Модар пир набуд, аммо дарди чашм охир ӯро нобино сохт. Ба табиби деҳа муроҷиат мекард, духтур ба шаҳр мефиристод. Аммо ягон дору нафъ набахшид. Ба ҳаминаш ҳам шукр!
Пас аз фавти шавҳар ба хотири фарзандаш дигар шавҳар накард. Рӯзгор барвақт қомати ӯро хамид. Бори зиндагӣ ба дӯш дошт, кӯдаки ширхора дар бағал саҳро мерафт. Фарзандашро дар марз мегузошту заҳмат мекашид. Пас аз як соли фавти шавҳар, симои худро дар оина диду тарсид. Лоғару сип-сиёҳ гашта буд. Баҳорон дар колхоз кор мекард, ҳамроҳаш дар як даст кӯдак, дар дасти дигар як дарза алаф меовард. Умед дошт, ки рӯзе бузе мехарад, нонро бо равған мехӯрад. Аммо ба орзуяш нарасид, Барои як буз пулашро захира карда натавонист. Писараш мактабро хатм кард. Ҳарчанд саводи кофӣ дошт, таҳсилро идома надод. Дар назди модар монд, то кӯмак кунад, зиндагиро омӯзад. Назди устоди дуредгар шогирд шуд. Мизу курсӣ месохт, кандакорӣ мекард, нақшҳои нав меофарид. Устои пир ҳам рӯзе бемор шуд, тешаву рандаашро ба шогирд мерос гузошт. Аммо шогирд натавонист дигар аз ҳунари дуредгарӣ рӯзгорашро обод кунад. Ҷои устодашро дар бозор дигар ҳунармандон гирифтанд. Шогирди ятиммондаро касе дастгирӣ накард, инак чор сол мешавад, ки ба сохтмончиҳо ҳамроҳ шуда, дар деҳа хона месозанд.
Имрӯз бошад супоришро худаш гирифт, муздро низ худаш мегирад. Агар Худованд қувват бахшад, хонаро худаш месозад, баланду барҳаво. Сипас аз маблағи ҷамъовардааш чашми модарашро табобат мекунад...
Олуфта - яке аз ҷавонҳои деҳа буд, ки аз аввалинҳо шуда ба Малика хостгор фиристод, аммо ҷавоби рад шунид. Барқасд аз шаҳр як духтари таннозро овард. Таннозхон аз субҳ то шом сурмакашӣ мекард, дар кӯчаҳо, дар бари Олуфта хиромон роҳ мегашт, то замин озор наёбад. Ба кинову консерт мерафтанд аз дасти ҳамдигар гирифта, гӯё аз ин маҳал набуданд. Аз ҳарду ҳамеша бӯи атр меомад, гарде дар либосашон дида намешуд. Кафшҳо доим ялаққосӣ буданд.
Олуфта боре Чиркинакро дар қади кӯча вохӯрд. Наздик нашуд ба ӯ, қадаме дуртар истоду аҳвол пурсид.
- Минбаъд дар кӯча бо ин гуна либоси ифлос нагард, - маслиҳат дод ба Чиркинак, - айб мешавад. Ба худат нигар, охир зан дорӣ, хайрият, ки модарат нобиносту аҳволатро намебинад.
- Корам ифлос, хок меканам, ин либоси кориам аст. Дар хона либоси тозаамро мепӯшам.
- Ту бояд дар кӯча бо либоси тоза гардӣ. Бо ин аҳволат ҳамсарат ҳам пас аз як моҳ ҳамранги ту мешавад.
Чиркинак дигар ҳарфе нагуфта роҳашро идома дод.
Дар чор рӯз қариб се ҳазор дона хишт рехт ва аз Раис хоҳиш кард, ки сифати хиштҳояшро санҷад ва баҳо диҳад. Хишти хушкшуда мисли сафол садо медод. Раис чанд хиштро ба боло ҳаво дод, то ба замин бархӯрда шиканад. Аммо ягон дона хишт нашикаст. Ба ӯ бовар кард ва сохтмони хонаро ба ӯ супурд.
Раис дар деҳа шахси обрӯманд буд, дар маъракаҳо болонишин. Ягон нафаре набуд, ки сухани ӯро нагирад. Дар ҷамъомаде нишаста аз боби хиштҳои рехтаи Чиркинак ҳарф зад.
- Хиштҳои Чиркинак санги хороро мешиканад, кунҷаш дастро мебурад, чунон вазнин, ки ду донаашро бардошта наметавонӣ.
Сифат кардани кори Чиркинак ду нафарро писанд наафтод. Пучуқ ва Ҳасуд хостанд хиштҳои Чиркинакро санҷанд. Бо ин мақсад, нисфи шаб, вақте Чиркинак корашро анҷом дода ба хона рафт, ҳарду дар болои хиштҳои наврехтаи ӯ гаштугузор кардан хостанд. Аммо ҳамагӣ як қадам дар болои хишт гузошта тавонистанду халос. Лойҳо кафши ҳардуро газида имкони роҳ гаштан надоданд. Хеле кӯшиш карданд, вале кафшҳояшонро раҳо карда натавонистанд. Онҳоро лозим омад, ки аз баҳри ду ҷуфт кафши қиматашон баромада, пои луч роҳи хонаро пеш гиранд.
Субҳ Чиркинак кафшҳоро озоду беозор аз хиштҳо барканду онҳоро соҳиб шуд. Ҳарду андозаи пои Чиркинак буданд.
Мирсаид Хамкор, [09.06.2023 15:38]
Чиркинак тамоми маҳораташро дар рехтани хишт ва задани девор истифода мебурд, девор рӯз аз рӯз қомат меафрохт. Минбаъд аз музди кораш метавонист ба хонаи Раис нони пурра оварад, шикамсерӣ тановул кунад ва барои табобати модараш захира кунад. Ғайрати шавҳарро дида, Малика низ хоҳиш кард, ки дар кори ӯ кӯмак кунад. Дар овардани об, то мавзеи сохтмон расондани хишт ёрирасон бошад. Модар розӣ шуд, Чиркинак ҳам дар бараш будани ҳамсарашро маъқул шуморид. Танҳо шарт ҳамин буд, ки нисфирӯз Малика аз модар хабар мегирад ва хӯрок медиҳад. Ду ҷавони дилдода ба кор хурсанд мерафтанду хушҳол бармегаштанд. Инро дида Кучуки ланг писханд зад:
- Инҳо ҳарду девонаанд, чӣ сабаб гашта бошад, ки ҳарду хушҳоланд. Охир ҳоли шуморо дида булбул аз хониш мемонаду мурғ аз тухм, - дар гулӯи Кучуки ланг чизе дармонд, хост сулфа кунад, аммо натавонист. Садояш мисли ғурроси саг баромад.
- Ғурррр...
Ба гирду атрофаш назар кард, ки касе нест. Хурсанд шуд, ки касе нашунид, вагарна боиси хушҳолии нафаре мешуд. Кучуки ланг худ хандида наметавонист ва касе то ҳол надидааст, ки боре аққалан табассум карда бошад. Борҳо бачагони дар кӯча хандакардаро медошту ҳақорат мекард "Чиро дидӣ, ки механдӣ? Ягон тугмаам кушода мондааст, ки кайфиятат чоқ шуд? Э, дар гӯри дадот хар..."
Дар назди Кучуки ланг касе наметавонист балзагӯӣ кунад, агар ягон нафар латифаеро мегуфт, дарҳол:
- Ягон ҷои хандаовараш нест, - мегуфту ба даҳони шунаванда ҳам мӯҳр мезад.
Бо кӯмаку дастгирии Малика хона қомат меафрохт. Раис кӯшишу ғайрати ҷавононро дида, бештар музд медодагӣ шуд. Аз бозор меваҳои тар меовард, ба Чиркинаку Малика либосҳои нав харид. Сохтмони хонаро зану шавҳар дар ду моҳ ба итмом расониданд.
- Дар ороишу пардоз ҳунар дорӣ? - пурсид Раис.
- Не, - гуфт Чиркинак, - коре, ки наметавонам, ба ӯҳда гирифта наметавонам.
- Боке не, меомӯзӣ!
Чиркинак розӣ шуд ва як моҳи дигар ба пардози хона машғул шуд. Дар бараш Малика мондагиро эҳсос намекард.
Наззора-хола ҳар дафъа назди дарвоза менишаст ва омади зану шавҳари ҷавонро пешвоз мегирифту рафташонро гусел мекард. Саломашонро алейк мегирифту то аз назар пинҳон шуданашон аз пасашон менигарист. Ниҳоят Маликаро рӯзе наздаш даъват карду беибо пурсид:
- Аз тӯятон чанд вақт гузашт?
- Ним сол шуд, хола.
- Ҳомиладор нашудӣ?
Малика аз шарм рухсораҳояш лолагун гаштанд.
- Чашми мардум ба шумо, тезтар як кӯдак таваллуд карда, бо сари баланд гард.
- Кӯдаки моро мардум бонӣ мекунанд?
- Ризқи кӯдакатро Худованд медиҳад, мардум ба кӯдаки шумо чӣ кор дорад?
- Пас дар назди кӣ сарбаланд гардам?
- Бисёр шаттоҳӣ накун, ман нӯҳ фарзанд таваллуд кардам, хӯрондам, пӯшондам...
- Ризқи кӯдаконатонро магар Худованд надод?
- Бисёр доно метобӣ, албатта Худованд дод, ман танҳо он ризқро чидаму ба кӯдаконам додам. Ту аввал як фарзанд ба дунё биёр, баъд бо ман баҳс кун.
- Хола, ман шуморо аз роҳатон дошта пурсидам, ки чанд кӯдак доред?
- Не. Чашми модаршӯят кӯр, намебинад, ки ту ҳомила ҳастӣ ё не.
- Модаршӯям ҳамаро ба чашми дил, аз биноҳо хубтар мебинад.
Наззорахола абрӯ чин карду рӯяшро ба дигар самт гардонд. Малика ҳатто "хайр" нагуфт, роҳашро идома дод.
Вақте маблағи табобати чашми модар ҷамъ шуд, Чиркинак мақсадашро ба модараш баён кард. Модар хеле ба андеша рафт ва ниҳоят пурсид:
- Бовар дорӣ, ки ман боз дунёро мебинам?
- Албатта модарҷон, шайтон ноумед мегӯянд, дар Тошканд табиби хеле донишманд будааст. Суроғаашро гирифтам.
Аз чашми нобинои модар ашк шорид, ашки шодӣ. Ба Малика фармуд, ки либосҳои навашро аз сандуқ гирад ва дарзмол кунад.
- Модарҷон, ман аллакай ҳамаашро омода кардам, - Малика аз ризо шудани модар хеле хушнуд гашт ва аз рухсораҳояш сахт бӯсид.
(давом дорад)