Идомааш ...
Аввалашро аз ин ҷо хонда метавонед:
- Зоҳир, ту медонӣ, ки ин хоҳишро ман ҳам дар дил дорам, аммо афсӯс, ки… Аз худат ҷойи пинҳон нест, аз як тараф дасти норасо, аз тарафи дигар модари танҳоям,- гуфт Саодат.
Ӯ то поёни қишлоқ Зоҳир ва амаки Нуралиро гусел карду то омадани автобус дудила шуда, ба Зоҳир менигарист. Зоҳир бо падараш дар автобус нишастанду автобус ҳаракат кард. Вале Саодат ҳамоно дар ҷое, ки буд, аз қафои онҳо нигоҳ мекарду мегирист. Баъд оҳиста-оҳиста ба хона баргашт.
Пагоҳӣ Саодат чун ҳамарӯза ҳавлиро тоза рӯфт. Модари ӯ ягона гови ҷӯшоиашро берун аз дарвоза бароварда, ҳамроҳи подаи қишлоқ, ба тарафи чарогоҳ равон карду вақти бозгашт дар сари қишлоқ бо ҳамсояашон холаи Майсара дучор омада, аҳволпурсӣ кард.
- Ҳама мегӯянд, ки дирӯз Саодат аз пушти бачаи сардухтур сару пойи луч гиря карда, то поёни қишлоқ рафтааст? Тавба кардам Худо. Эҳтиёт шав! Духтари бе падар боз шарманда накунад...
Холаи Малоҳат қаҳролуд ба сӯи холаи Майсара чашм ало карду ҳеҷ чиз нагуфта, ба хонааш баргашт. Ба ҳавлӣ даромадан замон ӯро духтараш пешвоз гирифт.
- Очаҷон, чой дам кардам, ширбиринҷ ҳам тайёр шуд,- гуфта, Саодат модарашро ба наҳорӣ даъват намуд.
- Саодат, духтарҷонам, бисёр ғам махӯр, духтури калон нашудӣ, духтури хурд мешавӣ. Ана дар маркази ноҳия коллеҷи тиббӣ кушода шудааст. Ба он ҷо дохил шуда, касб меомӯзӣ. Ман ҳам бехавотир аз гапу калочаҳои бемаънии мардум мегаштам.
Афсӯс орзуҳои Саодат амалӣ нагаштанд. Ва сабабгори ҳамаи ин Фирӯз буд, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ ҷавони қоматбаланди хеле зебо шуда буд. Ҳар рӯз пеши роҳи Саодатро гирифта:
- Саодат, ин қадар духтари зебо шудаӣ. Қаду қомати мавзун ва чашмони меҳрогинат маҷнунам кард. Бароят чӣ кор кунам, ки тарафи ман нимнигоҳ кунӣ? – гуфта, гап мезад.
Саодат ба суханони фиребу манманиҳои Фирӯз аҳамият надода, роҳашро давом медод. Фирӯз дид, ки бо ин роҳ дили Саодатро ёфта наметавонад, хоҳиши бо Саодат буданро пеши падару модараш иброз кард.
ҚИСМИ 1
Падару модар аз интихоби писарашон бисёр хушҳол шуданд. Зеро оилаи Саодатино дар қишлоқ ҳамчун як оилаи намунавӣ шинохта мешуд. Волидайни Фирӯз амаки Миралӣ ва холаи Махфират дастархон баста, ба хонаи холаи Малоҳат ба хостгорӣ рафтанд.
Модари Саодат меҳмонҳоро хуб пазироӣ намуд.
- Ҳамсояҷон, мо ба даргоҳи шумо бо нияти хайр омадем гуфта, - суханро оғоз кард амаки Миралӣ ва дақиқае ба рӯи модари Саодат нигариста, суханашро идома дод.
- Фирӯзҷон духтари шуморо дида, маъқул кардааст ва аз мо хоҳиш кард, ки ба хостгорӣ биёем. Агар шумо розӣ бошед, кори хайрро ба ақиб нагузорему ба тӯй омодагӣ бинем.
- Хуш омадед, ҳамсояҷон, нури дида тоҷи сар. Аз омаданатон хеле шоду хушбахтам, ки Худованд духтари маро низ ба ҳамин рӯз расонд. Аммо худатон медонед, ки ман панҷ фарзандро танҳо калон кардам. Раҳматии падарашон орзуву ҳаваси фарзандонашро надида, бо ин дунё падруд гуфтанд. Ман чӣ ҳам мегуфтам, агар духтарам розӣ бошад, зид нестам,- гуфт холаи Малоҳат.
Меҳмонҳо бо табъи болида аз хонаи холаи Малоҳат баромада рафтанд. Модар духтарашро ба наздаш хонду дар ин бора гап кушод.
- Духтарам, ҳамсоя ба хостгории ту омадааст. Фирӯз дар пеши мо калон шуд, бачаи боодоб аст, ана хизмати ҳарбиро низ адо карда омад. Агар розӣ бошӣ, тӯй кунем. Тарбия кардани духтари бепадар бисёр мушкил духтарам, мехоҳам бо обрӯ тӯю тамошо карда, туро хонадор кунам. Ту розӣ ҳастӣ?
- Модарҷон, ҳоло нияти хонадор шуданро надорам, мехоҳам хонда, духтур шавам, шумо тез-тез бемор мешавед, мехоҳам шуморо табобат кунам. Шавҳар кардан намегурезад. Охир, Фирӯз маълумоти олӣ ё ягон касбу ҳунар надорад. Баъд зиндагии оилавиро чӣ хел пеш мебарад?- гуфта, бо сари хам мегиристу норозигиашро такрор ба такрор баён менамуд.
Хостгорҳо ҳар рӯз омада, холаи Малоҳатро ба ҷону ҳолаш намемонданд. Хешу ақрабо ҳам дар байн даромада, «духтари қадрасро дар хона чӣ дошта мешинӣ, хонадор куну хотирҷамъ шин!» гӯён, холаи Малоҳатро насиҳат мекарданд. Оқибат холаи Малоҳат аз духтараш хоҳишу илтиҷо намуд, ки ба тӯй розӣ шавад.
- Модарҷон, ман ба шарте розӣ мешавам, ки ҳеҷ кас ба хондани ман монеъ нашавад, - гуфт гиряолуд. Қудоҳо ба шарти Саодат розӣ шуданд.
- Бигзор хонад, ман дар хона ду келин дорам, ки аз онҳо ба келини хурдӣ кор ҳам намемонад,- гуфт холаи Махфират.
Масъала ҳал шуд ва тарафҳо ба тӯй тайёри медиданд. Ҳарчанд калоншавандагони деҳа оида камхарҷ гузаронидани тӯй ба амаки Миралӣ гуфта буданд, аммо ӯ кори худро кард…
- Тӯй тӯйи ман аст, барои обрӯи худаму писарам шуда, қарз гирифта тӯе мекунам, ки мардум ангушти ҳайрат газанд,- гуфт Миралӣ дар масҷиди қишлоқ.
Давом дорад ...