Sebiston new 2024 october
4-сабаби рехтани мӯйи сар
9511

 

Дар фасли тобистон нафаре нест, ки аз ҳоли табоҳи мӯйи сараш шикоят накунад. Нурҳои офтоб боиси беҷону зудшикан гаштану рехтани мӯйҳо мегарданд.

Маро низ ҳамин масъала маҷбур кард, ки ба «Оила» муроҷиат намоям. Гап сари он аст, ки мӯйи сарам бениҳоят зиёд мерезад. Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Фарзона, н. Шаҳринав.

Чаро мӯй мерезад?

Аслан аз рӯи меъёр дар як рӯз 50-100 тори мӯйи зан ва 100-150 тор мӯйи мард мерезад. Ин як амри табиӣ аст. Мабодо шумораи торҳои мӯйи мерехта аз ин зиёдтар бошад, сабабҳояшро муайян намуда, фавран чора андешидан лозим.

Сабабхои рехтани мӯй

Сабаби якум: Бемориҳои аз сар гузаронида, масалан зуком метавонад боиси рехтани мӯйи сар гардад, хусусан агар шумо таби баланд карда дорувориҳои антибиотикӣ хӯрда бошед.

Сабаби дуюм стресс аст, масалан инсон кам хоб мераваду аз ҳад зиёд кор мекунад. Аз ҳамин сабаб аксари одамоне, ки реҷаи корияшон мувофиқи меъёр нест, наздики 40-солагӣ кал мешаванд.

Сабаби сеюм: Истеъмоли ғизои нодуруст метавонад боиси рехтани мӯйи сар гардад. Парҳез, норасоии сафеда ва витаминҳо дар хӯрок боиси заиф гаштани мӯйи сар мешаванд.

Сабаби чорум нигоҳубини нодурусти мӯйи сар аст. Шампун ва дигар воситаҳои саршӯӣ нодуруст интихоб шуда бошанд, мӯйи сар ба рехтан медарояд.

Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?

Сабабҳои маишии дар боло номбаршударо бартараф кардан душвор нест, танҳо нигоҳубину тарзи хӯрокхӯриро тағйир додан мушкилатонро бартараф месозад. Рафту сабабҳои рехтани мӯй бо тағйиротҳои синнусолӣ ё модарзодӣ алоқамандӣ дошта бошад, бояд назди табиби трихолог шитофт, то ки мӯйи сар тамоман нарезад. Ба ақидаи табибони соҳа рехтани мӯй бо сабаби пиршавии ҷисм низ ба вуҷуд меояд. Аллакай дар 18-солагӣ шумораи фолликулаҳои мӯйи сар кам шудан мегирад. Имрӯз кӯдакон хеле барвақт афзоиш меёбанд ва аз ин лиҳоз барвақт мӯяшон ба рехтан медарояд. Танҳо нигоҳубин ва табобати дурусти мӯй метавонад рехтани онро манъ созад ё ба таъхир гузорад. Барои барқарор сохтани мӯйҳои рехта аз 4 моҳ то 2 сол табобат кардан лозим меояд. Рехтани мӯй характери ирсӣ дошта бошад, барои табобати он вақту маблағи зиёдеро сарф мекунед, аз ин лиҳоз ҳамин ки мӯйҳо ба рехтан сар карданд, дарҳол ба табиб муроҷиат бояд кард.

Табобат кунед

Мақсади ба назди табиб рафтанро дошта бошед, омода бошед, ки бояд аз ташхиси ҳормон, ҳормони ғадуди зери меъда, миқдори микроэлементҳои ҷисм гузаред. Мутахассис тавассути видеокамера-трихоскоп ғафсӣ ва фоизи мӯйҳои заифшударо муайян месозад. Барномаи компютерӣ бо кӯмаки диаграмма ва суратҳои чандин андоза калонкардашуда ҳолати мӯйҳои шуморо нишон медиҳад. Баъди ба даст овардани натиҷаҳои ташхис табиб ба шумо мушкоб ё дорувориҳои ҳормонӣ таъйин мекунад. Табобат аз 4 моҳ то 2 сол вобаста ба ҷиддияти мушкилот давом хоҳад кард. Воситаҳои табобатӣ аз ҷавҳари палмаи хурд, чойи кабуд, ҷавҳари никотин, кофеин, систеин иборатанд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Саъди 2019-09-23, 20:48
Ягон модахое нестанд ки рехтани муйи саро боз дорад.?????
Посух
САИДЧОН 2019-10-01, 19:39
Мусарам бисёри мерезад табобати бисёр кадрам аммо фоидан накард чи илоч агар шумо табобаташро донед архимандрит ёри кунед
Посух
Номи Ман мехрафруз муйи сарм мереза чикор бояд кнм 2023-10-03, 23:55
Муй сари Ман мереза чикор бояд кад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Саъди 2019-09-23, 20:48
Ягон модахое нестанд ки рехтани муйи саро боз дорад.?????
Посух
САИДЧОН 2019-10-01, 19:39
Мусарам бисёри мерезад табобати бисёр кадрам аммо фоидан накард чи илоч агар шумо табобаташро донед архимандрит ёри кунед
Посух
Номи Ман мехрафруз муйи сарм мереза чикор бояд кнм 2023-10-03, 23:55
Муй сари Ман мереза чикор бояд кад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД