Imon 2
АШКРЕЗӢ ДИЛРО ТАБОБАТ МЕКУНАД
11.06.2020
Р. Азимӣ
340

 

 

Вақте инсонро ғаму андуҳ фаро мегирад, атрофиён ашк рехтанро тавсия медиҳанд, зеро гиря кардан эҳсоси сабукӣ мебахшад. Ашкрезиро аз даврони қадим шифобахш мешуморанд.

Имрӯз илм инро собит намудааст. Табобат бо усули ашкрезӣ махсусан дар Ҷопон доман паҳн кардааст. Мардуми ин сарзамин аз даврони қадим дар назди мардум ашк рехтанро шармандагӣ меҳисобиданд. Дар бораи пурсабриву таҳаммулпазирии ҷопониҳо ривоятҳо хеле зиёданд, аз ҳамин хотир барои осон сохтани мушкили мардуми оддӣ «семинарҳои ашкрезӣ» ташкил карда шуд, ки дарҳол ба ҷопониҳо писанд афтиданд. Дар семинарҳои пулакӣ гурӯҳи одамон ҷамъ меоянд ва саҳнаҳои риққатоварро аз кинофилмҳо тамошо карда, мегирянд. Барои онҳо ғамангезтарин оҳангҳоро мешунавонанд, то оби чашмонашон ҷорӣ шавад. Одатан дар фоҷиаи нафари дигар гириста, одам ғаму андуҳи ниҳони худро пеши назар меорад ва ашк рехта, дилашро сабук месозад. Барои он ки гиря сабукӣ орад, инсон бояд тамоми дарду андуҳи худро ба забон оварда, бигиряд, то ки аз он раҳоӣ ёбад. Бадбахтона, на ҳама ин корро карда метавонанд. Аз њамин хотир стресс якҷоя бо ашк берун нашуда, инсонро дарун ба дарун мехўрад.

Гирёнчак дилкасал намешавад

Дар танҳоӣ зиёд ашк рехта намешавад. Дар ҳузури дигарон гиристан аз он ҷиҳат манфиатбахш аст, ки кӯшиши ором сохтан аз ҷониби атрофиён алами шахси гиря мекардаро зиёд месозад ва аз таҳти дил мегиряд. Ашкрезӣ рефлекторӣ ва эҳсосӣ мешавад. Гиряи рефлекторӣ пардаи луобии чашмро тоза ва ҳифз менамояд, масалан ба чашм хас дарояд, дарҳол оби дида ҷорӣ мешаваду чашм покиза мешавад. Имрӯз мо дар бораи дигар намуди ашк сухан меронем. Ашки табобатӣ ашки эҳсосӣ аст, маҳз ҳамин намуди оби дида одамро аз стресс ҳифз намуда, аз дарду ранҷ раҳоӣ мебахшад. Занҳо қобилияти хуби зуд-зуд ашк рехтанро доранд ва бо ин амалашон стрессро аз ҷисмашон бароварда, худро аз дардҳои гарон эмин нигоҳ медоранд.

Тавре олимон собит намудаанд, гирёнчакњо хеле кам аз бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он азият мекашанд. Ҳангоми ашкрезӣ мушакҳо суст гашта, тапиши дил оҳиста ва фишори хун муътадил мегардад. Дар натиҷа стресс ҷисмро раҳо месозад. Ба ақидаи олимон якҷоя бо ашк аз ҷисм як қатор моддаҳои зарарнок берун меоянд. Ашк дардро кам мекунад, зеро ҳангоми гирякунӣ ҷисм моддаи таскинбахши энкефалинро мебарорад.

Рафту сад дар сад муътақид бошед, ки ашкрезӣ усули шумо нест, ғамгин нашавед. Барои бо роҳи дигар рањої ёфтан аз буғзи дил боз њам аз ҷопониҳо ибрат гирифта, дурудароз ба тамошои табиати зебову дилфиреби кишварамон машғул шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД