arzon replenishment
Ашки ҳасрат қисми 3
1627

Қисмҳои якум ва дуюмашро аз ин ҷо хонда метавонед.

Давомаш ...

Ҳафт шабу ҳафт рӯз мардуми қишлоқ, хешу табори дуру наздик, рафиқони домод тӯйхӯрӣ карданд. Саодат бад аз як ҳафтаи тӯй саҳар барвақт хеста, баъди рӯбучини ҳавлӣ либосҳояшро иваз карда, барои ба дарс рафтан тайёрӣ дид. Аз сабабе, ки Фирӯз аз хоб нахеста буд, ба хушдоманаш муроҷиат карда гуфт:

- Холаҷон, ман ба дарс меравам.

- Чӣ? Ба хондан рафта истодаӣ? – гӯён, холаи Махфират ба хонаи хоби Фирӯз ишора кард.

- Не, холаҷон, он кас хобанд.

- Э тавба, хоб бошад, то аз хоб бедор шуданаш мунтазир шав, охир вай шавҳарат, бе иҷозати ӯ ту ҳуқуқи аз ин ҳавлӣ баромаданро надорӣ!-гуфт холаи Махфират ва ба хонаи худ даромад. Саодат мобайни ҳавлӣ ҳайрон монд, ки чӣ кор кунад.

Аз роҳаш баргашта, ба хона даромад. Ба соати девории хонааш нигариста дид, ки аллакай ба дарс дер шуда истодааст. Шавҳарашро бедор карда, мақсадашро баён кард.

- Ман зан нагирифтаам, ки дар кӯчаҳо худро ороставу пероста карда, раваду биёяд. Ҳамин қадар хондӣ бас, олима намешавӣ, акнун дар хона шин,- гӯён Фирӯз рӯяшро ҷониби девор гардонда хоб рафт.

Саодат аз алам месӯхт. “Ваъдаи онҳо чӣ шуд? Барои чӣ маро фиреб доданд? Охир, танҳо ба ҳамин шарт ба тӯй розӣ шудам, ки хонданамро давом диҳам. Пас, ман дар назди шавҳарам ва хонаводаи ӯ ҳеҷ қадру қимате надорам? Барои чӣ хоҳиши ман барои ӯ ҳеҷ аст?” ин саволҳои беҷавоб дилашро месӯзонданд. Базӯр худро ба даст гирифта, аз моҷаро худдорӣ намуд. Соатҳои даҳи рӯз шавҳараш аз хоб хеста, наҳорӣ талаб кард. Саодат бо табъи хира ба назди Фирӯз дастархон партофт.

- Чӣ қошу қавоқатро ранги абри тира овезон карда, дар рӯи ҳавлӣ мисли зоғи сиёҳ мегардӣ? Ё мехоҳӣ тезтар аз ҳавлӣ баромада, хондан баҳонаву ҳамроҳи ҳамсабақон ба тамошо равӣ? Шояд ягон кас дар назди мактаб интизор аст, ки дилат мехоҳад ба кӯча равӣ? Ҳа, чӣ ранги ҳайкал шах шуда мондӣ, канӣ ба саволҳоям ҷавоб деҳ!

Саодат аз шавҳараш, ки ҳамагӣ ба зиндагии занушавҳариашон як ҳафта шуда буд, чунин суханҳоро интизор набуд. Дар ҳафтаи аввалини зиндагӣ чунин суханҳоро шунидан осон набуд. Дар ин лаҳзаҳо Саодат худро ба гули берангу бӯйи бо гузашти замон аз дасти нохалафе аз баргу бех ҷудову ба хок яксон гардида меҳисобид. Мехост дод занад, фарёд гӯяд, вале мададгоре набуд, ки ӯро аз роҳи ноумедӣ умедвор кунад.

Саодат намехост, ки суханони ғазаболуду дағали шавҳарашро шунавад, аз ин рӯ, ба хонаи хоб даромада, худро болои рахти хобаш партофту бо дарду алам ашк мерехт, ашки ҳасрат. Қатраҳои ашкаш рухи гулгунашро шуста, ба лабонаш майл кард.

Саодат шӯриро чашида, аз ҷояш тез бархест. Қатраҳои ашки шӯр ба доманаш рехтанд. Ӯ ба андеша рафт, «ана барои чӣ духтарон ва занон ашки ҳасрат мерехтаанду шӯрдоман мегуфтаанд». Саодат худро тасаллӣ медод, ки не, ӯ ашки ҳасрат намерезад, ҳеҷ гоҳ ашки ҳасрат рехта, шӯрдоман шуданӣ нест. Ба худ мегуфт, ки ҳамаашро ба модарам мегӯям ва пагоҳ ба дарс меравам, хонда духтур мешавам…

Бегоҳӣ модараш барои Саодатро дидан бо як табақи калони самбӯса даромада омад.

- Биёед қудоҷон, биёед,- гуфта, хушдомани ӯ меҳмонро ба хона хонд, вале - уф ин қудои ман ҳар рӯз дар ҳамин ҷост,- гуфта, бо садои паст киноя зад.

- Не қудоҷон, болои сурфа мешинем, ин ҷо ҳаво тоза, баъд ман ҳам вақти зиёд надорам, корҳоям аз мӯйи сарам зиёданд,- гуфта, серкориашро баҳона кард холаи Махфират, - Саодатро ёд кардам, духтари калон шуда буд, доим дар барам буд. Акнун чизеро гум кардагӣ барин дар рӯи ҳавлӣ гаранг-гаранг мегардам. Имрӯз духтарро бе падар калон кардан мушкил будааст. Худоро шукр, бо обрӯ тӯй кардани духтарам ба ман муяссар шуд,- модари Саодат бо нӯги рӯймол ашки чашмонашро тоза кард.

Саодат шукргӯии модарашро дида, нахост ӯро ғамгин созад. Охир, модари танҳо бо чӣ азобҳо онҳоро калон карда буд. Азбаски зани ҳунарманд ва чевар буд, дар тамоми маъракаҳои деҳа нону самбӯса, ба келину домодон кӯрпаю кӯрпача, болишту ҷома ва тоқӣ медӯхт. Аз ҳисоби кораш ҳар чизе, ки медоданд, ба хона оварда, фарзандонашро хоршавӣ намемонд. Ҳар бегоҳӣ дар касалхонаи деҳа фаррошӣ мекард. Баъзан аз он ҷо низ луқмае барои фарзандонаш меовард.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД