Зуд худро ба истгоҳ расонидаму интизори автобус будам, ки аз қафоям ҳамон марди дар пуштамон нишаста маро дарёб кард.
Мард дастамро дошту дар кафи дастам коғазеро гузошта гуфт:
- Духтари нағз, ана ин саддоларро гиреду ба Сафеддара равед.
- Шумо девона ку нестед,- гуфтам бо қаҳр, аммо ў оромона гуфт:
- Не, ман қарзамро медиҳам.
- Шумо аз ман қарздор нестед,- гуфтам бадтар асабӣ шуда, аммо ў бо ханда илова кард:
- Ман мехоҳам таърихи ин қарзро ба шумо нақл кунам, он хеле кутоҳ аст ва вақти шуморо намегирад. Ман замоне ба нохушиҳои зиёде гирифтор гаштам, тиҷоратам касод шуд, ба садама гирифтор шуда, саломатӣ ва мошинамро аз даст додам. Занам аз ман ҷудо шуда, тариқи суд хонаамро кашида гирифт. Дар кўча мондам, дар хонаҳои дўстон зиндагӣ мекардам, баъди чанде онҳо аз ман хоҳиш мекарданд, ки баромада равам, ба кӣ одами зиёдатӣ даркор аст? Аммо ман ба мушкилиҳо тан надода, худро ба ҳама кор мезадам, шабамро асосан дар вокзал рўз мекардам. Мехостам тиҷорат кунам, аммо пул надоштам. Як рўз дар ҳамон истгоҳе, ки шабҳо мехобидам, бо марде вохўрдам ва аз гап гап баромаду ҳама зиндагиямро нақл кардам. Ў аз ҳамёнаш сад доллар бароварда, ба ман дод ва он пул зиндагии маро ба куллӣ дигар кард. Ман аз сақичфурўшӣ оғоз кардам, оҳиста-оҳиста асбоби шарбаттайёркунии дастие харида, шарбат тайёр карда мефурўхтам, бо азоб тиҷоратамро барқарор кардам. Ҳамон рӯз марди ношинос ба ман пул доду ман шарм дошта нагирифтам, аммо ў гуфт, ки ин қарз аст дар гардани ту, замоне расид ту ҳам ба нафаре онро медиҳӣ. Самад (мард худро ҳамин хел муариффӣ кард) инро гуфту маро ба мошини қимматбаҳояш шинонда, то ҷойи корам овард. Ман аввал ба бонк рафта санҷидам, ки доллар қалбакӣ набошад. Баъд писаракамро назди модарам монда, ба Сафеддара рафтам. Панҷ рўз аз таҳти дил истироҳат ва лижаронӣ кардам, дар он ҷо бо хонуми сарватманде шинос шудам, ки чанд сехи ширинибарорӣ дошт ва маро ҳамчун муҳосиб ва ёрдамчӣ ба кор даъват кард. Дар як муддати кўтоҳ бо ёрии ин зани накўкор сехи қаннодии худро кушодам ва ҳоло соҳиби хонаву дар, мошин ва шавҳари хубе ҳастам, ки аз никоҳи пешинаш фарзанд надошт ва писари маро фарзандхонд карда гирифт. Ба қарибӣ духтаракамон Шоҳина таваллуд шуд…
Чанд рўз пеш назди духтури дандон рафтаму он ҷо шоҳиди гуфтугўи ҷавоне шудам, ки телефонӣ бо модараш ҳарф мезад.
- Ҳо очаҷон, ман хубам, бале, ҳар рўз хўроки гарм мехўрам, бад не, ҳама чиз мерасад,- писарак телефонро хомўш карду ба каси дигар ҳамсўҳбат шуд:
- Насимҷон, метавонӣ дар картаи ман сад сомонӣ партоӣ?! Ман аз ҷойи кор рафтам, зеро аз дарс дер мемондам, кори сабуктар ёбам, албатта қарзатро мегардонам, илтимос, ҷўра…
Намедонам аз он сўйи гўшӣ чӣ ҷавоб буд, ки ҷавон оҳи сард кашид. Ман назди духтур даромада баромадаму дар берун ҷавонро мунтазир шудам, чун ў андешаманд берун шуд, наздаш рафтам ва ба кафаш ҳазору панҷсад сомонӣ гузошта, гуфтам:
- Гиред ва фаромўш накунед, ки ин қарз аст, ягон рўз шумо ҳам ба як нафари корафтода ёрдам мекунед.
Ҷавон аввал нею нестон кард, чун ман таърихи ин қарзро ба ў гуфтам, “ташаккур апаҷон” гўён, аз наздам дур шуд.
Ана ҳамин гуна сюрпризҳо дорад тақдир…
САФИНА
Таснифи Рухсора САИД