Ман ҳамсари марди сарватманде ҳастам. Чун аз хурдӣ ятим монда будем, ман ба хотири пулу молаш ишқи марди аз худам чандин сол калонро қабул кардаму барояш як писару як духтари заркокул ҳадя намудам.
Шавҳарам, ки аз ду зани пешинааш фарзанд надошт, модару апа ва додараки ягонаи маро низ чун гавҳараки чашмаш нигаҳдорӣ карда, чизеро барояшон дареғ намедорад. Додарам ҳоло дар яке аз корхонаҳои ҳамсарам кор мекунад, мошини зебои хориҷӣ дар таги пояш, тӯйи бошукӯҳе барпо карда, занаш низ додем. Келинамон духтараки хубест, вале аз рӯзҳои аввал ситорааш ба ситораи апаам рост намомад. Шавҳарам барои модарам ҳавлии бошукӯҳе сохту баъдтар дар ҳамсоягии ӯ барои апаам низ хонаи зебое харид. Модарам мегӯяд, ки ними пули ҳавлиро шавҳари апаам, ки коргари шавҳари ман аст, пардохтааст. Апаам худро хӯҷаини мутлақи хонаи модарам гирифта, бо келин баҳсу мунозираи зиёд мекунад. Натиҷаи ҳамин буд, ки додарам занашро бо як писарча талоқ дод.
Медидам, ки Орзуҷон барои писараш ғам мехӯраду аз апаам хафа аст, барои ҳамин бо шавҳарам маслиҳат карда, як рӯз ба хонаи волидони келин рафтам, мехостам келину додарамро оштӣ диҳам. Падари келин инсони хубе асту ба ман барои омаданам арзи сипос карда гуфт, ки ӯ низ тарафдори ободии хонаи духтараш аст. Келин наздам даромад, аввал ба дасташ як миқдор маблағ мондаму баъд нияти омаданамро гуфтам. Ӯ бо алам ба чашмонам нигариста, гуфт:
- Апаҷон, шумо инсони ниҳоят хуб ҳастед, бо ҳамин қадар давлату дороӣ ин қадар хоксору соддаед, шуморо истифода мебаранд, ба шумо хиёнат мекунанд, вале намедонед.
Дилам шуввӣ карду аз ӯ пурсидам:
- Ба ман кӣ хиёнат мекунад?
- Модару апаатон…
Нанги миёншикан
- Миёни ману апаи Дилнавоз маҳз барои шавҳари шумо ҷанг шуд. Шумо хуб медонед, ки ҳамсаратон ҳар гоҳи ба пойтахт омадан дар ҳавлии мо зиндагӣ мекунанд, ана дар ҳамин фурсатҳо ҳам модаратон ва ҳам апаатон ба ӯ як хизматҳое мерасонанд, ки…
Чанд бор дидам, ки хушдоманам ҳамсари урёни шуморо маҳс мекард. Ӯ пеш аз омаданаш ба модаратон занг мезанад, ки ин ё он таомро пазад. Мо мепазем, холаам кӯшиш мекунад, ки ману Орзуро шаби дар ҳамон ҷо будани шавҳари шумо ба ягон ҷо фиристад. Аввалин бор инро ба Орзу гуфта, чунон мушту лагад хӯрдам, ки то ҳол аъзои баданам дард мекунад. Ӯ мегӯяд модарам язнаамро мисли писараш дӯст медорад. Аммо бовар кунед, ин хел нест. Шавҳаратон бештар дар вақти набудани Орзу ба хона меояд (додарам понздаҳ рӯз кор мекунаду понздаҳ рӯзи дигар дар хона аст), чанд бори дигар субҳгоҳӣ аз ҳаммом якҷоя баромадани домоду хушдоманро низ дидаам…
- Ин суханҳоро ба касе нагуфтаам, зеро шуморо дӯст медорам,- гуфт бо гиря келинамон ва илова кард:
- Ҳамаи ин бас набуд, ки хоҳаратонро дар бистар бо шавҳаратон доштам…
Боре Орзу ва модаратон ба тӯйи як хешатон ба деҳа рафтанд, ман дар ҳавлӣ танҳо будам, Дилнавоз бо ду кӯдакаш барои ҳамроҳии ман омад. Нав сари дастурхон нишаста будем, ки модаратон занг зада гуфт, ки раис (модарам ҳамсарамро ҳамин гуна ном мебарад) меояду дастархон тайёр кунем. Дилнавоз даррав дасту остин барзада пайи пухтани хӯроки дӯстдоштаи ҳамсаратон - гулманту шуду ман дар фурсати кӯтоҳ дастархон оростам. Пас аз чанде ҳамсаратон омаду баъди тановули хӯрок муҳофизу ронандаашро ҷавоб дода гуфт, ки ман дам мегирам...
(Давом дорад)
ДИЛОСО
Таснифи Рухсора САИД