tobiston
Асрори хунини падар (ҚИСМИ 5)
525

Роҳбаладамон, ки давоми роҳ хомӯш буд бо мо хайру хуш карда фаромаду мо ба ҳавлӣ даромадем. Рӯйи ҳавлии бошукӯҳи зебо марди солоре ҳезум мешикаст, ӯ маро дидан замон духтари Зайтуна, Зайнураҷон ҷиянакам гӯён ба пешвозамон шитофт. Ӯ аввал Бахтовар, баъд маро ба оғӯш кашида бӯсиду бо овози баланд оча, ҳо оча, хез духтарат омад гӯён гирякунон дасти маро гирифта сӯйи хона бурд…

Он рӯз дар хонаи бобоям мотаме шуд, ки ногуфтанӣ, гӯё модарам нав мурда бошад… Бибию бобои модариям маро чун гул бӯй мекашиданду ҷойи нишастанамро намеёфтанд, дар як замон зани тағоям, ки дар мактаб муаллима будааст дав-давон омаду аз гӯшаи дигари деҳа холаам бо фарзандонаш… Ҳама барои модарам мегиристанд, танҳо бибиям пойни ҳар нолааш “илоҳи гӯри падарат сӯзад, духтарам… Зайтунаи парисоямро падарат кушту қад-қади об кард…” мегуфт.

Бобоям бошад ӯро сарзаниш мекард, ки “дили духтарамро нашикан падарашро бад нагӯ…”.

Ин қадар инсонҳои биҳиштӣ будаанд пайвандони модарам, онҳо ба хотири ман шуда, қотили ҷигарбандашонро бад намегуфтанд, оқибат бибиям ҳам хунро ба хун нашустаанд гуфта ашкашро тоза карду ба тағоям рӯй оварда гуфт:

- Беҳтарин говатро пеши пойи духтарам сар зан, тӯй дорем бачам, апаат зинда шудааст…

Бахтовар маро бо пайвандони модарам монда, худаш ба деҳа баргашту рӯзи дигар писараму хусуру хушдоманам, аммаҳоямро бо тӯҳфаҳои зиёд гирифта ба хонаи бобоям омад…

Бӯйи модар

Бахтовар ба хона баргашту ман як моҳи дароз бо бибию бобоям мондам, холаам албоми суратҳои модарамро ба ман тӯҳфа кард. Модарам чун себи дукафон ба ман монанд буду падарам бошад ба Бахтовар, падару модарам ҳамдигарро дӯст медоштаанд. Ман номаҳои ошиқонаи аз аскарӣ ба модарам фиристодаи падарамро мехондаму ашк рӯямро мешӯст…

Меҳри бузурги ба падарам доштаам нагузошт, ки ман нисбати ӯ нафрат пайдо кунам. Ҳарчанд бибиям дар бораи он ки падарам маро ба онҳо нишон надодаасту чанд бор тағоямро аз дари хонаашон рондааст нақлҳо кард, вале ман натавонистам падарамро бад бинам. Ман падарамро бахшидам, ҳарчанд дилам чун доғ барои модари сиёҳпичаам месӯзад. Холаам, ки ман танҳо аз оғӯши ӯ бӯйи модарамро шамидам мегӯяд, ки ҳарчанд бобоят бо пул ҷони падаратро хариду падаратро қонун ҷазо надод, вале ӯ худашро аз тамоми хушиҳои зиндагӣ маҳрум кард. Умарашро бе зан гузаронд дар дунё ғайр аз ту хурсандие надошт, яъне ӯ аз кардааш сахт пушаймон буду мурдаи берун аз гӯр. Ман низ ба ин андешаҳои холаи рӯзгордидаам розиям, зеро бо чашмони худ медидам, ки падарам худро танҳо ба кор бахшида буд…

Имрӯз ман ҳама чизро дорам, шавҳари меҳрубон, гул барин писар, хешу табор, падарамро низ кайҳо бахшидаам, аммо фоҷиаи зиндагии волидонамро ба хотири сабақи зиндагӣ гаштан ба нафарони дигар рӯйи коғаз овардам…

Ба ҳамдигар меҳрубон бошеду қаҳру ғазабро ба синаатон роҳ надиҳед, зеро пушаймонӣ суде надорад…

ЗАЙНУРА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД