Бо ҳамсарам якдигарро дўст дошта, оиладор шудем. Ҳарду дар донишгоҳ нозукиҳои молия ва иқтисодро омўхтем ва баъди хатми донишгоҳ ба як коргоҳ ба кор рафтем.
Ману Саъдӣ ҳарду дар шаҳр дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, ба воя расида будем. Чун хостгорони Саъдӣ остонаи хонаи моро зер карданд, волидонам аз як нигоҳ онҳоро маъқул карданду розигӣ доданд. Тӯйи мо дар тарабхонаи овозадоре хеле бошукуҳ гузашт. Ману Саъдӣ ҳамдигарро сахт дўст медоштем ва атрофиён ба ин самимияту муҳаббат бо ҳавас менигаристанд, шояд чашми бад расид, ки…
Аз тўямон панҷ сол гузашта бошад ҳам, фарзанддор намешудем, даву тозу табобатҳоямон беҳуда буданд, ниҳоли муҳаббати бузурги мо бор намеовард. Хусуру хушдоманам ду духтару ду писар доштанд, апаҳои шавҳарам кайҳо шавҳар карда, ба қавле ба хонаву дари худ буданд. Навбати хонадоркунии додаршўям расиду мо бо маслиҳати хешу табор хонаву дарамонро ҷудо кардем, хонаамон дар бинои баландошёна дар яке аз мавзеҳои зебои пойтахт аст. Вақте ба хонаи худамон кўчидем, зиёдтар дар бораи фарзанд фикр мекардам. Бо Саъдӣ маслиҳат кардем, ки аз ятимхона тифлакеро ба фарзандӣ мехонем ва шояд бо пайи қадами ў Худованд ба мо низ аз хазинаи ғайбаш фарзанде ато намояд.
Дар зодрӯзи хусурам ба хонаи волидони шавҳарам рафтем. Чун аз мақсадамон гап кушодем, ҳама дастгириямон карданд. Бо Саъдӣ маслиҳат кардем, ки моҳи дигар рухсатии меҳнатӣ мегирему аз пайи амалӣ намудани орзуямон мешавем, вале нақшаҳоямон комилан тағйир ёфт.
Рўзи дигар апаи шавҳарам Зебохон, ки дар беморхонае ба ҳайси табиби занҳо кор мекарданд, занг зада гуфтанд, ки зуд ба таваллудхона биёед. Чун ба беморхона рафтем, фаҳмидем, ки духтараки ҷавони донишҷўе писарча таваллуд карда, аз ў даст кашидааст. Гуфтааст, ки падари фарзандаш бо ў никоҳ надошт ва вақте фаҳмид, ки ў ҳомила аст, ўро тарк кард. Духтарак аз тарси бадномӣ ва волидонаш, ки бо умед ўро аз деҳаи дурдасте ба хондан фиристоданд, аз тифлакаш даст кашида, забонхат низ навиштааст. Мо ҳама ҳуҷҷатҳои лозимаро тахт карда, писаракро ба тарбияи худ гирифтем.
Умедҷон ба хонаи сарду хомўши мо баҳор овард, ман ба рухсатии баъди таваллуди фарзанд баромадаму худро пурра ба тарбияи писарамон бахшидам. Модарам бо сад умеду армон гаҳвора овард, мо гаҳворабандон карда, ҳама хешу таборро даъват кардему армон шикастем. Ҳамсояҳоям маро хуб намешинохтанду гумон мекарданд, ки Умедҷонро худам таваллуд кардам, хешу табор бошанд, ба писараки ман чунон меҳрубон буданд, ки гумон мекардӣ аз банди ҷигари худашон аст. Писаракам рўз аз рўз қад кашида, донову зебо мешуд, мо ҳама умеду ормонамонро дар ў медидем. Умедҷонро ба литсеи бонуфузе гузоштам, ў бо баҳои аъло таҳсил мекарду дар озмунҳо ҷой мегирифт. Ҳангоми дар синфи ҳашт хонданаш ҳам аълохон буду ҳам дар варзиши гӯштин алакай пешрафтҳои хубе дошт. Ману падараш ҳама ҳастиямонро фидои бачаи талбидаамон мекардем, аммо…
(Давом дорад)
Рухсора САИД