Дар як лаҳза хурӯси даканг ва миқдоре пул оварданд. Фолбинбибӣ ба косаи пуробаш нигариста, илтиҷо кард, ки "йигитҳоро" баргардонанд ва як каф аз оби мӯъҷизаофар гирифта бар сари хурӯс пошид.
Хурӯс як худашро афшонду қадашро ёзонда бол кушод.
- Ана акнун бармегарданд, - гуфта пулро дар кисаи камзӯл ҷо кард.
То бегоҳ мардум мунтазир, вале аз ҷавонон дарак не. Боз ҷамъ шуда хонаи Фолбинбибӣ омаданд.
- Йигитҳо дар қишлоқ, дар хонаи торик мехобанд, - гуфт Фолбинбибӣ.
- Хонаи торик? Ин магар... Астағфируллоҳ... - касе аз байни издиҳом пурсид.
- Бояд худи ҳамин рӯз дарёфт кунед, вагарна то саҳар эҳтимоли ҷон доданашон ҳаст.
Ҳама дар як лаҳза пароканда шуданд, дохили ҷӯйбор, даруни сандуқ, таҳхонаву болохона, ҳамаро аз назар гузаронданд. Наззора-хола хабар расонд, ки сару либосашон дар миёни буттаҳои гули Малика печидааст. Чор нафар Ҳасуд ва Қоқи дарозро бардошта, миёни деҳа бурданд. Дар сарашон аз сатил оби сард рехта ҳушёр карданд.
Пири маҳал ҳамаро ором карда, аз ҳарду шаб дар куҷо хобиданашонро пурсид. Ҳарду китф дарҳам кашиданд ва гуфтанд, ки дар Бӯстоне, миёни хубрӯён буданд.
Ин ҷумла обрӯи Фолбинбибиро боло бурд. Эътиқоди мардум нисбаташ дучанд гашт.
Вале Ҳасуд бо Қоқи дароз сабаби дар оғил мадҳуш шуданашонро донистан мехостанд. Аввал гумон бурданд, ки ҳавлӣ ягон асрор дорад. Пас аз чанд рӯзи дуди испандхӯриҳо рӯзона бо маслиҳат дар ҳавлии Чиркинак шуданд. Касе ду ҳалқаи дарро бо матои сиёҳ гиреҳ баста, навиштаҷоте овехтааст: "Эҳтиёт! Париҳо!"
Ҷавонон пас гаштанд, ворид шуданро ба ҳавлӣ лозим надониста аз девор ба буттаҳои гул назар карданд. Куртаҳо дар қабати шохаҳо набуданд. Дили ҷавононро ваҳм гирифт. "Чиркинак баргаштааст" - хулоса карданд онҳо.
Вале Чиркинак ҳанӯз дар Тошканд машғули савдо ва табобати чашмони модар буд. Ӯву Малика ҳамчун аъзои оилаи профессор гашта буданд. Бо тоҷир бошад муомилаи хуб дошт. Ҳар бегоҳ музди меҳнаташро оварда дар дасти Малика медод ва ҳарду ба беморхона назди модарашон рафта, соатҳо сӯҳбат мекарданд. Модар аллакай ба ҷониби фарзандон менигарист ва мегуфт, ки танҳо суробашонро мебинад.
Дар бозор бошад, кори Чиркинак ривоҷ меёфт, маҳсулотҳои нав ба навро истеҳсолкунандагон бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод мекарданд ва маблағашро пас аз ба фурӯш рафтани мол мегирифтанд. Ин боис шуд, ки доираи фаъолияташро каме васеътар гардонад. Тоҷир аллакай тамоми амалиётхоро ба Чиркинак бовар карда, дар бозори дигар ҷои нав гирифт.
Чиркинак ҳар бегоҳ ба тоҷир шумораи моли қабулкарда ва маблағи фурӯхташударо месупурд ва дар дафтараш қайд мекард.
Боре тоҷир Чиркинакро ба хонааш даъват кард. Манзили ӯ дар маркази шаҳри Тошканд воқеъ буд. Бемории модарро сабаб оварда Чиркинак аз меҳмон шудан дар хонаи тоҷир даст кашид.
- Модарам табобат мегирад, - гуфт ӯ, - пас аз муолиҷа албатта меҳмон мешавам.
- Модаратро чӣ ранҷ медиҳад, - пурсид тоҷир.
- Модарам чанд соли охир нобино буд, шунидам, ки дар Тошканд як табиб табобат мекардааст. Алҳол мо дар хонаи ҳамон табиб ҳастем.
- Муолиҷа ягон натиҷа дод?
- Шукри Худованд беҳбудӣ ҳаст. Аз рӯи гуфташ, аз рӯи суроб шахсияти касро муайян карда метавонад.
- Табобаташ чанд пул мешавад? Тамоми хароҷотҳоро ба зиммаи худ мегирам.
- Ташаккур барои дастгириатон, ба шарофати шумо ман соҳиби маблағи хуб шудам ва барои пардохти муолиҷа имконияти бештар ба даст овардам.
- Чанд рӯз пеш як хоб дида будам. Онро ба касе нақл накардаам, ман умуман одами хобшунав ҳам надорам. Метавонам ба ту нақл кунам?
- Албатта, вале чаро шахси хобшунав надоред?
- Ман як писар доштам, эрка буд раҳматӣ, - тоҷир як оҳ кашиду нақлашро идома дод, - ба муносибати рӯзи таваллудаш, дар бистсолагӣ як мошини нав тӯҳфа кардам. Гумон кардам, ки дар тиҷорат кӯмакрасони ман мешавад. Вале ӯ ҳар рӯз аз ман пул мепурсиду бо айшу ишрат машғул мешуд. Насиҳатҳоямро гӯш намекард. Агар пул намедодам, аз шиносҳоям қарз мегирифт ва ба эҳтиёҷоташ сарф мекард. Кор то дараҷае расид, ки ҳаҷми қарзаш аз арзиши мошин бештар гаштааст. Шиносам омада пулро талаб кард, ростӣ ман хабар надоштам. То баргаштани писарам ҳарду мунтазир нишастем. Вақте писарам баргашт, талаб кардам, ки калиди мошинро ба шиносам диҳад. Ягон ҳарф нагуфт ва назди мошин рафт. Гумон кардам, калидро мегираду ба сарам ҳавола мекунад. Аммо ин тавр нашуд, мошинро гиро карду ба шаст аз дарвоза баромаданӣ шуд. Ин дам дарвозаи оҳанӣ бо хости Худованд ва шамоли сахти тирамоҳ пӯшида шуд. Чунон сахт бархӯрд, ки дар дарвоза нақши мошин монд ва худи дарвоза дар болои мошин афтод. Дарвоза ниҳоят вазнин буд. То ҳамсояҳоро даъват кардем, писарам дар сари фармон ҷон додааст, - тоҷир ашки чашмонашро бо нӯги ангушташ тоза кард, - ман ӯро гуфта, пас аз марги ҳамсарам дигар хонадор нашудам. Доштам чанд хонуме, ки омода буданд маро дар ҳаёт ҳамсафарӣ кунанд.
- Ҳамсаратон кай фавтиданд?
- Ду сол аз писарам пештар, саратон шуд бечора. То Ҳиндустону Олмон бурдам, нашуд. Алҳол ду додар дорам, онҳо ҳам тоҷир. Ба тиҷоратам бо чашми ҳасуд менигаранд, "акнун истироҳат кун, меросатро ба кӣ ҷамъ мекунӣ?" - мегӯянд.
- Чӣ хоб дидед, ки боъиси озурдагии шумо гашт?
- Аз хобам озурда нашудам, баръакс хушҳол шудам. Соли гузашта Худованд маро ба зиёрати Каъба муяссар гардонид. Хоб дидам, ки дар барам ту ва зане бо либосҳои сафед ҳастед. Зан чунон зебо буд, ки аз рухсораҳояш нур меборид. Чашмони шаҳло дошт. Ба сӯяш менигаристам, ки ин ҳурлиқо кӣ бошад? Аз ту пурсидам, гуфтӣ, ки модари азизат аст. Бо ҳамин анбӯҳи одамон моро аз ҳамдигар ҷудо сохт. Хеле ҷустам, аммо туву модаратро дигар надидам.
Чиркинак дарк кард, ки тоҷир чӣ нақшаҳо дорад.
- Пас, модари ман ҳам ба зиёрати Каъба мушарраф мешавад?
- Танҳо нияти холис доштанат лозим, писарам...
Чиркинак дар хотир надорад, кай ӯро марде "писарам" гуфта бошад. То ин дам аз ҳама танҳо таънаву надомат мешунид.
- Ман бояд равам, - гуфт Чиркинак, - дер мешавад.
- Аз пагоҳ савдои бозори Юнусобод пурра ба дӯши худат, фоидаву зарарашро ба зимма гир.
- Андеша карданам лозим, - Чиркинак дигар ҳарфе нагуфта аз хона берун шуд.
Имрӯз воқеае рух дод, ки дар гӯшаи хаёлоташ набуд. Модараш ҳанӯз табобат мегирад, то пурра муолиҷа ёфтани ӯ, назар ба пешгӯиҳои профессор, як соли дигар ҳаст.
Ба хона расида аз аҳволи модар пурсон шуд.
- Шукр писарам, - гуфт модар, - маро гуфта бисёр ранҷ кашидӣ. Имрӯз бо Маликахон ба сайри боғ баромадем. Шукри Худованд, ба фарқияти рангҳо расидам. Чӣ хел зебост дунё?
Чиркинак ба берун назар кард, барги дарахтон ҳама як ранг доштанд - зард.
"Дар фасли тирамоҳ кадом рангро мушоҳида карда бошад?" Маликаро бо ангушт ишора кард, ки берун барояд.
- Чӣ гап дорӣ? - пурсид модар, - аз ман гапи махфӣ доред? - ва дар лабонаш табассум дамид.
- Гунаҳкорам, модарҷон, - Чиркинак зери пои модар хам шуда пои модарро бӯсиданӣ шуд.
- Ҳай-ҳай писарам, ин чӣ кори кардагиат?
Чиркинак воқеаи бо тоҷир рух додаро нақл кард.
- Шарм ҳам бошад, дигар илоҷ надорам, модарҷон. Ман бояд дархости ӯро ба шумо мерасонидам, вагарна фардо ҳам дар назди Худованд ва ҳам бандааш қарздор мемондам.
Модар дар ҳоле, ки сари фарзандро навозиш мекард, ғайричашмдошти Чиркинак ба пешниҳоди тоҷир розӣ шуд. Чиркинак дар ҳайрат монд.
- Ман дигар намехоҳам, ки мардум ба ҳоламон ханданд. Ҳарчанд нобино будам, аммо дарк мекардам. Дар чилу панҷ соли ҳаётам ман нав дунёро шинохтам. Бо чашми кӯрам некро аз бад ҷудо кардам. Инсони ҳақиқӣ, адл, инсоф, хоксорӣ ва ҳамаи хислатҳои хубро бо чашми пӯшида эҳсос кардам. Барои одамро шинохтан лозим нест чашми бино доштан. Ман Маликахонро бори охир дар синни даҳсолагиаш дида будам, орзу доштам, ки ҳамин духтар арӯси мо мешавад.
(давом дорад)