Мо низ дастархонро ҷамъ кардему хобидем. Нимаҳои шаб ман аз садои гиряи духтари Дилнавоз бедор шуда дидам, ки ӯ дар ҷойхобаш нест ва берун баромадам. Ӯро на дар ҳаммом ёфтаму на дар ҳоҷатхона. Дидам, ки шабчароғи хонаи хоби меҳмонон месӯзад, оҳиста-оҳиста ба он ҷо рафтам. Дилнавоз урён дар оғӯши шавҳари шумо мехобид.
Омадам, ки духтарак аллакай хобида буд. Дигар хобам набурд. Субҳ вақте Дилнавоз мисли гурбаи дузд ба хона даромад, худамро ба хоб задам, вале баъди рафтани шавҳари шумо дигар тоқат карда натавониста, ба ӯ гуфтам:
- Айб нест, ба хоҳарат хиёнат мекунӣ?!
Ӯ ба ҷойи шарм доштан гуфт:
- Э худозада, зунукатро гир, ки чунон туҳматат мекунам, ки худатро ба дор меовезӣ…
Пас аз омадани хушдоманам бе ягон гапу ҳарф кӯдакамро гирифта ба хонаи падарам омадам, зеро бо ин ҳаромҳо зери як бом зиндагӣ карда наметавонам.
Келинамон мегиристу гап мезад, вале ман гумон мекардам, ки ӯ ягон филмро нақл карда истодааст…
Заҳри хиёнат
Ҳушу ёдамро пас аз ин зарбаи қисмат базӯр ҷамъ кардаму ба келин гуфтам:
- Илтимос Заринаҷон, ин суханҳоро дигар ба касе нагӯй, ман туро боз мебинам.
Зарина аҳволи маро дида, гуфт:
- Апаҷон, сари ҳамин писари нозанинам қасам, агар ба касе забон кушода бошаму кушоям, шумо осуда бошед…
Ба хонаи дар пойтахт будаам омадаму ҳароратам баланд шуд. Тӯли ду моҳ бемори вазинин будам, духтурон ҳамаи инро заъфи асаб ташхис карданд. Аз ин ҳодиса як сол гузашт, ман муносибатамро бо апааму модарам дигар накардаам, Зарина дигар ба хонаи модарам барнагашт. Ман барои ӯ хонаи чорҳуҷрадор харидаму аз як ҷӯраи шавҳарам хоҳиш кардам, то ӯро дар корхонааш ба кор гирад. Зарина ғоибона донишгоҳ мехонад, ӯро ба тамоми муқаддасоти олам қасам додам, ки ин сирри нангинро ба касе нагӯяд.
Додарам зани нав гирифт, аз чашмони келин оташ мерезад. Ҳамсарам, ки акнун аз хук бадтараш мебинам, ҳамеша таърифи келини навамонро мекунаду хӯроку шириниҳои пухтаашро. Ман тахмин мекунам, ки ин палид аллакай бо келини нав низ «забон» ёфтааст, зеро ҳар дафъаи рафтанам модарам “раис ба келин ин туҳфа карду он туҳфа кард” гӯён, хушхабар мегирад. Ин ҳама ба Дилнавоз намефораду бинияшро инҷ намуда, мегӯяд, ҳо инашро ҳам эрка кардан гиред…
Шавҳарам имсол ҳам модарамро ба ҳаҷ фиристоданист, ту ҳам ҳамроҳи апаам рав мегӯяд ӯ, аммо ман ду бораш кифоя гуфта, рад кардам. Худамро таскин медиҳам, ки суханҳои Зарина дурӯғанд, вале ба муносибату нигоҳу ишоратҳои домоду хушдоман, янгаю қайсингил нигариста, шишаи боварам пора-пора мешавад…
Пайвандони ман ба хотири пулу давлату сарват виҷдону имонашонро сӯхтанд, ба табобати захми дили ман на табибони Ҳиндустон дармон ёфтанду на аз Олмон. Ман ин захми носурро ба гӯр хоҳам бурд…
ДИЛОСО
Таснифи Рухсора САИД