Марди пиртарини дунё - сокини Британияи Кабир Ҷон Алфред 112-солагии худро дар хонаи пиронсолон ҷашн гирифт.
Ин мӯйсафеди куҳансол феълан хеле мустақил асту ба кумаки касе ниёз надорад. Сабаби дарозумрии худро пирамард дар насибу тақдир медонад ва мегӯяд, ки дар умраш боре ҳам парҳезро риоя накардааст, баръакс ҳар рӯзи ҷумъа моҳиву картошкахушкак истеъмол мекардааст.
Ҷон Алфред дар кӯдакӣ хеле фаъол будаасту бештар пиёдагардӣ мекардааст. Ӯ соли ғарқ шудани киштии машҳури “Титаник” ба дунё омада, таҳти фаъолияти 24 роҳбари давлати Британияи Кабир зиндагӣ кардааст.