Деҳаи Олучабоғ дар яке аз ноҳияҳои сарҳадии кишвар воқеъ буда, хеле ободу зебост. Мардуми меҳнатқаринаш деҳаи хурдашонро, ки дар пояи кӯҳдомани зебое доман афрохтааст, хеле ободу зебо кардаанд.
Пирони деҳа мегӯянд, ки ҳангоме аз кӯҳистони Вахё ба ин диёри гарм муҳоҷир карда овардани онҳо аз деҳа ному нишоне набуд, ин ҷо қамишзоре буд, макони шағолу рӯбоҳон, вале дар як баландӣ чанд дарахти олучаи ваҳшие буд. Ва мардум бо шӯхӣ онро Олучабоғ гуфтанду ин ном монд. Ҳоло деҳа дар ҳақиқат боғи сарсабзу зебоеро мемонад.
Мардуми мо хислати аҷибе доранд, баъзан дарду ғаму айбу гуноҳи якдигарро низ ба риштаи шӯхӣ мекашанд. Яке аз кӯчаҳои Олучабоғро сокинони он шӯхиомез кӯчаи девонаҳо меноманд, зеро чор нафар бошандаи ин кӯча бемории рӯҳӣ доранд. Ҳамаи ин бас набуд, ки холаи Амонат, яке аз занони ҳунарманду кайвонии ин кӯча ба қавли мардум паривара шуд. Қиссаи паривара шудану шифо ёфтани холаи Амонатро аз забони худи ӯ шунидам, зеро чанде пеш меҳмони Олучабоғ будам…
Холаи Амонат дар деҳа обрӯи хоса дорад, зеро ягон тӯю маърака ва маросими ҳамдеҳагон бе ӯ намегузарад. Хола ҳамроҳи шавҳараш бобои Нур шаш фарзандро ба воя расонида, ба зиндагии мустақил гусел намуда, имрӯз дар сояи меҳри онҳо давлати пирӣ меронанд. Бо писари кенҷагияшон Ҳошим, директори мактаби деҳа ва аҳли оилаи ӯ дар ҳавлии бошукӯҳи зебояшон зиндагии осудае доранд.
Ин зани меҳрубон хайру саховаташро аз касе дареғ намедорад, хусусан чор ноқисулақли модарзоди кӯча - Орифу Дӯст ва Муроду Тоҷинисо аз шафқати модаронаи ӯ баҳраваранду ин зани меҳрубонро ба таври худ дӯст медоранд. Холаи Амонат, ки дар маъракаҳои деҳа кайвонӣ аст, пеш аз ҳама шиками ин нафарони беморро сер мекунад, ғайр аз ин тӯйдоронро маҷбур мекунад, то барои онҳо туҳфаяке бахшида, дили шикастаашонро шод кунанд. Хусусан Тоҷинисо, ки синнаш ба чил расидааст, аз гирифтани сарсӯзан, рӯймолча ё собунаке аз дасти арӯс он қадар хурсанд мешавад, ки як ҳафтаи дигар онро ба замин намемонад. Бархе холаро зани биҳиштӣ номанд, бархи дигар ҳамон шӯхии ирсияшон авҷ гирифта, чун дар тӯй ё маъракае Амонати раҳминро аз пушти девонаҳо овора бинанд, «Амонат и компания» гӯён, дилхушӣ мекунанд, вале холаи Амонат аз ин намеранҷад, зеро медонад, ҳамдеҳаҳояш аз рӯи меҳр ба ӯ лутф мекунанд.
Дарёи зиндагӣ дар маҷрои худаш равон буд, вале дар кӯча мусибати дигаре сар зад - арӯсаки бистрӯза - келини Усто-Умрон Сапеда ва домоди ба чиллаи писари кампири Холмоҳ - Ризо паривара шуданд. Аввалин шуда ба хабаргирии онҳо Холаи Амонат шитофт…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД