Дирӯз марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон боз ноором гашта, байни марзбонони тоҷик ва қирғиз задухӯрд ба амал омад. Дар рафти тирпарронӣ аз ҷониби Тоҷикистон як нафар захмӣ гаштааст..
Тавре ки манбаҳои интернетӣ менависанд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон байни марзбонони ду кишвар шоми 12-уми апрел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи Вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат бо хабарнигорони “Азия-плюс” хабари нооромиро дар сарҳад тасдиқ намуда,гуфтааст, тирпарронӣ дар наздикии ҷамоати Хистеварз ва деҳаи Борбодуки Қирғизистон сар зада, аз ҷониби Тоҷикистон як нафар захмӣ шудааст. Сарбози захмишуда сержант Зоир Саидумаров, зодаи ноҳияи Дӯстии Вилояти Хатлон буда, аз мавзеи шикам ва қафаси синааш тир хӯрдааст. Табион сарбози захмиро ҷарроҳӣ намудаанд, вале ҳолаташ вазнин арзёбӣ мешавад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ҳодисаро расман шарҳ надодаанд, вале хадамоти марзбонии Қирғизистон марзбонони Тоҷикистонро дар вайрон кардани сарҳад гунаҳкор намуда, мегӯяд, аввал сарҳадбонони тоҷик ба сӯйи марзбонони қирғиз оташ кушодаанд
Айни замон вазъият дар марз ором карда шудааст.