Formula novemver 2024
Қасоси маъшуқа (ҚИСМИ 2)
1844

Як рўз Умедҷон хеле хаставу маҳзун ба хона омаду дигар ба мо рўйи хуш намедод, ба хонаи худаш даромада, дарро мепўшид ва бо мо гап задан намехост.

Баъди як ҳафтаи зориву тавалло, ў асабиёна гуфт:

- Чаро шумо нагуфтед, ки падару модари ман нестед, ман бо модари аслиям вохўрдам ва ҳамин ки шароитҳояш хуб шуданд, ба назди ў меравам!

Гумон кардам, замин зери поям фурў рафт, чун ба худ омадам, шавҳарам болои сарам бо ранги канда менишаст. Умедҷон дигар хуб намехонд, ҳамеша назди модараш мерафт ва аз ману падараш хоҳиш мекард, ки барои модари ў, ки дар як идора фаррош асту дар хобгоҳе зиндагӣ мекунад, хона харида диҳем. Ман аз шавҳарам иҷозат гирифта, ба ҳамон хобгоҳ ба назди модари биологии писарам рафтам.

Дар як хоначаи тангу торик зани харобу сиёҳи бедандоне маро пешвоз гирифт.

- Шумо Меҳрубону модари Умедҷони ман… Медонед, ман маҷбур аз писарам даст кашидам, зеро дигар илоҷ надоштам, вале баъди ў панҷ шавҳар кардаму дигар рўйи фарзандро надидам. Донишгоҳро ҳам партофтам, падару модарам аз ман рўй гардонданд ва кайҳо дар ин дунё нестанд. Агар ҳамон зани накўкор, Хадича намебуд, ман аз писарам хабар намеёфтам, раҳмат ба ў. Писаракам он қадар меҳрубон будааст, ки маро бахшид,- гуфт модари биологии писарам, ки номаш Гулнора будааст. Ман бо ҳайрат ба ў нигариста, гуфтам:

- Шумо метавонед ба ман суроғаи Хадичаро диҳед?

Гулнора ҷойи кори зани «накўкор»-ро ба ман дод ва илова кард:

- Ман Умедҷонро аз шумо гирифтанӣ нестам, фақат иҷозат диҳед, ки бо ў дидор бинам.

Ман бо Гулнора хеле суҳбат кардам ва баъд ба ҷустуҷўи Хадича рафтаму аз ҷойи кораш ўро пайдо кардам. Ў бо нафрат ба ман нигариста, гуфт:

- Ҳа, сахт будааст?! Барои як ҳаромие, ки ким-кадом фаррош таваллуд кардааст, дилу ҷигаратро саг меканад, аммо барои ту шуда, фарзанди ман рӯи ин дунёро надида, аз олам рафт, ин магар сахт нест?!

- Чӣ хел?,- пурсидам бо ҳайрат.

- Ҳақиқатро донистан мехоҳӣ?!

Хадича аз ғазаб меларзид.

- Ман ба шумо чӣ бадӣ кардам?,- ҳеҷ ба маънии гапаш сарфаҳм намерафтам ман.

Хадича гапашро давом дода, гуфт:

- Саъдиҷони ту ду сол бо ман муносибати ошиқона дошт, вақте ки ҳомила шудам, ў маро маҷбур бурда, исқоти ҳамл кард, аз тарси он ки ту инро шунида, аз вай ҷудо мешавӣ. Бо айби шавҳари ту ман бефарзандам, дигар дар қади ман фарзанд пайдо нашуд. Ман солҳо боз пайи интиқом мегаштам ва ба ҳар роҳу восита модари писаратонро ёфтаму ҳама гапро ба ў гуфтам, ана шумо ҳам дарди маро дар ҷонатон эҳсос кунед!

Ман чанд рўз дар ҳолати шок қарор доштам, ҳамсарам ин занро девона мехонду мегуфт, ки ўро намешиносад. Хадичаро ба суд додам, ўро барои кушодани сирри фарзандхондӣ, ки ҷиноят ҳисоб меравад, ҷарима карданд. Бо азобҳои зор писарамонро ба роҳ даровардем, ў имрўз ҳам бо модараш вомехўрад, ба хонаву ману падараш дилаш боз гарм шудааст. Ман шаш моҳ боз бо асабонияти шадид мегардам ва зуд-зуд бемор мешавам.

Мақсадам аз навиштани ин қисса дар он аст, ки одамонро ба раҳму шафқат даъват намоям. Шояд Хадича рост мегўяду замоне маъшуқаи шавҳари ман буд, вале агар худаш намехост, шавҳари ман магар дасту пойи ўро баста, ба духтур барои исқоти ҳамл кардан мебурд?! Ин ҷо ману фарзандам чӣ гуноҳ дорем, ки барои гуноҳи кардаи Саъдиву Хадича бояд бадбахт бошем?!

Аз Худо тарсед, одамон!

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД