formula55
ҲАСУД қисми 6
1427

Давомаш ...

Аввалашро дар ин ҷо хонда метавонед

 

Домоду хусур сари роҳ ба ҳавлии Музаффар даромаданд. Ҳавлӣ тоза рӯбучин шуда буд.

- Модари Малика ҳар гоҳ омада хабар мегирад, - гуфт падар, - Малика пеш аз рафтанаш чунин супориш дода буд. Мардум ин ҳавлиро "ҷинхона" номгузорӣ кардаанд.
Музаффар ҳайратомез ба падари Малика нигарист.
- Бале, "ҷинхона". Ҳасуду Қоқи дарозро дар ин ҳавлӣ ёфтаанд, ки лучи модарзод шуда дар оғил хобидаанд. Қоқи дароз табобат шуд, ба худ омад. Аммо Ҳасуд то ҳол бемор, дар як ҳафта симояш ба пирамари навадсола монанд шуд.
Музаффар хам шуда, аз гулҳои Малика бӯ кашид.
- Аз ин гул танҳо мо дорему шумо, ин гул дар дигар ҳавлӣ намерӯяд.
- Наход?
- Вақте Малика таваллуд шуд, марди дарвеше ба назди дарвозаамон омад. Ману модараш хурсанд будем, ӯро ба хона даъват кардем. Чунки мард ба талбандаҳо монанд набуд. На хӯрҷин дошт на кӯлбор, вақти рафтан аз бағал тухми ҳамин гулро бароварда ба ман дод ва гуфт, ки танҳо "Малика" метавонад гулро парвариш кунад. Мо ба дарвеш номи духтарамонро нагуфта будем, дар ҳайрат шудам. Пас аз рафтани ӯ барои имтиҳон чор дона тухми гулро дар рӯи ҳавлӣ шинонидам. Ягон чиз нарӯид. Вақте Малика чорсола шуд, рӯзи таваллудашро ҷашн гирифтем. Боз ҳамон дарвеш омад, то ин дам тухми гулро пурра фаромӯш карда будем. Аз дастурхон танҳо як пиёла чой нӯшид ва хотиррасон кард, ки чор дона тухмӣ намерасад. Иқрор шудам, ки чор донаро ман дар замин пошидам. Дарвеш лабханд карду Маликаро дар сари зонуяш гирифт, сарашро навозиш кард ва фармуд, ки чанд дона аз тухмро дар замин корад. Малика ҳамин тавр кард ва аз болояш об рехт. Ҳарчанд касе рехтани обро ба ӯ наомӯзонда буд.
Рӯзи дигар аллакай гулҳо неш заданд, баргаҳои ғайриоддӣ доштанд. Аммо то фасли сармо мунтазир шудем, ягон дона гул накард. Зимистон ҳам нахушкид, сарсабз монд. Буттаеро, ки дар хона дорем, ҳабдаҳ сол дорад. Тӯли ҳабдаҳ сол гул набаст. Вақте ба сохтмони хона сар кардем, шумо бо ҳамроҳии дигар устоҳо дар хона меҳнат мекардед, гул муғча баст.
- Дар хотир дорам. Таваҷҷӯҳи маро низ гулбутта ба худ ҷалб мекард.
- Ман инро мефаҳмидам. То анҷоми сохтмони бино гул нашукуфт. Дар байн чанд хостгорҳо омаданд, духтарам ба ҳама ҷавоби рад медод. Ману модараш аз тақдири Малика меандешидем. Ниҳоят боре шуморо бо ӯ дидам, ки пиёлаи чойро ҳарду мустаҳкам медоштеду ҳарфе намезадед.
Музаффар шармид, гунаҳкорона ба гулҳои Малика дида дӯхт.
- Аввал аз кирдори ҳардуятон дар хашм шудам, хостам бегоҳ пас аз рафтани шумо ӯро танбеҳ диҳам. Аммо модараш монеъ шуд, гуфт, ки шояд ҳамдигарро дӯст дошта бошанд. Субҳ ба намози бомдод бархостам ва дидам, ки як гул шукуфтааст. Дарҳол модарашро огоҳ кардам. Модараш дар ҳайрат шуд ва фоли нек шумурд. Ҳамон бегоҳ модари шумо бо зане хостгорӣ омаданд. Мо розӣ шудем. Субҳи дигар аллакай ҳамаи гулҳо шукуфта буданд. Ва мо ин гулро "гули Малика" ном ниҳодем. Асрори гул боз дар он аст, ки ранги он ба ҳар кас ҳар гуна метобад.
Музаффар дар тааҷҷуб шуд. Ба гул менигаристу ба симои падар.
- Нафаҳмидам. Ин гул дар хонаи шумо ҳам сурх метобад, дар ин ҷо ҳам.
- Бале. Шумо инро сурх мебинед, аммо дигарон кабуд мебинанд. Наззора - хола сиёҳ дидааст. Маро дар кӯча дида, хотиррасон карда буд, ки парвариши гули сиёҳ дар хона хосияти хуб надорад.
- Аҷиб. Шумо гулро бо кадом ранг мебинед?
- Сурх албатта. Боз як хосияти гул дар он, ки чорво ва занбӯр буттаро умуман намебинанд.
- Инашро аз куҷо фаҳмидед?
- Гӯсолаи Ҳасуд арғамчинро канда ба ҳавлӣ даромадааст. Аз шохи дарахт баргашро чида хӯрдааст, кабудиҳоро чидааст, аммо ба гул заррае осеб нарасондааст.
- Марди дарвешро дигар надидед?
- Дидам, имрӯз. Дар паҳлӯям нишаста, дар ҳаққи Лаъли-хола дуо хонда рафт. Аз пасаш ба кӯча баромадам, аммо наёфтам. Аз ҷавонони дар назди дарвоза нишаста пурсидам, гуфтанд, ки касе аз наздашон нагузаштааст.
- Оё ҳамин тавр ҳам шуданаш мумкин?
- Он чизе, ки ман мебинам, шумо намебинед. Он чизе, ки шумо мебинед, ман намебинам. Мешавад ҳамин гуна ҳолатҳо.
- Номи аслии Лаъли-хола чист? Шояд Лайлӣ бошад?
- Номи аслии раҳматиро ман ҳам намедонам. Шояд ин тахаллуси ӯ бошад, ки дар ҳама маъракаҳо худро масъули сабаду лаълиҳо мегирифт. Худованд ҷояшро Ҷаннат гардонда бошад, чӣ тавр ба даҳонаш каждум даромадааст, то ҳол муаммост. Хайр, мурдаҳоро ба ҳоли худашон гузорем, қудо чӣ хел? Шунидам, ки чашмашон пурра табобат шудааст.
- Шукри Худованд, ҷарроҳӣ хуб гузашт, ҳоло низ табобат мегирад. Профессор дар ҳақиқат марди донишманд будааст. Дили модарамро ба зиндагӣ гарм кард, модарам ҳамроҳи ҳаётии худро дарёфт кард.
- Аз инаш ҳам огаҳ ҳастам. Бигузор хушбахт бошанд. Модаратон рӯзгори хушро кам дидааст, дар хотир дорам ранҷу азобҳоеро, ки модаратон аз сар гузаронидаанд. Шумо ба фикрам хеле хурдсол будед, дар хотир ҳам надоштагистед.
- Не, ман падарамро умуман дар хотир надорам.
- Дар ҷавонӣ модаратон духтари ниҳоят зебо буданд, ба падаратон касе духтарашро надод. Модаратон ятим ба воя расидаанд, дар дасти амма тарбият ёфтаанд. Бинобар шумо хешу табори бисёр ҳам надоред. Пас аз марги падаратон, рӯзгори модаратон боз сангинтар шуд. Шуморо ба саҳро мебурд, дар марзи заминҳои колхоз гузошта меҳнат мекард. Чанд марди занмурда мехост бо модаратон никоҳ кунад, аммо розӣ намешуданд. Аввалҳо аз чашмашон об мешорид, гумон мекардем, ки дар фироқи шавҳарашон мегирянд. Вале ин одат шуд, рӯз аз рӯз чашмашон хира мегашт. Ниҳоят, боре дидам, ки чӯб дар даст аз зери девор мераванд. Аз назди сада то дари хона чанд қадам буданашро мешумурданд.
- Инаш дар хотирам ҳаст. Боре гуфтанд, ки пас аз Маликаро ҳамроҳашон гирифтан, шумори қадамҳоро фаромӯш кардаанд.
- Чанд рӯз дар ҳавлӣ мемонед?
- Пагоҳ ба Тошканд бармегардем. Мизоҷамон кам нашавад. Мо ба кори савдо гузаштем.
- Хеле хуб. Худованд баракати кору давлататонро диҳад.
- Вале мо барои шодиёна гирифтан омадем. Малика гуфт, ки ин хабарро худам ба шумо расонам.
- Малика ҳомиладор шуд?
- Бале, дер ояду шер, дугона будани набераҳоятон дина пурра тасдиқ шуд.
- Худоё... Шукри беадад... - мард аз дасти Музаффар сахт гирифта оғӯш кушод, - табрик мекунам. Чаро мо дар ин ҷо истодаем? Рафтем ба хона! Як гӯсфандро ният карда будам, сар мезанем, ба маҳалла, ба бенавоёну ятимон ош медиҳам! Хонаи қассоба медонед?
- Баҳодурро мешиносам.
- Хабар кунед, омада гӯсфандро кушад.
Ҳарду шитобон аз ҳавлӣ баромаданд. Мӯйсафеде дар паси дарвоза меистод. Музаффар салом дода аҳволпурсӣ кард.
- Бегоҳ ба ҳавлӣ гузаред, - гуфт хусур ба пирамард, - як гӯсфанда бо ният парвариш мекардем, Худованд ба оҳи бандааш расид, вақту соаташ омад, бояд онро забҳ кунем.
- Ба кадом муносибат?
- Ба муносибати фарзанддор шудани Музаффарҷон!
- Чӣ? - авзоъи пирамард беҷо шуд.
- Мегӯям, ки Музаффарҷон соҳиби фарзанд мешавад.
- Ҳамин Чиркинак?
- Чиркинак не, Музаффар! Илоҳо ҳамеша зафар ёраш бод.
Пирамард қафаси синаашро бо дасти чапаш дошт ва ба асояш такя кард. Тамоми вазни ҷуссаашро ба асо бор кард, ки асои аз шохи тут сохтааш мисли камон қат шуд. Ҳамин ҳоло бояд мешикаст ва эҳтимоли афтодани пирамард буд. Бинобар Музаффар дар ҳолати омодабош меистод. Аммо асо нашикаст, баръакс аз дасти пирамард раҳо шуда, чанд қадам онсӯтар парид. Мӯсафед бошад мувозинаташро нигоҳ дошта натавониста калавид, ки дарҳол Музаффар аз бозуи хушкидаи пирамард дошт.
- Даст нарасон, палид, - мӯйсафед дасташро раҳо карданӣ шуд, - маро ба ҳоли худам гузор!
Музаффар ба хусураш ишора кард, ки ӯро дорад ва худ рафта асоро овард.
- Бобо, аз ман чӣ бадӣ расид, ки маро чашми дидан надоред? - оромона пурсид Музаффар.
- Маро бобо нагӯ, касиф, ман ҳамсоли ту ҳастам.
Мӯйсафедро ба ҳоли худаш гузошта, ҳарду ҷониби хонаи Малика шитофтанд.
- Ман рафта наметавонам, ду кило гӯшти беустухонро хона биёр, - гуфт аз пасашон пирамард.
- Ин ноқисулақл кист? - пурсид Музаффар аз хусураш, ки ҳамеша "падар" ном мебурд.
- Номи аслиашро намедонам, лекин мардум ҳама "Ҳасуд" номаш мебаранд.
- Ҳасуд? Наход ҳамин шахс Ҳасуд бошад? Охир вай дар ҳақиқат ҳамсоли ман буд. Дар як сол ҳамин қадар пир шуда бошад?
- Ин ҷавонро кинаву ҳасад ба ин аҳвол расонд. Муваффақияти як касро дида наметавонад, пас аз Кучуки ланг ҳақорату дашном ба забони ӯ гузашт.
- Кучуки ланг ҳам мурд?
- Кайҳо мурда буд. Раҳматӣ чанд муддат аз забон монд, гуфтание медошт, ишора мекард ё дар коғаз менавишт.
Ҳарду ба хона расиданд, Малика шитобон омада падарашро оғӯш кард.
- Омадӣ, духтарам? Мо туро хеле пазмон шудем. Аз омаданат хеле хурсанд ҳастам. Маъракаро гузошта, наздат шитофтам.
- Мо дастурхон кушодем, марҳамат! - Малика ба хона муроот кард.
- Не духтарам, пас аз ним соат дер мешавад, мо бояд қассобро даъват кунем. Музаффарҷон аввал ба хонаи қассоб равед.
Падар сертараддуд буд. Либосашро иваз карда, аз оғил гӯсфандеро кашола карда бароваод. Дар як лаҳза гӯсфандро сар зада, дар дарахти зардолу овехтанд. Қассоби моҳир гӯштро ба чанд қисм ҷудо кард. Қисми камустухонашро бо иҷозати падар Музаффар гирифта ба кӯча баромад. Ҳасуд ҳанӯз дар ҳамон ҷо, мунтазири Музаффар меистод. Баробари гӯштро гирифтан, даҳони халтаро кушода назар кард.
- Ба ту беустухон фармудам, инро гиру ба ягон саги бесоҳиб деҳ! - гуфта гӯштро ҷониби Музаффар ҳаво дод. Музаффар гӯштро гирифта пас гаштанӣ буд, ки Ҳасуд ӯро боздошт:
- Маърака дорӣ? Як табақ аз палав биёр!
- Фурсат надорам - гуфт Музаффар ва шитобон ба хона баргашт. Халтаро дида Малика ҳайрон шуд.
- Гӯштро набурдед?
- Бурдам, нагирифт. Устухон дорад, гуфт.
- Бандаи ношукр, ба Хадича - хола баред. Падарам боз чанд халтаро омода кардааст, онҳоро ҳам ба соҳибонаш супоред.
Музаффар халтаҳоро гирифта аз ҳавлии Хадичахола сар кард. Баробари ба дарвоза наздик шудан, марде аз ҳавлӣ берун омад, ришаш мошу биринҷи зебо, ҷомаи дарози сафед ба бар дошт.
- Ассалому алейкум, - гуфт Музаффар.
- Ва алейкум ассалом, муборак шавад, писарам, - гуфт мард ва дасти дуо бардошт, - Илоҳо омин, бахт ёрат бод, Худованд мададгорат, ризқат фаровон бошад ва ҷонат ҳамеша дар амон, омин!
Музаффар халтаҳои дар даст доштаашро ба замин гузошта, даст ба рӯй бурд.
- Омин!
Музаффар мехост мардро низ ба хона даъват кунад, аммо аллакай ӯ набуд. Ба ду канори кӯчаи танг нигарист, сар ба ҳавлии Хадичахола андохт, нест.
"Аҷабо, дар як лаҳза ба куҷо рафта бошад?"
Тамоми халтаҳоро аз рӯи рӯйхати тартибдодаи хусураш ба камбизоатон расонда, дуои нек гирифт. Ҳодисаи рухдодаро ба падари Малика нақл кард.
- Ҳатто фурсати ба меҳмонӣ даъват кардан нашуд, дар як лаҳза куҷое ғайб зад, - гуфт ӯ.
- Пас, агар ба чашми шумо ҳам намоён шуда бошад, фоли нек аст, - гуфт падар ва Музаффарро назди гулҳои Малика даъват кард, - нигаред, зери буттаҳои гул боз чанд буттачаҳои нав сабзидаанд. Ин бори аввал аст, ки аз реша буттаҳои нав месабзанд.
Музаффар назди буттаҳо нишаст ва буттачаҳои навро навозиш кард. Малика низ наздаш омад ва ба зону нишаст. Чашмони меҳрбори ҳарду ба ҳам бархӯрданд...
Субҳ ҳарду омодаи сафар буданд, ки аз марги Ҳасуд хабар расид. Асояшро газида, дар кӯча ҷон додааст.
 
Анҷоми қисса
Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Маҳфуза 2023-06-26, 17:11
Қиссаи хеле таъсирбахш шояд баъзеҳо фикр кунандки ин бофтааст вале ман ба мӯъҷизаи Аллоҳ боварй дорам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Маҳфуза 2023-06-26, 17:11
Қиссаи хеле таъсирбахш шояд баъзеҳо фикр кунандки ин бофтааст вале ман ба мӯъҷизаи Аллоҳ боварй дорам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД