formula
Ҷасади сӯхтаи тоҷик дар Санкт-Петербург
2340

Дар зеристгоҳи ноҳияи Приморскии шаҳри Санкт-Петербург ҷасади сӯхтаи як шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст. Тибқи баъзе маълумотҳо ин м уҳоҷири сӯхтаи тоҷик 37-сол доштааст, вале ному насаби марҳум ошкор карда намешавад...

Ба иттилои Sputnik ҷасади сӯхтаи ин марди муҳоҷир дар қисмати шимолии шаҳри Санкт-Петербург дарёфт шудааст. Дар хабар омадааст, ки марди дар коми оташ ҷондода шаҳрванди Тоҷикистон буда, соли таваллудаш 1983 мебошад. Ҷасади ин марди муҳоҷирро аз назди зеристгоҳи ноҳияи Приморски Санкт-Петербург пайдо кардаанд. Тахмин меравад, ки ин ҷавонмарди тоҷикро барқ зада куштааст, вале сабабҳои сар задани ин ҳодиса то ҳол ба пуррагӣ таҳқиқ карда нашудаанд. Маълум нест, ки марҳум корманди ҳамин зеристгоҳ буд ё не.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД