Arzon march 2024
Ашки ҳасрат
1924

Шаб буд. Ба ғайр аз шир-шири ҷӯйчаи назди ҳавлӣ ягон чиз сукунати атрофро халалдор намекард.

Малоҳат оҳиста аз ҷойи хоб хеста, кӯрпаи болои фарзандонашро дуруст намуду ба берун баромад. Табиат низ ба мисли Малоҳат гӯё мотам дошт магар, ки осмонро абрҳо печонида гирифта, ситорае намедурахшид. Малоҳат нафаси чуқуре кашида, боз ба осмон назар кард. Чанд ситораҳоро дид, ки аз паси абри сиёҳ базӯр намуддор мешуданд. Ҳарчанд дар байни ситораҳо ситораи худро меҷуст, аммо…

Замоне дар хонаи падар шабҳои тобистонро бо апаҳояш болои кати рӯи ҳавлӣ рӯз мекарданду ҳар кадомашон аз байни ситораҳо ситораи худро интихоб намуда, ҳазлу шӯхӣ мекарданд. Аз ҳама ситораи дурахшонро Саодат интихоб намуда, роз мегуфт…

Саодат баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи тиббӣ супорида, аз имтиҳони қабул хуб гузашту донишҷӯ шуд.

Ӯ орзу дошт таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббӣ давом диҳад, аммо тангии рӯзгор барои ба шаҳр рафта, таҳсилро давом додан имкон надод. Зеро баъди марги падар кашидани бори зиндагӣ танҳо ба дӯши модар буд

Модараш бо нафақаи ночизаш наметавонист ӯро ба шаҳр фиристад. Худо ба ҳамсояашон Нуралӣ, ки девор дар миён зиндагӣ мекарданд, баракат диҳад, ки модари Саодат Малоҳатро наздаш хонду ба сифати фаррош дар беморхона ба кор гирифт.

- Ҳамсояҷон, агар маълумот медоштед, фаррош нею ҳамшираи шафқат мешудед! -гуфт Нуралӣ, -дар ин вақт аробаи зиндагиро кашидан ба шумо осон мешуд. Охир, ҳозир мардҳо базӯр оиларо таъмин мекунанд, шумо бошед, дар танҳоӣ азоби дучанд мекашед. Барои ҳамин гапи маро гиреду монед, ки Саодат рафта, дар мактаби олӣ таҳсил кунад.

Зоҳир, писари сардухтур бо Саодат ҳамсинф буданд. Доимо дар дарсҳо бо ҳам мусобиқа доштанд, дар саволу ҷавобҳое, ки муаллимон ташкил мекарданд, Саодат нисбати Зоҳир бартарӣ нишон медод. Фанҳои кимиё, биология ва забони русиро бештар мехонданд, зеро падар ба онҳо насиҳат карда буд, ки ин фанҳо барои ба Донишкадаи тиббӣ дохил шудан бештар лозиманд. Ҳамзамон аз муаллимашон дарсҳои иловагӣ мегирифтанд. Боз ба хонаи муаллим рафта, ба корҳои рӯзгор ба ӯ ёрӣ мерасонданд ва соате сабақ гирифта, ҳарду ба хона бармегаштанд.

Яке аз муаллимон қобилиятҳои Саодатро дида, ба ӯ чунин гуфт:

- Саодат, ту албатта хонданро давом деҳ, ғуломи зиндагӣ нашав, дар чордевор худатро хору зор накун. Агар маълумот ва ҳунар дошта бошӣ, ҳама атрофиён ҳурматат мекунанд.

Аз ин суханони пандомези муаллим Саодат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо Зоҳир ҳарду қарор доданд, ки ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуда, духтур мешаванд.

- Ман дасти дардманди модарамро табобат мекунам, - орзу мекард Саодат.

- Ман бошам, ҷойи падарамро гирифта, сардухтур мешавам,- ҳазл мекард Зоҳир.

Рӯзе Зоҳир ҳамроҳи падараш ба шаҳр барои супоридани ҳуҷҷатҳояш раҳсипор гашта, пеш аз сафар ба назди Саодат рафта, бо дӯсташ хайрухуш кард:

- Саодат, бори дигар фикр кун, биё якҷоя ба пойтахт меравем, илтимос ганҷи донишро ҳайф накун, охир на ҳама чунин босавод ҳастанд.

 Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД