Ёсуман дар даст ҷорӯб ба боғ дорамад. Дида ба баргҳои хазонгаштаи дарахтон дӯхт. Худро шабеҳи баргҳои хазондида дарёфт. Дилаш зиқ шуд. Чашмонаш ҳавзи об гашт. Айёми бачагию беғамӣ ба ёдаш омад. Он замон, ҳар гоҳ тӯдаи баргҳои хазонро медид, бо онҳо бозӣ карда, ба ҳар сӯ тунук мекард. Аммо имрӯз муносибати ӯ бо баргҳо дигар шудааст. Ҳоло бояд барои як бурдаи нони фарзандҳояшро ба даст овардан баргҳоро бирӯбаду ҷамъ бисозад.
Ёсуман дигар кӯдак нест, модари чор фарзанд аст, аз бекасӣ маҷбур аст субҳи барвақт фарзандонашро бо худ ба кор орад ва ҳар гоҳ ба рӯи онҳо менигарад, тақдири номаълумашон дилашро меларзонад. Ӯ ин субҳ низ ҷигарбандонашро ҳамроҳи худ ба кор овард. Онҳоро дар як гӯшае гузошту корашро оғоз намуд.
Бо ҳар ҷорӯбе, ки ба рӯи замин мекашид, гӯиё порае аз ғами худро мерӯфт, дарди дилашро андаке таскин мебахшид. Бо куртаи сабзгул ва рӯймоли кабуди абрешимӣ зари холисро мемонд, ки гӯиё дар кураи сӯзони зиндагӣ пухтаву бо дасти сахти сарнавишт суфта шуда бошад.
Ӯ зане буд соҳиби тамкину виқор. Соҳибҷамол не, вале ситорагарму дилкаш. Чашмони калон-калони сиёҳ дошт, ки басо ҷаззоб нишонаш медод. Бо ин вуҷуд ба чеҳрааш ғаме соя афканда, чашмони моил ба гиряашро хеле маҳзун нишон медод.
Фарзандонаш, ки тақрибан як-якунимсолӣ аз ҳам фарқ доштанд, ба рӯи замин нишаста, бозӣ мекарданд. Ёсуман ҳар гоҳе аз ҷорӯб задан бозистода ба сӯяшон менигарист. Ӯ барои онҳо заҳмат мекашад, ки гушнаю ташна намонанд, танашон пӯшида бошад...
Ёсуман банди андешаҳои мағшуш ва ё шояд хаёлоти тасаллобахш баргҳои хазонро рӯфта ҷамъ мекард, ки панҷаи қавии мардона аз банди дасташ дошт ва бе ҳеҷ муқаддимае ба дӯғу пӯписа даромад:
- Ба ман пул лозим, онҳоро дар куҷо пинҳон кардӣ?! Зуд бош, ҷойи пулҳоятро гап зан! Медонам, ки дирӯз маош гирифта будӣ!
- Ба ту дигар пул намедиҳам, мегирию арақ менӯшӣ! Маошамро барои кӯдакон руст кардам. Ба онҳо либос мехарам, вагарна сармо хӯрда, бемор мешаванд.
- Сармо хӯранд, хӯрдан гиранд,- ғазаби мард баландтар шуд,- ҷои пулро гап зан, зани нобакор!
Аммо Ёсуман таслим шуданӣ набуд. Пули бо арақи ҷабин ба даст овардаашро ба шавҳари майнӯшаш додан намехост. Шавҳар ин ҳолро дида, муште ба сари занаш фаровард, ки фиғонаш ба осмон дакка хӯрд.
Фарзандон фиғони модарро шунида, гирякунон ба наздаш омаданд. Якеаш пеши падарро гирифт, дигари пойи падарро бағал карда, илтиҷо намуд, то модарашро назанад. Сеюмӣ аз доду фиғони падар тарсида, зери дарахте худро пинҳон сохт...
Аммо мард чун гурги ваҳшии ба шӯр омада модарро як тараф монду ба писарбачаи хурдсолаш ҳамла кард. Ёсуман ба дифои фарзандаш бархост. Мард дастакзанон дашном дода, аз он ҷо дур шуд.
Модар фарзандонашро ба оғӯш гирифта, ашк рехт, ашки пур аз дард. Ӯ мегирист аз тақдири шӯр, аз қисмати талх. Аз зиндагии сахт, аз бемеҳрии меҳр. Бо рехтани ашки чашмони модар осмон ба риққат, насим ба ғурридан, раъд ба нолидан, абр ба гиристан даромад ва ба рӯи боғу фарзандону модарашон қатра-қатра ашк рехт.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА