Ҳар гоҳ ӯро бубинам, падараш, зиндаёд Кароматуллои Қурбон ба ёдам мерасад. Ҳамон қаду қомат, ҳамон чеҳра, ҳамон чашму абрӯ, ҳамон табассуми малеҳ ва ҳамон овози ширадоре, ки ба нозуктарин тораҳои дили инсон нохун зада, касро ба дунёи дигар, ба олами руъёҳои ширин мебарад.
Ба назар чунин мерасад, ки Худованд ба миллати тоҷик раҳм карда, булбули шӯридадили ҷавонмаргашро дубора дар симои фарзандаш эҳё намудааст. Инак, Муҳаммадрафӣ боз дар паҳлуи ман нишастааст ва сӯҳбати мо дар боби ҳунару ҳунармандист.
Биҳишти Муҳаммадрафӣ
-Муҳаммадрафӣ, аз дидорат бисёр шодем! Чанд муддат хеле камнамо будӣ, гумон кардем, ки ба хориҷа кӯч бастаӣ…
-Тоҷикистони мо биҳишти рӯйи замин аст. Магар кас биҳиштро партофта меравад?!
-Манзурам эҷод буд, гумон доштем, ки мисли дигар ҳунармандони машҳури тоҷик дар Амрикову Фаронсаву Лондон консерт дода гаштаӣ.
-Албатта сафарҳои хориҷӣ ҳам дар нақша ҳастанд, вале мо бояд аввал ба мардуми худамон, ба миллати тоҷик аз сидқи дил хизмат намоем.
- Эҳсос мекунам, ки ту ҳам мисли раҳматии падарат бисёр ватандӯст-патриот ҳастӣ. Як саволи андаке ноҷо дорам, аммо онро надода наметавонам.
-Ҳарчи мехоҳед пурсед, Муҳаммадрафӣ сирри пинҳонӣ надорад.
-Мегӯянд, ки Муҳаммадрафӣ аз ҷониби дигар ҳунармандон бозхонӣ шудани сурудҳои падарашро хуш надорад…
- Эҷодиёти Кароматуллои Қурбон як баҳри беканор аст, ҳар кас метавонад аз он об нӯшад, вале ҳар кор нозукиҳои худро дорад. Ман танҳо аз сарояндагоне, ки сурудҳои падарамро бозхонӣ карданианд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки пеш аз сабт кардани ин ё он суруд маро ҳатман огоҳ созанд, чунки бисёр таронаҳои падарро ман худам дубора коркард карда истодаам. Нашавад, ки як таронаро чанд кас, такрор ба такрор бисароем. Гумон мекунам, ки ман ҳамчун фарзанди ин марди ҳунар ба мероси ҳунарии ӯ ҳақ дорам.
-Ба шумо эрод гиранд ё хатогиатонро бигӯянд, асабонию хафа намешавед?
-Ман шахси ҳақбину ҳақгӯям, эҳсос намоям, ки эроди гирифтаашон ҳақ аст ва дар ҳақиқат аз ман хатое гузаштааст, ҳатман раҳмат гуфта аз пайи ислоҳи камбудии худ мешавам.
Агар лётчик мешудам...
-Ҳар як инсон ягон “хоббӣ” дорад. Ман медонам, ки аксари ҳунармандони тоҷик фориғ аз эҷод бо футболбозӣ машғул мешаванд. Шумо ба кадом даста аъзо ҳастед?
-Ман аз ин огаҳӣ дорам, вале мухлиси футбол, ки нестам, ба ягон даста аъзо нашудам.
-Муҳаммардафӣ кадом навъи варзишро дӯст медорад?
НОЗИЯИ КАРОМАТУЛЛО: ДАР БОРАИ ШАВҲАРАМ МЕГӮЯМ, ВАЛЕ (ВИДЕО)
-Ба ман варзиши сирф тоҷикона-гӯштин бисёр писанд аст.
-Агар санъаткор намешудед, гӯштингир мешудед?
-Не, лётчик мешудам.
-Чаро маҳз ҳавонавард?
-Намедонам, аз хурдӣ ин касбро дӯст медорам. Ҳар рӯз дар осмони беканор мисли парранда парвоз намудан! Шумо тасаввур мекунед, ки ин ба кас чӣ қадар кайфият бахшида метавонад?!
-Инро бояд аз лётчикҳо пурсид. Хуб, дигарон сурудҳои шуморо шунида истироҳат мекунанд, худи шумо хастагиатонро чӣ гуна мебароред?
-Ман ҳам куфтамро бо суруд мебарорам. Пас аз чандин шабҳои бедорхобӣ самари ҷустуҷӯҳои эҷодии худро шунидан ба кас кайфияти аҷибе мебахшад. Ин кайфиятро дар ягон чизи дигар ёфта намешавад!
Рашк-намаки зиндагӣ
-Иваз кардани лампочка, таъмири хона-ин корҳои сирф мардона ба Муҳаммадрафӣ кайфият мебахшанд?
-Медонед бурди асосии ман дар зиндагӣ чист? Дуруст интихоб кардани ҳамсар!
-Гуфтании, ки ҳама корҳои мардонаю занонаро янга мекунад?
-Қубурҳои об, лампочка, хариди маҳсулот-масъулияти ҳамаи ин корҳо ба зиммаи рафиқ занак гузошта шудааст. Ба бахти баланди банда ӯ бо сари баланд аз ӯҳдаи вазифаҳояш мебарояд.
-Пас, Муҳаммадрафӣ дар хона чӣ кор мекунад?
-Ман ҳам албатта кор мекунам!
-Масалан, чӣ кор?
-Масалан, дар рӯйи диван ғел мезанам. (механдад) Шӯхӣ кардам, вақти холигӣ пайдо шавад, албатта ба ҳамсарам кӯмак мерасонам, вале мо, ҳунармандон одамони серкор, ки ҳастем, модари бачаҳо интизор шуда намешинад, ки кай дасти ман сабук мешаваду ба имдоди ӯ мешитобам.
-Воқеан, чаро имиҷатро иваз намекунӣ?
-Як бор мӯйлабамро гирифтам, медонед чӣ ҳодиса рӯй дод?
-Намедонам. Канӣ, шунавем!
-Як рӯзи дароз дар шаҳр гаштамуе ягон кас маро нашинохт. Барои ман ин «катастрофа»-и ҳақиқӣ буд. Аз ҳамон рӯз қасам хӯрдам, ки дигар ҳеҷ гоҳ мӯйлабамро намегирам.
-Мӯйлаб дар ҳақиқат виқору зиннати мард аст.
-Пас, бигзор Муҳаммадрафиро ҳама бо ана ҳамин мӯйлаби зебояш шиносанд! (механдад)
-Медонам, ки янга албатта рашк мекунад, Муҳаммадрафӣ ҳам рашк дорад ё не?
-Албатта дорам! Марде, ки рашк надорад, чӣ мард аст?! Зиндагие, ки дар он рашк нест, мисли хӯроки бе намак аст.
-Нозия дар як суҳбаташ иқрор шуда буд, ки замони кӯдакӣ падарамро ба бонувони ҳунарманд рашк мебурдам. Ҷиянҳояш ҳам мисли Нозия бадрашканд?
НАХУСТИН СӮҲБАТИ НОЗИЯ ПАС АЗ БОЗГАШТИ ДУБОРА БА САҲНА(ВИДЕО)
-Хурдӣ-ку не, вале эҳсос мекунам, ки духтарчаи калониам рашк дорад.
-Дар вуҷуди фарзандон ҳанӯз ҷавҳари истеъдодро пайхас накардаӣ?
-Ҳарсеашон ҳам ба санъат шавқу ҳавас доранд, вале ҳунарманд мешаванд ё касби дигарро интихоб мекунанд, инро танҳо вақт нишон медиҳад.
-Мабодо гапи янга бо модарат гурезад, тарафи кадомашонро мегирӣ?
-Аслан, то имрӯз байни модарам ва келинҳояш ягон нофаҳмӣ нашудааст, вале рафту чунин шавад, албатта ҷониби одами калонро мегирам. Модарам бо хоҳарам Нозия чи хеле, ки муносибат намояд, бо келинҳо ҳам айнан ҳамон хел муносибат мекунад, яъне модарвор. Ягон модар ба фарзандаш бадӣ намехоҳад. Агар чизе мегӯяд, ба он хотир мегӯяд, ки зиндагидориро ёд гиранд ва дар оянда азоб накашанд. Ман хушбахтам, ки чунин модар, чунин хоҳар ва чунин ҳамсару чунин мухлисони вафодор дорам!
-Дуо мекунем, ки ҳамеша чунин хушбахт бимонӣ.