Асрори азал (ҚИСМИ 3)
674

Хола банди андешаҳо садои хишир-хиширро шунид, ки аз боли ҳавозаи ток меомад. Гумон кард, ки мурғонаш ба катак надаромада, болои чойлоби ангуранд ва ба боло нигарист.

Дар лаби чойлоб ҷонвари булаҷабе меистод. Духтари зебое бо кокулони дарози марғуладор пойҳои ба пойҳои буз монандашро ҳой дода менишаст. Хола гумон кард, ки ин фиреби назар аст ва бодиққат нигарист. Духтар куртаи сафеди пар-паргиребон дошту аз чашмонаш оташ меборид. Холаи Амонат бо овози баланд “отаи Сафар” гӯён шавҳарашро ҷеғ зад, вале овозаш намебаромад.

Ҳамин дам меҳмони булаҷаб ба гап даромад:

- Ман ин бегоҳ аз хонаи Ризо ҳамроҳи ту омадам, зеро дигар ҷойи рафтан надорам. Бародаронам имшаб Ризоро мекушанд, зеро ман ба ӯ ошиқ будам, онҳо мехостанд ман ин корро кунам, аммо зӯри ман нарасид. Чӣ тавре зӯри онҳо ба муллои Сапеда нарасид, акнун ман бо ту мемонам ва чизе, ки мегӯям, иҷро мекунӣ, вагарна набераҳоятро мекушам!

Ҳошиму занаш аз маърака баргашта, модарро беҳушу беёд болои алафҳои хушк афтода диданду зуд духтар ҷеғ заданд, вале бобои Нур духтурро ба хушӣ ҷавоб дода, назди Қорӣ-Маҳмадҷон, ки занаш ба ӯ ихлос дошт, рафт. Қорӣ хотири мӯйсафед не гуфта натавонист ва ба дуохонии холаи Амонат сар кард…

Холаи Амонат дар олами руъё, ки хеле даҳшатангез буд, понздаҳ рӯз боқӣ монд. Духтари кокулдароз ва чор бародараш ӯро бо зӯрӣ розӣ кунонданӣ мешуданд, ки ҳамроҳи онҳо бошад, вале дар байн садди сафеде буд, ки холаро аз бародарон ҷудо мекард. Духтар ба ӯ ҷасади Ризоро нишон медод, ки дар гарданаш мори сиёҳе печида ва аз кунҷи лабаш хун мешорад. Ин ҳолро дида Холаи Амонат бо тамоми овоз дод мегуфт, гиря мекард. Вале оҳиста-оҳиста духтар бо бародаронаш аз вай дур шудан гирифтанду оқибат ба як нуқтаи сиёҳе табдил ёфта, нопадид гаштанд. Холаи Амонат дар биёбони тафсоне ташнаю гушна зери офтоби сӯзон азоби сахт дошт…

- Очаҷон, оча, чашмонатро кушо,- овози духтари калонияш Гулҷамол холаи Амонатро ба худ овард…

“Худоро шукр”,- зери лаб пичиррос зад Қорӣ-Маҳмадҷон, ки ҳолаташ аз ҳолати хола дида бадтар буд. Гулҷамол об оварда, дар рӯи бистар дасту рӯи модарашро шуст ва бо маслиҳати мулло барояш як косаи калон наботчой доданд.

«Ризоро куштанд…»,- гуфт холаи Амонат ва ба чашмони ҳайратзадаи духтараш нигариста, илова кард, ки «мор дар гарданаш печид…».

Воқеан, ҳамон шаби бемор шудани холаи Амонат Ризо худашро дар оғилашон овехта кушт. Холаи Амонат баъди як моҳ пурра ба худ омад ва ҳолати дар руъё дидаашро танҳо гоҳ-гоҳе ба забон меорад. Сапеда низ шифо ёфт.

- Асрори азалро танҳо офаридгор медонад,- мегӯяд холаи Амонат андешаманд ва аз ҷавонон хоҳиш мекунад, ки ба гапи калонсолон гӯш диҳанд, зеро ягон гуфтаи эшон беҳикмат нест.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД