arzon replenishment
Асрори катҳои шоҳонаи Солиҷон
1414

 

Бо дидани катҳои зебо ва пурнақшу нигори кандакорӣ шуда, дили кас якбора равшан шуда, худро хаёлан дар олами дигар тасаввур мекунад.

photo_2022-06-02_10-45-26

Бо аҳли оила ва ёру дӯстон дар рӯйи чунин кати мунаққаш нишасту сӯҳбат кардан кайфияти аҷибе дошта, кас худро шҳу малика эҳсос менамояд, вале офаридани чунин зебоӣ кори саҳлу осон нест. Кандакорӣ таърихи хеле қадима буда, дар замонҳои пешин айвони қасру кӯшкҳоро кандакорӣ мекарданд, амм бо мурури замон мардуми зебопарасти тоҷик аз дару тиреза сар карда, то айвону катҳои нишасти худро бо кандакорӣ оро медодагӣ шуданд. Имрӯз ҳам чунин анъана дар аксари шаҳру навоҳии кишварамон ҷараён дорад, вале на ҳар усто аз ӯҳдаи босифат анҷом ддани кандакрӣ ва аз чӯби оддӣ зебоии дилрабое офаридан дорад. Имрӯз модар бораи як устоди гулдаст бароятон ҳикоят мекунем, ки хеле ҷавон бошад ҳам, панҷ панҷааш ҳунар аст.

photo_2022-06-02_10-45-27 (2)

Солиҷон Қобилов ҳамагӣ 23-сол дорад, вале ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ҳамчун устои моҳири кандакор ном баровардааст. Тӯли чанд сол аст, ки Солиҷон бо ин ҳунар машғул буда, дар бадали ин солҳо тамоми нозукиҳои ин ҳунари зеборо аз худ намудааст. Ин ҷавони гулдаст чӣ тавр кандакор буданашро ба мо чунин қиссакард:

-Дар авлоди мо нафаре нест, ки бо ин ҳунар сару кор дошта бошад. Падару бобо ва бародаронам ҳамагӣ қассобанд ва бо ин пеша умр ба сар мебаранд, аммо ман мафтуни кандакорӣ гашта, қарор додам, ки бояд нозукиҳои ҳамин ҳунарро омӯзам. Зебопарастӣ ва шавқу завқи беандозаамро ба кандакорӣ дида, падарам маро дар назди усто Муродҷон Маманазаров шогирд гузоштанд ва он кас тамоми нозукиҳои ҳунари кандакориро ба ман ёд доданд. Ҳамин тавр устои номдор шуда, то ба имрӯз аз амин пеша нон мехӯрам.

Тавре ки худи Солиҷон мегӯяд, ҳунари кандакорӣ аз кас диди нозук, меҳнатдӯстӣ, сабру тоқат ва тахайюл рангин металабад.

photo_2022-06-02_10-45-28

“Кандакорӣ ниҳоят кори душвору заҳматталаб аст. Ҳунарманд бояд зеҳни тез ва диди зебо дошта бошад, то тамоми сирру асрор ва нозукиҳои ин ҳунарро аз худ намуда, дар рафти кораш дигаргуниҳо ворид намояд" - мегӯяд ҳунарманди ҷавон.

Қаҳрамони мо бештар бо чӯб кор карда, дару тиреза, сандуқу сандуқча ва катҳои зебои кандакоришуда месозад.

Сайёҳони хориҷӣ кандакориро дӯст медоранд ва ба чизҳое, ки мо месозем, мароқи хоса зоҳир менамоянд, зеро дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳунари дастӣ арзиши баланд дорад,-мегӯяд Солиҷон Қобилов.

Қаҳрамони мо ашёи хомро аз Федератсияи Русия ва бозорҳои Истаравшану Спитамен харидорӣ менамояд, то маҳсуле, ки меофарад, натанҳо зебо, балки босифат низ бошад.

photo_2022-06-02_10-45-27

"Мо бештар аз чӯбҳои сасна ва арча истифода мебарем, чунки мустаҳкам ва пурбардошанд" – мегӯяд Солиҷон.

Мо ба ин ҷавони гулдаст барори кор хоҳонем.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД