бо ин нависандаи бузурги тоҷик каме сӯҳбат намоем.
-Ташаккур ба шумо, ки ба шодии хонадони мо ҳамроҳ шудед!
-Чанд сол мешавад, ки шумо бо ин марди машҳур, боғурур ва бо нангу ори тоҷик ҳамдаму намнафас ҳастед?
-Шукри Худо 23 сол аст, ки мо паҳлӯи ҳамдигарем!
-Аксарият бар ин назаранд, ки бо шахсони эҷодкор, махсусан бо мардони шӯҳратёр зиндагӣ кардан барои зан хеле мушкил аст...?
-Албатта зиндагӣ бо эҷодкор мушкил аст, зеро онҳо дили нозук доранд. Барои бо Саттор Турсун барин марди бузург зери як бом зистан зан бояд донишманд, оқила ва бисёр ботамкин бошад, донад, ки кай бояд сухан бигӯяд ва чӣ гуна марди худро дастгирӣ намояд. Гумон накунед, ки ман худро ситоиш карда истодаам, ин гуфтаҳо ба тамоми занҳое, ки ҳамсари эҷодкор доранд, дахл доранд. Барои он ки марди эҷодкор бо корҳои эҷодиаш машғул шуда, асарҳои беҳтарин офарад, пеш аз ҳама фазои хонадонаш бояд хуршедӣ бошад. Дар хона оташи гармиву муҳаббат набошад, эҷодкор эҷод карда наметавонад.
-Рост аст, ки шумо пеш аз издивоҷ ошиқи навиштаҳои Саттор Турсун будед?
Албатта. Аввал ба эҷодаш ошиқ будам, баъд ба худаш ошиқ шудам. Бояд як нуқтаи бисёр муҳимро қайд намоям, ки муттаасифона оини ҷавонмардӣ аз байн рафта истодааст, вале ҳамсари ман то ба имрӯз ғурури мардиашро устувор нигоҳ доштааст. Ӯ ҳамчун мард дар зиндагӣ маро бисёр дастгирӣ мекунад. Китобҳоямро чоп кард, дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёт кӯмакам мекунад, умуман шавҳарам ҳамчун мард дар зиндагӣ идеали ман аст.
-23 сол умри кам нест. Давмои ин муддат бештар дар кадом масъалаҳо нофаҳмиҳо ба миён меомад?
-Воқеан ҳам дуруст қайд кардед, ки 23 сол ин умри як ҷавонмард аст. Ман намегӯям, ки мо ҳамеша мисли ширу шакар будем, гоҳҳо нофаҳмиҳо ба миён меомаданд, вале дар маҷмӯъ Саттор марди асил, марди ҳақиқист.
-Кадом хислати шавҳаратонро мепарастед?
-Бисёр инсони ҳақиқатпараст аст. Ҳар ҷо, ки сухан гӯяд, аз ҳақиқат мегӯяд, вале ин чизро на ҳар кас қабул дорад.
-Метавон гуфт, ки таъсири эҷодии оила шуморо шоир кард ё пештар ҳам истеъдоди шеъргӯӣ доштед?
-Пештар ҳам менавиштам, лекин шавҳарам бароям як донишгоҳ гашт. Ӯ он қадар аз нозукиҳои забон огоҳ аст, ки бо сухан тасвир кардан басо душвор аст. Ҳар калимаамро, ҳар шеърамро аз назар мегузаронад ва мисли як мунаққиди сахтгир камбудиҳоямро ошкро дар рӯям мегӯяд. Ҳар чизе эҷод мекунам, хоҳ лирикӣ бошад, хоҳ дар васфи падару модар, хоҳ дар васфи ватан ҳамаи шеърҳоямро қабл аз нашр ҳатман мехонад. Устоди сахтгир аст ва маҳз туфайли роҳнамоии ӯ ман ҳамчун як эҷодкор рушд кардам. Ҳар касе 20 сол қабл эҷодиёти маро хонда бошад, дар муқоиса бо имрӯз баҳои баланд медиҳад ва ҳамаи ин ба ман бо шарофати заҳматҳои шавҳарам даст додааст. Баъзан бо шӯхӣ шавҳарамро “энсклапедияи зинда “ мегӯям. Ӯ воқеан ҳам сазоври ин ном аст, зеро ҳолатҳое мешаванд, ки ҳатто вақти дарс ягон мушкилӣ пеш ояд, занг зада, вобаста ба шеър ҳатман маслиҳаташро мепурсам. Сахтгирии шавҳарам буд, ки ман мавқеи худро дар ҷомеа устувор намудаам.
-Мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ашъори шумо шинос ҳастем, пушти ин ашъори лирикӣ кӣ меистад, манзурам қаҳрамони шеъроятон кист?
-Қаҳрамони шеърҳоям шавҳарам аст!
-Яъне он чизе, ки ба қалам медиҳед, ҳамааш ба шавҳаратон рабт дорад?
-Не, чунки баъзе шеърҳои ман инъикоскунандаи ҳаёти дигарон аст, масалан, ҳамкорону дӯстону ва ғайра, аммо ашъори ишқиам бештар ба Саттор тааллуқ дорад. Ифтихор мекунам, ки бо чунин як марди бузург зиндагӣ дорам, аз ҳамин марди бузург сабақи зиндагӣ омӯхтам. Ман як шеър дорам, ки чунин оғоз мешавад:
Ман бонуи қишлоқию ашрофзода
Сарлавҳаи ишқи дилписандат зебад.
Як бонуи 28- солаи деҳотӣ будам, то ҷое тавинист маро тарбия кард, тарзи ороиши мӯю рӯю, либоспӯшӣ ва дастархонороиро ба ман омӯхт. Шукри қисмат ва сарнавишт мекунам, ки ӯро ба ман расонид.
-Фарқияти зиёди синну солӣ монеъи ба ҳам роз гуфтан ва шӯхӣ кардани шумо намегардад?
-Ростӣ ман фарқияти синну солиро эҳсос намекардам, чунки вақте мо оиладор шудем, шавҳарам аз синну солаш хеле ҷавон менамуд. Ҷавонмарди замонавӣ буд, беҳтарин ороиши мӯй мекард, то ба имрӯз беҳтарин либосҳоро ба бар мекунад, гаронтарин атрҳоро истифода мебарад. Дар масъалаи шӯхиву сӯҳбат, Саттор осмон бошад, ман замини ӯ ҳастам. Шавҳарам шӯхиҳоямро зиёд дӯст медорад. Мардум шояд фикр кунанд, ки Саттор Турсун бисёр марди ҷиддӣ аст ва шояд дар умраш ягон бор шӯхӣ накарда бошад, вале дар асл ин тавр нест. Ман ба наздикӣ китоберо ба нашр расониданиям, ки дар он тамоми хушгӯиҳои шавҳарам ҷой гирифтааст.
-Аз беморшавии устод тобисти имсол огоҳ шуда будем. Имрӯз ҳолашон чӣ тавр аст? Беҳтар шуданд?
-Мутаассифона, шавҳарам микроинсулт гирифтанд. Баъди табобатҳои тӯлонӣ вазъи саломатиашон хубтар шудааст. Дар вақти бемории шавҳарам ӯро дубора омӯхтам, чунки ҳеҷ гоҳ бемор буданашро ошкор намекард. Ҳамеша ғами маро мехӯрд, то асабӣ шуда, бемор нашавам.
--Зодрӯзи устод чӣ гуна мегузарад, дар ҳалқаи фарзандону дӯстон ё дар ягон тарабхона?..
-Ду фарзанди мо Шоҳин ва Ромин дар Америка зиндагӣ мекунанд ва аз рӯйи имконияташон гоҳо барои табрики падарашон меоянд. Ромин як моҳ пештар аз Амирко ба айёдати мо омада буд. Ду фарзанди дигарамон дар шаҳр хона дошта бошанд ҳам, ба тақозои касбу корашон дар ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд.
Умуман, ҳамасола аз соати 8-и субҳ дари мо барои ҳама кушода аст. Ин анъана 22 сол боз имдома дорад.
-Айни ҳол устод ба чӣ корҳо машғуланд?
-Саттор Турсунро ба маҷмӯъаи “Ахтарони Адаб”, ки аз 30 ҷилд иборат мебошад, дохил карданд. Дар ин маҷмуъа як қиссаи наваш бо унвони “Зиндагӣ дар домани талҳои сурх” дохил гаштааст, бар замми ин, дар арафаи ҷашни 30- солагии истиқлолият “Се рӯзи як баҳор”- ба нашр расид.
-Барои сӯҳбати ошкоро як ҷаҳон ташаккур. Дар охир мо аз номи аҳли қалам ва муштариёни сомонаиОила. ТЧ нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсунро бо ҷашни мубораки 76-умин солгарди умрашон сидқан шодбош мегӯем. Ҳатман табрикот ва меҳру ихлоси бепоёни моро ба устод расонед.
М. Давлат
Р/С
Саттор Турсун Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, Корманди Шоистаи Тоҷикистон ва дорандаи ордени Дӯстӣ буда, бо асарҳои безаволаш "Дили гарм", "Сукути қуллаҳо", "Камони Рустам", "Аз субҳ то шом"," Барф ҳам мегузарад", "Се рӯзи як баҳор", "12 ҳикоя", "Дарахти ҳазорсола", "Санг дар бағал ба тӯфон", "Зимистони умр" дар насри тоҷик пояи устувор ниҳодааст. Асарҳои ин абармарди сухан аз зумраи беҳтарин намунаҳои насрии адабиёти тоҷик буда, то имрӯз хонандагони сершумори худро доранд. Дуо мекунем, ки Офаридгор ба ин марди асил ва суханвари накрор умри дарозу тани сиҳат ато намуда, то басадсолагӣ ҳамеша мисли саманди дар адабиёти тоҷик ҳамеша пештоз бимонад.