Оилаи хушбахт
Салима ва Акрам якдигарро дӯст дошта хонадор шуданд. Аслан онҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар буданду бо амри тақдир як донишгоҳро хатм карда, ҳамдигарро маъқул кардаю баъди нею нестони зиёди волидон онҳоро ризо намуда, оилаи хешро дар сояи меҳру вафою ишқу сафо барпо намуданд. Азбаски зану шавҳар ҳарду дар пойтахт кор мекарданд, хонаеро иҷора гирифта, зиндагияшонро ба қавли маъмул аз сифр оғоз карданд. Чун кордону меҳнатдӯст буданд, дар як муддати кӯтоҳ соҳиби хонаи шахсии хеш гаштанд. Пайи ҳам тавлид гаштани тифлакони зебояшон ба зиндагияшон нуру зиё мебахшид.
Худованд ба ин оилаи хушбахт ду духтари заркокул ва як писараки дӯстрӯяк ҳадя намуд. Зану шавҳар рӯзу шаб кор мекарданд то барои фарзандонашон шароити мусоиде фароҳам оранд, хонаи дуҳуҷрагияшонро бо ҳавлии барҳавои зебо иваз намуда, пайи тарбияи фарзандон камари ҳиммат бастанд. Заҳматҳои зану шавҳар самари хуб оварданду Муслимаю Гулсима ва Аҳмадҷон хеле хуб ба воя расиданд. Духтарон ҳарду ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуданд, Муслима муаллимаи забони русӣ ва Гулсима муаллимаи забони хориҷӣ шуданӣ буданд. Азбаски духтарон одоби хубу ахлоқи ҳамида доштанд, хостгорон остонаи волидонашонро охурча мекарданд, вале….
Ҳарчӣ Худо хост..
Хостгорон меомаданду ноумед мерафтанд, зеро Акраму Салима мехостанд, ки духтаракони азизашон аввал соҳибкасб шаванду баъд ба шоҳроҳи ҳаёти оилавӣ қадам гузоранд, вале беҳуда нагуфтаанд: Ҳарчӣ Худо хост, ҳамон мешавад! Барои Муслима як ҳамсабақаш хостгорӣ омад, ки ҳамдеҳаҳои Акрам буданд. Волидони Амирҷон, Акрамро ба ҷону ҳолаш намонда, ҳатто ба хотири розӣ шудани ӯ барои писарашон дар пойтахт хонаи алоҳида хариданд. Муслима дар курси чорум мехонд, ки ба шавҳар баромад, зиндагии ҷавонон тинҷу осуда ва бисёр ширин оғоз ёфт, домод хусуру хушдоманашро мисли падару модараш ҳурмат мекарду рӯзҳои шанбею якшанбе ҳамеша дар боғчаи хусураш ба побелу нармкунии ҳотачаи назди ҳавлӣ машғул буд. Хусуру хушдоман низ Худоро шукр мегуфтанд, ки чунин ҷавони боақлу хирадманд насиби духтари зебояшон гаштааст.
Пас аз ба шавҳар баромадани Муслима аз омаду рафти зиёди хостгорон хаста шуда, волидайн Гулсимаро низ фотеҳа карданд. Домодшаванда дар курси охири факултаи ҳуқуқ мехонду Гулсима бошад, дар курси саввум. Алишер низ ба назар ҷавони бомаърифату фарҳангӣ метофт, писари ягонаи ҷуфти зиёие буд ва волидонаш одамони хуб буданд. Акраму Салима пеши волидони Алишер шарт гузоштанд, ки аввал Аҳмадҷони нав пушти партаи донишҷӯӣ нишастаро хонадор мекунанду баъд Гулсимаро ба хонаи бахташ гусел мекунанд ва онҳо ризо шуданд.
Тӯй болои тӯй
Тобистон фаро расиду Алишер донишгоҳро хатм намуда, дар корхонаи бонуфузе ба кор даромад. “Кори хайрро кашол додан лозим нест” гӯён, Акраму Салима низ духтари як шиносашонро барои Аҳмад хостгорӣ карданду келинашонро бо сад умед ба хона оварданд. Баъд тӯйи арӯсии Гулсима барпо гашт, аҳли нишаст ва пайвандони домод аз дидани кокулони марғулаву чашмони бодомӣ ва пӯсти гулобиранги садбаргии арӯс ба ҳайрат омада, Алишерро барои ёфтани чунин нозанин аҳсан мегуфтанд. Алишер аввал бо ханда ба атрофиён посух дод, ки ин нозанинро на ман, балки модараму холаам ёфтаанд, вале кирми рашк аз ҳамон сари тахт дар дилаш хона кард…
Деви сиёҳи рашк
Алишер аз рӯзҳои аввал бо Гулсима номеҳрубонӣ зоҳир мекард, ҳарчанд ӯро зиёдтар аз ҷонаш дӯст дорад ҳам, аз тарси «ба болои сарам набарояд», дӯстдорияшро нишон намедод. Волидони Алишер аз келинчаки хушқомату покизакори ҳунармандашон бисёр розӣ буданд. Зану шавҳар ҳарду дар донишгоҳ кор мекарданду рӯзи дароз дар хона набуданд. Гулсима бошад, субҳи барвақт онҳоро бо наҳории лазизу лутфу меҳрубонӣ гусел карда, бегоҳ бошад “хуш омадед, дадаҷон, асаллом очаҷон” гӯён, бо чеҳраи кушодаю дастархони пурнозу неъмат пешвоз мегирифт, аммо Алишер бо рашку киноя ва гапҳои дағалаш Гулсимаро зиқ мекард. Ин ҳама аз назари модари хонадон, Азизабегим дур намонду писарашро сахт сарзаниш кард, аммо ин ҳама дили рашкини Алишеро даво намебахшид.
Давом дорад