Салому алейкум, хонандаҳои азиз. Ман ҳар рӯз аз номаву қиссаҳои ин сомона баҳраварам. Ман тақдири талхи худро барои шумо гуфтаниам. Дар рӯзи беҳтарини ҳаётам - тӯйи арӯсиам, падарам маро тарк кард. Худоё, ин лаҳзаи баду сиёҳро ҳатто ба душманам орзу намекунам.
Вақти гусел дар рӯзи тӯй падарам ашк рехт. Ман шӯхӣ карда, гуфтам, ки ҳамеша дар орзуи тӯйи арӯсии ман буданд, вале имрӯз мегирянд. Падарам маро ба оғӯш гирифтанду аз пешониам бӯсида, бо садои ашколуд гуфтанд, ки шавҳарамро эҳтиром намояму ин ашки шодӣ аст, ки духтар аз хонаи падар бо обрӯву фотиҳаи наздикон меравад. “Модари раҳматиат ба ёдам омад. Ба ту бахт мехоҳам, духтарҷон”,- дуо доданд он кас.
Ин лаҳза ман ҳам зор-зор гиристам, чунки модари ширини ман ҳанӯз дар вақти наврасии мо - ману бародарам тарки ин дунё карда буданду падарам, ки модарамро сахт дӯст медоштанд, дигар зан нагирифтанд, ҳарчанд ману бародарам борҳо маҷбурашон кардем.
Падарам ҳар субҳ бо як даста гули аз рӯи ҳавлӣ чидаашон ба сари қабри модарам мерафтанд, зеро ошиқи воқеӣ буданд. Қиссаи ошиқиашон ҳам аҷиб аст. Модарам дар беморхона ба ҳайси табиб кор мекарданду падарам бемор шудаанд, онҳо бо як нигоҳ ба ҳам ошиқ шудаанд. Модарам дар синну сол аз падарам 5 сол калонтар буданд, аммо онҳо чунон якдигарро дӯстдорӣ мекарданд, ки мо фарзандон ҳайрон мешудем. Падарам баъди марги модарам зуд пир шуданд. Рӯзи тӯйи арӯсиам маро то дами дар гусел карданду сипас ашки чашмонашро пок карда, хостанд, ки соҳиби набераи бисёр шаванд, вале...
Субҳи рӯзи дигари тӯй маро шавҳарам оғӯшкунон бедор карданд. Чашмонашон ҳазин буд. Тарсидам. Он кас гуфтанд, ки худамро ба даст гирам, чун падарам ҳам аз мо рафтанд. Дунё дар назарам торик шуд. Ман аз ҳуш рафтам. Чун ба ҳуш омадам, худро дар хонаи падар дидам, ки болои сарам додаракам ҳунгосзанон гиря мекард.
Ба ман нақл карданд, ки падарам ҳамон субҳ бо гулдаста ба сӯйи қабри модарам рафта истодаанд, ки дар байни роҳи калони мошингарди наздикии қабристони Сариосиё ронандае ӯро зер карда, гурехта рафтааст. Шоҳидони воқеа гуфтанд, ки падарам ҳамагӣ ним соат зинда монданду фақат номи модарамро ба забон гирифтаанд.
Мани наварӯс ҳанӯз шаби васлро надида, мотамдор шудам. Дигар арӯсиам зебам намедод. Бинобар ин, либосҳои арӯсиро ба сандуқ гузоштам. Пеши чашмонам танҳо ашки охирини падарҷонам намоён буд.
Аз байн се сол сипарӣ шудааст. Вале ашки чашмони падарам, ки дар вақти гусел ба хонаи бахтам рехта буд, пеши дидагонам доимо ҳувайдост. Тақдиру сарнавиштам ҳамин будааст. Шукри духтарчаву наздиконам, аммо доғи падар маро месӯзаду месӯзонад. Раҳоӣ аз ин дарди бедаво номумкин аст.
Барои тамоми нафароне, ки падарашонро аз даст додаанд, сабр мехоҳам. Равонашон шод бод!
Бо эҳтиром, Барноз АЛИЕВА, сокини шаҳри Душанбе