Як сарбози тоҷикро барои фирор аз артиш ба мӯҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Кароматулло Буракзода моҳи октябр ба аскарӣ рафтааст, вале сарбози ҷавон ҳатто як моҳ ҳам хизмати Модар-Ватан тоб наоварда, рӯ ба гурез мениҳад.
Ба иттилои Прокуратураи Генералии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми ноябр сарбоз Кароматулло Буракзода, ки ба тозагӣ ба аскарӣ рафта, дар яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ адои хизмат менамуд, худсарона маҳалли хизматро тарк кардааст. Тахминан баъди як ҳафта сарбози фирориро дар ҳоли дуздӣ дастгир намуданд. Рӯзи 17-ноябр ин аскари гуреза ба хонаи як сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ даромада, баъзе ашёҳои рӯзгор ва як миқдор пулро ба яғмо бурданӣ мешавад, вале ҳангоми баромадан ба чанги соҳибони манзил меафтад.
Додгоҳи ҳарбӣ Кароматулло Буракзодаро ба мӯҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум намудааст, вале сабаби фирори аскарбача аз қисми ҳарбӣ ва даст ба дуздӣ задани ӯ маълум нест.