Formula september
АШКИ МИЛЛИОНЕРИ ТОҶИК
10544


Раҳим Бобоҷонов, ки бо номи Раҳими ғармӣ машҳур аст, аввалин бор ба хотири аз даст рафтани ҷои кораш ашк резонидааст. Ӯ дар бораи муфлисшавӣ ва дастовардҳояш дар зиндагӣ дар мусоҳиба бо Dfilm.tj нақл кардааст.

Раҳими ғармӣ яке аз соҳибкори шинохтаи тоҷик мебошад, ки то аввалҳои моҳи июл дар Русия расман кор ва зиндагӣ мекард. Ӯ солҳои аввали корашро дар Русия ёдовар шуда, чунин мегӯяд:

“Соли 1996 аввалин бор ба шаҳри Красноярски Федератсияи Русия рафтам. Аз бозор корро оғоз карда, роҳу равиши зиндагиро дар кишвари рус ҳиста-оҳиста меомӯхтам, вале рӯзе соҳиби бозор омада гуфт, ки бозорро вайрон карда, дар ҷояш маркази савдои замонавӣ месозад. Ростӣ хеле руҳафтода шудам, намедонистам чӣ кор кунам. Ҳамон вакт бори аввал ашк рехтам, вале баъд худро ҷамъу ҷур кардам ва бо мурури замон мушкилиҳоро мардонавор пушти сар намуда, ҳамон маркази савдоро, ки тақрибан 200 мағоза дошт, пурра харидорӣ намудам...”
Раҳим Бобоҷонов дар боби шикасту рехтҳои зиндагиаш қисса карда, азобҳои кашидаашро дар барнома ошкоро нақл мекунад.

“Ман ҳам мисли дигар ҳамватанонамон хеле зиёд азоб кашидам ва билохира дар назди худ мақсад гузоштам, ки бояд вақтамро тақсим кунам ва ҳамин тавр ҳам кардам. Дар тиҷорат одам бояд ҷасур бошад ва ҳамеша ба пеш равад. Тиҷорат ҷасуриро талаб мекунад”-мегӯяд ин соҳибкори муваффақи тоҷик.

Раҳими ғармӣ соли 2008 муфлис шуда бошад ҳам, ӯро дӯстону наздиконаш дастгирӣ намуданд ва ин марди корчаллон тавонист дубора ба по бархезад.
“Пул инсонро дигар намекунад, пул кӣ будани одамро нишон медиҳад”-мегӯяд Раҳими Ғармӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД